ГОВЗИРА (Bunium chaerophylloides), гиёҳест хушбӯи бисёрсола. Баландиаш 30 – 70 см. Баргаш паршакл. Моҳи апр. гул карда, моҳи май тухм мебандад. Дар тибби халқӣ бо тухм ва лӯндакрешаи Г. дарди санги гурда, пешобдон, песӣ (витилиго) ва захми даҳонро муолиҷа мекунанд. Г. мисли зира дар байни мардуми машриқзамин бо хушбӯии худ маъмул аст. Дар Тиёншони Ғарбӣ ва Помиру Олой вомехӯрад. Дар ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи бешаи паҳнбарг, нимсаванна ва арчазори қ-кӯҳҳои Зарафшон, Туркистон, Қурама, дар мавзеъҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ дучор меояд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Помпео бо вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон гуфтушунид мекунад
Котиби давлатии ИМА – Майкл Помпео эълом дошт, ки музокирот рӯзи 23 октябр баргузор мешавад. …