Архивы за день : 20.12.2017

БЕРДИЕВ Рустам Намозович

berdiev_r-n

БЕРДИЕВ Рустам Намозович (тав. 8. 02. 1975, ш. Душанбе), ҷарроҳи асаб, доктори илми тиб (2006), барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ (2009). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1997). Ходими хурди илмӣ (1991 – 93) ва корманди Маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу раг ва қафаси сина (1994 – 97). Ординатори клиникии кафедраи …

Муфассал »

БЕРЁЗКИН Николай Фёдорович

images

БЕРЁЗКИН Николай Фёдорович (1898, ш. Маскав – 1958, ш. Душанбе), ҷарроҳ, доктори илми тиб (1942), проф. (1947), узви вобастаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1951), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1951). С. 1921 факултаи тиббии Донишгоҳи давлатии Маскавро ба итмом расонда, ҳамчун ҷарроҳ дар беморхонаҳои Маскав кор кардааст. С.-ҳои 1932 – 1935 …

Муфассал »

БЕРИ-БЕРИ

beriberi

БЕРИ-БЕРИ, авитаминози В1, полиневрити ғизоӣ, бемориест, ки ҳангоми дар организм кам будани витаминҳои гурӯҳи В, хусусан тиамин, сар мезанад. Дар мавриди беморӣ фаъолияти силсилаи дилу рагҳо халал меёбад, тан лоғар шуда, варам мекунад. Солҳои пеш он дар мамолики Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ бисёр ба мушоҳида мерасид. Сабаби маризӣ истеъмоли зиёди …

Муфассал »

БЕРНАР

bernar-klod

БЕРНАР (Bernard) Клод (12.7.1813, Сен-Жюлен, наздики Вилфранш – 10.2. 1878, Париж), физиолог ва патологи франсавӣ, яке аз асосгузорони физиологияи муосир ва патологияи таҷрибавӣ, аъзои АИ дар Париж (1854). С. 1839 Донишгоҳи Парижро хатм карда, дар лабораторияи Ф. Мажанди ба кор шурӯъ кард, с. 1854 дар донишгоҳи мазкур роҳбари кафедраи физиологияи …

Муфассал »

БЕРУНӣ

biruni

БЕРУНӣ Абӯрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Хоразмӣ (4. 9. 973 Кот, Хоразм – 11. 12. 1048), алломаи бузурги машриқзамин. Асосҳои илмро дар зодгоҳаш назди Абӯнасри Мансур шогирди Абулвафои Бузаҷонӣ (940 – 998) меомӯзад. Б. забонҳои хоразмӣ, дарӣ, арабӣ, суғдӣ, сурёнӣ ва юнонию санскритро азхуд намуда, ба қисме аз онҳо асарҳои илмӣ …

Муфассал »

БЕХ

allochrusa

БЕХ, Allochrusa (Acanthophyllum) gypsophiloides, бехдору, бехи сафед, нишоллобех, гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 80 см қад мекашад. Пояаш сершох, баргаш нештаршакл, гулаш майдаи сафед ё гулобӣ, ғузааш байзашакл. Моҳҳои май – июн гул карда, июл – сент. тухм мебандад. Одатан, дар дашту биёбон, нишебиҳои кӯҳ ва теппаҳо мерӯяд. Дар Тоҷикистон …

Муфассал »

БЕХОБӣ

bessonnica

БЕХОБӣ (Asomnia), бедорхобӣ, камхобӣ, ҳар гуна бенизомии хоби шабона (набурдани хоб, cаҳархезӣ, зуд-зуд бедор шудан ва ғ.). Ноустуворӣ ва вайрон шудани хоб сабабҳои гуногун дорад. Хоби баъзе одамон аз кӯдакӣ ноустувор аст. Б. аз амрози системаи асаб ва лат хӯрдани мағзи сар низ ибтидо ёфта метавонад. Б. инчунин нишонаи ҳатмии …

Муфассал »

БЕХТЕРЕВ Владимир Михайлович

bekhterev-vladimir-mihailovich

БЕХТЕРЕВ Владимир Михайлович (1. 2. 1857, деҳаи Соралии губ. Вятка – 24. 12. 1927, Москва), невропатолог, психиатр, психолог, физиолог ва морфологи шӯравӣ. Академияи тиббии ҷарроҳиро хатм кардааст (1878). Аз с. 1885 мудири кафедраи психиатрияи Донишгоҳи Қазон буд. Б. бори аввал дар ҳамин донишгоҳ лабораторияи психофизиологӣ ташкил кард, журнали «Неврологический вестник» …

Муфассал »

БЕҲДОШТИ МАНЗИЛ

manzil

БЕҲДОШТИ МАНЗИЛ. Асоси беҳдошти хона тозагӣ ва тартибот мебошад. Хонаро бо мебел пур кардан лозим нест, зеро рӯбучини онро мушкил мекунад ва боиси ҷамъ шудани чанг мегардад. Барои тоза нигоҳ доштани хона ҳар рӯз чанги онро тоза карда, фаршро бо чӯткаи намнок рӯфтан (ҳафтае як маротиба), тирезаҳоро зуд-зуд шустан лозим …

Муфассал »

БЕҲДОШТИ САНИТАРИИ САРҲАД

granica

БЕҲДОШТИ САНИТАРИИ САРҲАД, маҷмӯи тадбирҳои маъмурӣ ва санитарию зиддиэпидемиявӣ, ки барои ба ҳудуди мамлакат роҳ наёфтани бемориҳои сироятию карантинӣ равона шудаанд. Бемориҳои карантинӣ номи шартии чанд навъ бемории гузарандаест, ки онҳо бағоят сироятноканд ва бештар боиси фавти маризон мегарданд (мас., тоун, вабо, табларзаи зард ва ғ.). Рӯихати тадбирҳое, ки баҳри …

Муфассал »