Архивы за день : 17.12.2017

БРОНХИТ

bronhit

БРОНХИТ (Bronchitis), илтиҳоби бронхҳо (найчаҳои шуш); яке аз маъмултарин иллати узвҳои нафас. Ҷараёни беморӣ шадид ва музмин мешавад. Б.-и шадид, одатан, хусусияти сироятӣ дошта, аксаран боиси газаки бинӣ (зуком), ҳалқум (фарингит), ҳанҷара (ларингит), хирной (трахеит) мегардад. Б. дар натиҷаи хунук хӯрдани организм, якбора тағйир ёфтани обу ҳаво ва аз намии …

Муфассал »

БРОНХОГРАФИЯ

bronchographia

БРОНХОГРАФИЯ (аз бронхҳо ва юн. grapho – навиштан, тасвир кардан), усули тадқиқи рентгенологии бронхҳо баъди ба сӯрохи онҳо фиристодани моддаҳои рентгеноконтрастӣ. Ҳангоми Б. аз равғани йоднок (йодолипол) ё моддаҳои махсуси рентгеноконтрастӣ (пропилйодон) истифода мекунанд. Б. бо мақсади омӯзиши морфология ва фаъолияти бронхҳо, ҳамчунин ошкор сохтани бемориҳои онҳо (мас., бронхоэктазҳо) амалӣ …

Муфассал »

БРОНХОЛИТИАЗ

bronholitiaz

БРОНХОЛИТИАЗ (Broncholitiasis; аз бронхҳо ва юн. lithos – санг), беморие, ки ҳангоми он дар ҷавфи бронхҳо санг (бронхолитҳо) пайдо мешавад. Бронхолитҳо, одатан, баъди аз сар гузарондани бронхаденити силӣ ба вуҷуд меоянд. Онҳо ҷузъҳои ба калтсий табдилёфтаи ғуддаҳои лимфавии бронху шуш буда, ба сӯрохи бронх дар вақти некрози девораи он ворид …

Муфассал »

БРОНХОПНЕВМОНИЯ

bronkhopnevmoniya

БРОНХОПНЕВМОНИЯ (Bronchopneumonia), илтиҳоби манбаии борнхҳо ва ҳиссаҳои шуш; иллат алвеолаҳоро низ фаро мегирад. Б. метавонад зуҳуроти сироятҳои гуногун (грипп, туляремия ва ғ.) ё оризаҳои онҳо низ бошад. Дар мавриди охирӣ Б. зери таъсири сироятҳои ҳамроҳгашта ё бинобар худсироят (аз роҳи болои нафас) пайдо мешавад. Ин гуна Б.-ҳо метавонанд оризаи бемории …

Муфассал »

БРОНХОСКОПИЯ

bronhoskopiia

БРОНХОСКОПИЯ (аз бронхҳо ва юн. skopeo – мушоҳида кардан, дидан), трахеобронхоскопия, усули тадқиқи даруни трахея ва бронхҳо ба воситаи асбобҳои махсуси оптикӣ. Б.-ро барои ташхиси бемориҳои трахея, бронхҳо, шуш, ғуддаҳои лимфавии дохили сина, ки муҷиби хунпартоӣ мешаванд, сурфаи бардавом, дамкутоҳӣ, тағйирот дар рентгенограмма (омос, сил, ҷисми бегонаи трахеяю бронхҳо ва …

Муфассал »

БРОНХОСТЕНОЗ

bronkhostenoz

БРОНХОСТЕНОЗ (Bronchostenosis; аз бронхҳо ва юн. stenosis – танг шудан), бебозгашт танг шудани сӯрохи бронх. Сабабҳои Б. нуқси инкишофи бронх, омосҳои гуногун (аз бронх манша мегиранд), ба бронх фишор овардани омоси дохили қафаси сина, илтиҳоби девораи бронхҳо (бинобар осеб ё дармондани ҷисми бегона) ва ғ. мебошанд. Б. дар натиҷаи сили …

Муфассал »

БРОНХОЭКТАЗ

bronhoektaz

БРОНХОЭКТАЗ (Bronchoectases; аз бронхҳо ва ektasis – васеъ шудан), бронхоэктазия, иллати узвҳои нафас, ки боиси васеъ ва дигаргун шудани бронхҳо мегардад. Б. модарзод ва ғайримодарзод мешавад. Б.-и модарзод кам дучор меояд. Б.-и ғайримодарзод оқибати бронхити музмин, газаки шуш, грипп, бемориҳои сироятии кӯдакон (сурфакабудак, сурхча) ва ғ. мебошад. Балғаме, ки ҷамъ …

Муфассал »

БРОНХҲО

bronho

БРОНХҲО (аз юн. bronchos – хирной, хикиртак), шохаҳои нои нафаскашӣ, ки ҳаворо ба шуш мебаранд. Ду бронхи асосӣ – рост (калонтар) ва чап (хурдтар) ба шуш даромада, ба шохаҳои калону хурд тақсим мешаванд. Ҳар шоха дар навбати худ ба алвеолаҳо ворид мегардад. Б. дар маҳалли миёндевори сина бо рагҳои бузург …

Муфассал »

БРУТСЕЛЛЁЗ

brucellosis

БРУТСЕЛЛЁЗ (Brucellosis), бемории сироятии музмин, ки дар мавриди он бештар дастгоҳи такяву ҳаракат, силсилаи асаб ва узвҳои ҷинсӣ осеб меёбанд. Б. бо номҳои таби баҳримиёназаминӣ, бемории Брюс, бемории Банг низ маъмул аст. Ангезаи Б. брутселлаҳо ном бактерия буда, онҳо спора ҳосил намекунанд. Брутселлаҳо дар муҳити ғизоии муқаррарӣ нумӯ меёбанд, ба …

Муфассал »

БУҒМА

leontice

БУҒМА (Leontice ewersmannii), гилемшӯй, собунак, тасбеҳак, навъе аз гиёҳҳои бисёрсола. Аз 20 то 60 см қад мекашад. Баргаш паҳни чокдор, гулаш зард, ғӯзааш пуфакшакл (1 – 2 тухм дорад). Март – апр. гул ва апр. – июн мева мекунад. Одатан, дар нишебии кӯҳҳо, буттаю бешазори гармсер, пистаю фаркзор мерӯяд. Онро …

Муфассал »