Архивы за день : 07.12.2017

АНАМНЕЗ

anamnez

АНАМНЕЗ (юн. anamnesis – хотира, ёддошт), собиқаи ҳоли тиббӣ, маълумот роҷеъ ба шароити ҳаёт ва таърихи беморӣ, ки онро худи бемор ва ё шахсони бо ӯ шинос ба духтур баён мекунанд. А. яке аз усулҳои муҳимтарини тадқиқот буда, имкон медиҳад, ки беморӣ дуруст ташхис карда шавад. А. шикояту эҳсоси бемор, …

Муфассал »

АНАСТОМОЗ

anastomoz

АНАСТОМОЗ (Anastomosis), пайвастагии табиӣ ё сунъии узвҳои найчашакл, бронхҳо, рагҳо, асабҳо ва ғ. А. бештар дар силсилаи рагҳо дучор меояд. Мас., А.-ҳои шараёнӣ, варидӣ, лимфавӣ ва шараёну варидӣ. А.-ҳои дохилисистемавӣ шохаи ҳамон як рагро мепайванданд; А.-ҳои байнисистемавӣ бошанд, ҳавзаи ҳамсояро низ фаро мегиранд, мас., А.-и венаи даромадгоҳи ҷигар ва венаи …

Муфассал »

АНАТОКСИН

anotoksin

АНАТОКСИН (Anatoxinum; аз юн. ana – баръакс ва токсин), ҳосилаи безарари токсин, ки хосияти антигенӣ ва иммуногении онро гум накардааст. А.-ро бо роҳи дар 37 – 40°С бо ёрии формалин безарар гардонидани токсин ҳосил мекунанд. А.-и барои иммунизатсияи одамон зарурро с. 1923 иммунологи франсавӣ Г. Рамон ҳосил кардааст. Барои пешгирии …

Муфассал »

АНАТОМИЯ

anatomiya

АНАТОМИЯ (Anatomia; аз юн. anatome – чок кардан), анатомияи одам, илмест оид ба шакл, сохт ва инкишофи организми одам вобаста ба кори системаю узвҳои алоҳида ва таъсири мутақобили муҳит. А. аз ҷумлаи фанҳои асосии тибби назарӣ ва амалист. Маълумоти нахустин роҷеъ ба А.-и одам дар асарҳои олимони қадим Арасту, Буқрот, …

Муфассал »

АНАФИЛАКСИЯ

Print

АНАФИЛАКСИЯ (Anaphylaxia; аз юн. ana – аз нав ва aphylaxia – беҳимоятӣ ), як намуди реаксияи аллергиро гӯянд, ки ҳангоми такроран ба организм таввасути пӯст ё мушак (на таввасути узвҳои ҳозима) ворид намудани баъзе моддаҳои аллергиязо ба вуҷуд меоянд (ниг. Аллергия). А. дар намуди реаксияи умумӣ ё ҷузъӣ (мас., чун …

Муфассал »

АНАЭРОБҲО

anaerobnaya-bakteriya

АНАЭРОБҲО (Anaeroba; аз an – ҳиссачаи инкорӣ, aer – ҳаво ва bios – ҳаёт), микробҳое, ки дар муҳити беоксиген инкишоф меёбанд. А. ду хел – воҷиб ва новоҷиб мешаванд. А.-и воҷиб дар муҳити беоксиген зиндагӣ мекунанд. А.-и новоҷиб ҳам дар муҳити оксигендор ва ҳам дар муҳити беоксиген афзоиш меёбанд (мас., …

Муфассал »

АНВАРОВ Айманҷон Ковланҷонович

terapevt

АНВАРОВ Айманҷон Ковланҷонович (08. 12. 1939, ш. Душанбе – 23. 01. 2002, ҳамон ҷо), терапевт, доктори илмҳои тиб (1998), проф. (2000). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1965). Духтури терапевти беморхонаи минтақавии хоҷагии ба номи Ленини ноҳ. Ленин (ҳозира Рӯдакӣ; 1965 – 66), ординатори кафедраи беҳдошти иҷтимоӣ ва ташкили тандурустии ДДТТ (1966 …

Муфассал »

Захираи моддии давлатӣ

g_xahdnh9e

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН   Дар бораи захираи моддии давлатӣ   (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006, №12, мод.627; соли 2009, № 5, мод.322; ҚҶТ аз 03.07.2012с., №841)   Қонуни мазкур принципҳо, тарз ва услубҳои асосии ташаккул, идоракунӣ ва ба танзимдарории захираи моддии давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. (ҚҶТ …

Муфассал »

АНВАРОВА Шакархон Саидоромовна

endokrinolog

АНВАРОВА Шакархон Саидоромовна (тав. 03. 10. 1943, ш. Душанбе), эндокринолог, доктори илмҳои тиб (1993), проф. (1994), Аълочии тандурустии ҶТ (1996), Корманди шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1966). Духтури Беморхонаи ҷумҳуриявии эндокринологӣ (1966 – 67), ординатор (1967 – 69), аспирант (1969 – 72), ассистенти кафедраи …

Муфассал »

АНГАТ

angat

АНГАТ (Hippophae rhamnoides), ангад, ангатхор, сарканак, хингбед, облепиха, навъе аз бутта ё дарахти буттамонанди хордор. Аз 3 то 11 м қад мекашад. Барги нештаршакл, гули майдаи ҷудоҷинса, меваи донакмонанди хуштаъму сершираи норанҷӣ, зард ё сурх дорад. Дар Тоҷикистон ангатзорҳои табиӣ асосан дар соҳ. д.-ҳои Ванҷ, Вахш, Ғунд, Зарафшон, Исфара, Кофарниҳон, …

Муфассал »