Архивы за день : 26.12.2017

Филармонияи Давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Филармонияи Душанбе

Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев – яке аз муассисаҳои консертии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Муассисаи консертӣ дар пойтахти Тоҷикистон – ш. Душанбе ҷойгир аст. Таърих Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар асоси Қарори ШКХ ҶШС Тоҷикистон моҳи декабри соли 1936 таъсис ёфтааст. Ба ҳайати эҷодии Филармонияи давлатии Тоҷикистон бисёр …

Муфассал »

ВАРАҶАИ ТРОПИКӣ

varachai-tropiki

ВАРАҶАИ ТРОПИКӣ, як навъи вараҷа. В. т. бемории ниҳоят вазнин буда, ох. с-ҳои 90-уми а. 20 дар Тоҷикистон ба эпидемия табдил ёфта буд. С. 1997 дар ҷумҳурӣ 29794 наф. маризони В. т. ба қайд гирифта шуданд. Бино ба ақидаи мутахассисони Созмони байналмилалии тандурустӣ (СБТ) дар сурати дуруст ба роҳ монда …

Муфассал »

ВАРЗИШИ ШИФОӣ

kinetoterapie

ВАРЗИШИ ШИФОӣ (Kinetotherapia, therapia correctiva), яке аз воситаҳои табобат ва пешгирии бемориҳо. Асосан дар дармонгоҳу санаторияҳо истифода бурда мешавад. Усули асосии реабилитатсияи тиббист. Истифодаи бамаврид ва дурусти В. ш. барои зуд табобат ёфтан ва барқарор шудани қобилияти кории беморон кӯмак мерасонад. Самараи В. ш. дар тӯли асрҳо санҷида шудааст. Табибони …

Муфассал »

ВАРИКОСЕЛЕ

varikocele

ВАРИКОСЕЛЕ (Varicocele; аз лот. varix, varicis – дамиши вена ва юн. kele – омос), васеъ шудани танобакҳои манидон. В. бинобар баланд гаштани фишори венаи гурдаҳо (мас., ҳангоми танг шудани онҳо) ба вуҷуд меояд. В. дар 95 фоизи ҳолатҳо дар ҷониби чап мушоҳида мешавад, зеро шароити ҳаракати хун дар ин қисми …

Муфассал »

ВАСВОС

polnyj-bred

ВАСВОС, бред, ихтилоли рӯҳӣ, ки дар шакли ақидаю фикрҳои аз ҳақиқат дур падид омада, ба ғалат будани онҳо беморро бовар кунондан ғайриимкон аст. В. яке аз нишонаҳои асосӣ ва маъмулии бемориҳои рӯҳӣ мебошад. Мазмуни ғояҳои васвосӣ метавонанд хеле гуногун бошанд, мас., муносибати бад, таъкибот, заҳролудӣ, осеби ҷисмонӣ, зарар расондан, гунаҳгорӣ …

Муфассал »

ВАСЕЪУ ДУРУШТ ШУДАНИ СИЁҲРАГ

varices-venorum

ВАСЕЪУ ДУРУШТ ШУДАНИ СИЁҲРАГ (Varices venorum; аз лот. varix, varicis – дамидани венаҳо), иллатест, ки дар васеъ шудани андоза ва тағйири шаклу чандирии сиёҳраг (вена)-ҳо зоҳир мегардад. Ба беморӣ бештар сиёҳрагҳои пой, рӯдаи рост ва танобаки манирон гирифтор мешаванд. Ба инкишофи В. ҳар гуна омилҳо, ки ҳаракати хунро дар сиёҳраг …

Муфассал »

ВАСКУЛИТ

vaskulit

ВАСКУЛИТ (Vasculitis; аз лот. vasculum – раги хурд ва -itis – илтиҳоб, газак), илтиҳоби девораи рагҳои хунгард. Вобаста ба пайдоиш В.-ҳо якумин ва дуюмин мешаванд. В.-ҳои якумин бемории мустақил буда, ба артерияҳо, венаҳо, ҳамчунин рагҳои хурди организм зарар мерасонанд. Онҳоро В.-ҳои системавӣ низ меноманд. В.-ҳои дуюмин падидаи бемории дигар, мас., …

Муфассал »

ВИРИЛИЗМ

virilnyjj-sindrom

ВИРИЛИЗМ (Virilismus; аз лот. virilis – мардона, хоси мард), мардандомӣ, мардмонандии зан, дар занон пайдо шудани нишонаҳои хоси мардон (ришу мӯйлаб, овози ғафс, мушаку устухонҳои қавӣ). В. дар натиҷаи ба хун бисёр дохил шудани гормони андроген (тавлидкунандаи хислатҳои мардӣ) ба вуҷуд меояд. Миқдори зиёди андрогенҳо дар натиҷаи бо ҳар гуна …

Муфассал »

ВИСМУТ

vismut

ВИСМУТ (лот. Bismuthum), Bi, элементи химиявии гурӯҳи V ҷадвали Менделеев; рақами ат. 83, массаи ат. 208, 980. В. металли нуқрагуни хокистарранг аст; t гуд. 271,3°С, t чӯш. 1560°С. В. дар табиат дар намуди минералҳои висмутин, бисмит ва чун металли холис вомехӯрад. Хӯлаҳои зудгудози В.-ро дар асбобҳои сӯхторнишон ва дандонсозӣ кор …

Муфассал »

ВИТАМИНҲО

vitaminho

ВИТАМИНҲО (Vitamin; аз лот. vita – ҳаёт ва аминҳо), моддаҳое, ки ба омилҳои бебадали ғизои ҳайвонот ва одам мансубанд. Кашфи В. бо номи олими рус Н.И. Лунин (с. 1880 бо роҳи таҷриба муқаррар намудааст, ки хӯрокворӣ омилҳои номаълуми барои ҳаёт хеле зарур дорад) алоқаманд аст. ӯ муайян намуд, ки агар …

Муфассал »