Главная / Илм / ГОМЕОПАТИЯ

ГОМЕОПАТИЯ

gomeopatiyaГОМЕОПАТИЯ (Homeopathia; аз юн. homoios – шабеҳ, монанд ва pathos – беморӣ), тарзи муолиҷаест, ки ба қонунияти «шабеҳро бо шабеҳаш табобат мекунанд» («қонуни шабоҳат») асос ёфтааст. Мувофиқи ин қоида ҳангоми муолиҷа вояи андаки он доруҳоеро, ки дар сурати истеъмоли вояи зиёд боиси пайдоиши аломатҳои ба беморӣ монанд мешаванд, истифода мебаранд.
Аз «қонуни шабоҳат» қонуни дуюми Г. – зарурати тадқиқи таъсири вояи ғайримуолиҷавии моддаҳо дар одамони солим (бо мақсади аниқ кардани «патогенези» доруҳо) бармеояд. Аз қоидаи сеюми Г. маълум мегардад, ки гӯё миқдори ниҳоят ками модда дар маҳлул ё дар соидааш бо қанди шир, дорои таъсири афзун ва «қувваи ниҳонӣ»-и махсус аст; аз ин рӯ барои табобат бояд аз вояи ниҳоят хурди васоити доруӣ истифода шавад («қонуни вояи хурд»).
Г.-ро с. 1796 духтури немис Ганеманн бидуни ҳеҷ далели шифобахши вояи доруҳое, ки худи ӯ тавсия карда буд, пешниҳод намуд. ӯ дар китоби «Органони санъати тиб» (1810) ақидаҳои пурихтилофи худро инкишоф дода, чизҳои шубҳанокро чун далели боэътимод овардааст. Ганеманн бемориро ихтилоли «қувваи ҳаёти»-е мепиндошт, ки ба он таъсир расонидан, ғайриимкон аст. Бинобар ин ӯ ҷонибдори муолиҷаи фақат аломатҳои алоҳидаи беморӣ буд. Ганеманн ба қадамҳои аввалини илмӣ, ки дорушиносиро дар зинаи химия ва физиология мегузошт, муқобил баромад.
Барои дар бисёр мамлакатҳо густариш ёфтани Г. тараққиёти сусти илми тиб дар а. 18 ва авв. а. 19 мусоидат намуд. Дар ибтидои мавҷудияти худ Г. андаке аҳамият низ дошт. Зеро услуби табобати ҳамонвақтаро, ки аз хунгирии такрор ба такрор, истифодаи шуллук, ҳуқна, доғмонӣ ва истеъмоли барзиёди доруҳои қайовару мусҳил беморон беҳолат мешуданд, сахт танқид мекард. Ба пайдоиши Г. «бӯҳрони хоси терапия»-и ҳамонвақта низ то дараҷае кӯмак расонд. Ба тарғиботи Г. фаъолияти рӯирости Ганеманн, ки мақолаҳо навишта, усулҳои табобати тибби замонавиро наҳ мезад, мусоидат намуд.
Ганеманн принсипи асосии Г. («шабеҳро бо шабеҳ бояд муолиҷа кард») – ро ба ҳама усулҳои анъанавии муолиҷа, ки аз рӯи ақидаи ӯ ба принсипи «табобат бо муқобил» асос ёфтааст, зид гузошт. Принсипи дуюминро ӯ баръакси Г. аллопатия номид.
Дар Россия Г. аз ох. с-ҳои 20 – 30 а. 19 шӯҳрат ёфт. Ба ҷамъияти гомеопатҳо шахсони аз тиб бехабар дохил мешуданд. Намояндагони пешқадами тибби рус, аз ҷумла Пирогов Н.И. оид ба Г. назари манфӣ доштанд. Таҷрибаи ғании тибби илмию амалӣ «қонуни шабеҳро» тасдиқ накард.
Дар тӯли садҳо сол Г. ва догмаҳои он дигаргун нашуданд. Г. дастовардҳои бузурги фармакологияи таҷрибавию клиникиро рад карда, мисли пештара услубҳои ноқиси тадқиқоти васоити доруиро тарғиб менамояд. Чунончи, Г. ҳангоми тавсияи доруҳои минералӣ баъзе маълумотро аз химия, токсикология ва тибби илмию клиникӣ истифода мебарад, аммо тарзи таъсири маводи доруӣ дар он вояе, ки Г. пешниҳод мекунад, ҳанӯз тадқиқ ва исбот карда нашудааст.
Гомеопатҳо зарурати истифодаи химиотерапия, мас., доруҳои сулфаниламидӣ ва антибиотикҳоро ҳангоми газаки шуш, уфунат ва ғ. эътироф мекунанд ва бовар доранд, ки муштарак ба кор бурдани химиотерапия ва гомеотерапия ҷараёни бемориро беҳтар мегардонад. Ғайр аз ин, гомеопатҳо ҷонибдори онанд, ки агар табобати гомеопатӣ дар аснои баъзе бемориҳои вазнин (амрози дилу рагҳо, зиқи нафас ва ғ.) бенатиҷа бошад, пас бояд аз васоити тибби илмӣ вояи маъмулии доруҳо истифода бурда шаванд. Шояд сабаби дар баъзе мамлакатҳо то ҳоло маъмул будани Г. дар ҳамин бошад. Баъзе духтурон муътақиданд, ки Г. «мағзи ратсионалӣ» дорад; духтурони дигар, онро ба манфиати худ кор мефармоянд. Бино ба ақидаи духтури маъруфи шӯравӣ Б.Е. Вотчал нодида гирифтани таъсири рӯҳнавози Г. нодуруст аст. ӯ барои тасдиқи ақида чунин мисолҳо овардааст: ҳангоми стенокардия истеъмоли ягон моддаи безараре, ки зоҳиран ба дору монанд буда, вале таъсири онро надорад, баъзан ҳисси дардро бартараф мекунад; дарди сахти баъди ҷарроҳӣ аз истифодаи ягон воситаи тамоман беасар рафъ мешавад ва ғ.
Баъзе ҳолатҳои аз доруи гомеопатҳо шифо ёфтан, маризро водор месозад, ки ба Г. ихлос пайдо кунад. Мутаассифона чунин рафтори онҳо таваҷҷӯҳи одамони гирифтори бемории ҷиддиро аз табобати саривақтӣ дур карда, боиси вазнин шудани маризӣ, баъзан ҳолати барои ҳаёт хатарнок мегардад.
Усулҳои гомеопатии муолиҷа дар беморхонаҳои Англия ва Франсия борҳо аз санҷиш гузаштаанд. Маълумоти гирдоварда фақат як чиз – таъсирбахш набудани Г.-ро нишон медоданд. Мувофиқи ақидаи бисёр олимон доруҳои гомеопатӣ бештар таъсири рӯҳӣ мерасонанд. Бо мақсади пешгирии оқибати ногувори баъзе бемориҳо (мас., сил, бемориҳои сироятӣ, саратон ва ғ.) духтурони гомеопат бояд ба муолиҷаи онҳо даст назананд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …