Архивы за день : 13.12.2017

АЗОНОВ Ҷаҳон

images

АЗОНОВ Ҷаҳон (тав. 25. 01.1951, деҳаи Лоҳури ноҳ. Данғара), дорушинос, доктори илмҳои тиб (1995). Корманди шоистаи Тоҷикистон (2002). Омӯзишгоҳи тиббии ш. Кӯлоб (1969) ва ДДТТ-ро хатм кардааст (1979). Мудири бунгоҳи тиб- бии деҳаи Лоҳури ноҳ. Данғара (1969 – 73), ассистенти кафедраи таърихи тиб ва бехдошти ичтимоии ДДТТ, аспирант, ходими илмӣ …

Муфассал »

АЗОТЕМИЯ

azotemija

АЗОТЕМИЯ (Azotaemia; аз юн. Azoos беҳаёт ва гемо…), дар таркиби хун барзиёд будани маҳсули мубодилаи нитроген: карбамид, асиди пешоб, креатин, креатинин ва ғ. Сабаби асосии А. ба таври кофӣ фаъолият накардани гурдаҳост. А. метавонад ба фаъолияти гурдаҳо низ робита надошта бошад, мас., бинобар таҷзияи зиёди сафедаҳо (дар аснои сӯхтагӣ), бо …

Муфассал »

АЙНАК

aynak

АЙНАК, асбоби оптикист барои ислоҳи нуқси босира ё муҳофизати чашм. Он аз шиша (линза) ва чанбарак иборат аст. Тавассути чанбарак шишаҳои А. нисбат ба сатҳи чашм дуруст ҷойгир мешаванд ва камонаку воситаҳои диг. А.-ро дар ҳолати муайян нигоҳ медоранд. Чанд хели А. мавҷуд аст: агар яке нуқси оптикии чашмро ислоҳ …

Муфассал »

АКАДЕМИЯИ ГУНДИШОПУР

akademiya

АКАДЕМИЯИ ГУНДИШОПУР, Донишгоҳи Гундишопур, мактаби тиббӣ, гаҳвораи тибби илмии форсу точик. А.-ҳои 3-7 дар Гундишопур фаъолият дошт. Бо дастури Шопури аввалписари асосгузори сулолаи Сосониён Ардашери Сосон бунёд ёфта буд. Пештоқи дарвозаи шаҳрро навиштачоти «Донишу хирад аз шамшер зӯртар аст» оро медод. Устодони А. Г. асарҳои табибони Юнону Ҳиндро ба забони …

Муфассал »

АКАЛКУЛИЯ

akalkuliya

АКАЛКУЛИЯ (аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва лот. calculare – ҳисоб кардан), ихтилоли қобилияти шинохтан ва ҳисоб карда тавонистани ададҳо (ҳисоби арифметикӣ). Дар натиҷаи осеби қисмҳои муайяни қишри майна рух менамояд (ҳангоми хуншор гаштани он, омосҳои гуногун, зарбулат ёфтан). Беморони гирифтори А. ададҳои тарзи навишташон ба ҳамдигар монанд (мас., 6 …

Муфассал »

АКАНТОСЕФАЛЁЗҲО

akantosefalez

АКАНТОСЕФАЛЁЗҲО (Acathocepha- loses), як навъ бемории гелминтозӣ. Дар одамон хеле кам мушоҳида мешавад. Сироят асосан дар натичаи тасодуфан фурӯ бурдани гамбусакҳо ва нонхӯракҳо ба вуқӯъ мепайвандад. Дар натичаи беморӣ фаъолияти роҳи меъдаю рӯдаҳо халал меёбад: дард ва дамиш кардани шикам, дарунравӣ, дилбеҳузурӣ, қай ва ғ. Бо мақсади пешгирии А. мушу …

Муфассал »

АККЛИМАТИЗАТСИЯ

akklimatizatsiya

АККЛИМАТИЗАТСИЯ, мӯътод, хӯгирӣ ба обу ҳаво, ба шароити нави иқлим мувофиқ гардидани инсон. А.-и одам яке аз шаклҳои мутобиқат (адабтатсия) буда, боиси тағйироти чараёни мубодилаи моддаҳо ва дигаргуниҳои вазоифии организм мегардад. Қобилияти А. шудан дар раванди инкишофи ҳаёт дар рӯи Замин ба вучуд омада, бо минтақаҳои гуногуни иқлимӣ ва тағйироти …

Муфассал »

АКНЕ

akne

АКНЕ (лот. acne – қулла), номи умумии бемориҳои илтиҳобии ғадудҳои равған ва халтачаҳои мӯйи пӯст. А. дар натиҷаи фаъолияти барзиёди гормонҳо (ҳайз, балоғати ҷинсӣ), дар давраи гузариш, бинобар рух намудани стресс (ғадуди бо- лои гурдаро фаъол месозад), ғун шудани ҳуҷайраҳои мавтшуда дар пӯст, зери таъ- сири микроорганизмҳо ва вояи зиёди …

Муфассал »

АКРОБАТИКА

23rd Acrobatic Gymnastics World Championships, April 16-18, 2012 Lake Buena Vista/USA

АКРОБАТИКА (юн. akrobateo – бо нӯги пой мегардам, боло мебароям), як тарзи машқи гимнастикӣ; навъи мустақили варзиш. Дар натиҷаи бо А. машғул шудан, одам чусту чолок, ҳаракатҳояш ҳамоҳанг, ҷасур мегардад, ҷисми худро идора мекунад. А. аз иҷрои гурӯҳи зиёди машқҳои гимнастикӣ, мас., ҷаҳишҳои акробатӣ, машқи омехтаи дукаса (марду зан), машқи …

Муфассал »

АКРОДЕРМАТИТҲО

akrodermatit

АКРОДЕРМАТИТҲО (Acrodermatitis; аз юн akron – қулла, дасту по ва дерма), як гурӯҳи бемориҳои музмин, ки асосан дар пӯсти дасту пой ба вучуд меоянд. А. энтеропатиявӣ, атрофиявии музмин ва римчадор мешаванд. А.-и энтеропатиявӣ дар айёми кӯдакӣ инкишоф меёбад. Сабаби беморӣ чаббиши руҳ дар рӯда аст, ки ба таври ирсӣ сурат …

Муфассал »