Архивы за день : 19.12.2017

БЛАСТОМИКОЗҲО

blastomikozho

БЛАСТОМИКОЗҲО (Blastomycoses), як гурӯҳи бемориҳои музмин, ки дар пӯст, устухон ва узвҳои дарун пайдо мешаванд. Б.-ро занбӯруғҳои хамирмоя ва мисли онҳо ба вуҷуд меоранд. Б. мансуби микозҳои амиқ мебошанд. Маҳалли сукунати ангезандаҳои беморӣ хок аст. Сироят, одатан, дар мавриди бо гарду чанг нафас гирифтани спораҳои занбӯруғ сар мезанад. Ба Б. …

Муфассал »

БЛЕННОРЕЯ

blennoreya

БЛЕННОРЕЯ (Blennorrhoea; аз юн. blennos – луоб ва rhoia – ҷорӣ шудан), бемории сироятии луобпарда (мултаҳима)-и чашм, ки ба он ихроҷи фасоди зиёд хос аст. Барангезандаи Б. бештар гонококкҳо мебошанд. Дар мавриди Б. пилки чашм варам карда, бағоят ғафс ва пӯсташ сурх мешавад, ҳангоми аз ҳад зиёд варам кардан, ранги …

Муфассал »

БЛЕФАРИТ

blrfarit

БЛЕФАРИТ (Blepfaritis; аз юн. blephoron – пилк), газаки канори пилки чашм, ки аз ғизои пастсифат, камхунӣ, амрози меъдаю рӯда, бемориҳои дандон ва бинӣ, ангезиши доимии чашм бо гарду чанг, боду ғубор, ислоҳ нашудани нуқси оптикии чашм, мас., дурбинӣ ва наздикбинӣ, астигматизм ба амал меояд. Ҳангоми Б. канори пилк сурх ва …

Муфассал »

БЛЕФАРОПЛАСТИКА

Áëåôàðîïëàñòèêà ôîòî äî îïåðàöèè è ïîñëå

БЛЕФАРОПЛАСТИКА (Blepharoplastica; аз юн. blepharon – пилк ва plastike – часпондан), бо роҳи ҷарроҳии тармимӣ (пластикӣ) барқарор кардани пилки чашм. Б.-ро ҳангоми осеби садамавии пилк ва нуқси модарзод (пурра ё қисман набудан)-и он ба иҷро мерасонанд. Ба Б. ҳамчунин кантотомия (чок кардани кафшераки берунии пилк барои васеъ намудани роғи чашм), …

Муфассал »

БЛЕФАРОСПАЗМ

blefarospazm

БЛЕФАРОСПАЗМ (Blepharospasmus; аз юн. blepharon – пилк ва спазм), ташаннуҷи қисми пилкии мушакҳои даврагии чашм. Б. тонусӣ ва клонусӣ мешавад. Б.-и тонусӣ ба таври устувор пӯшида шудани пилк бинобар ташаннуҷи мушакҳои даврагии чашм аст. Он ба таври рефлексӣ ҳангоми бемориҳои чашм, иллати асаби рухсора, амрози рӯҳӣ ва ғ. ба вуҷуд …

Муфассал »

БЛЕФАРОФИМОЗ

blepharophimosis

БЛЕФАРОФИМОЗ (Blepharophymosis; аз юн. blepharon – пилк ва phimosis – ҷафс шудан), кӯтоҳ шудани роғи чашм. Сабаби Б. ба ҳам васл гаштани канори пилкҳо аст. Б. модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. Б.-и ғайримодарзодӣ дар натиҷаи илтиҳоб пайдо кардани конъюнктива (ниг. Конъюнктивит) сар мезанад. Б.-ро бо роҳи ҷарроҳӣ дармон мебахшанд. Бо мақсади …

Муфассал »

БОБОЕВ Абдунаим

images

БОБОЕВ Абдунаим (тав. 01. 08. 1936, деҳшурои Ёваи ноҳ. Хуҷанд), духтури муолиҷ, доктори илми тиб (1975), проф. (1976), Аълочии тандурустии Тоҷикистон. Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1958). Ходими хурди илмӣ (1958 – 68), мудири лабораторияи беҳдошти меҳнат (1968 – 79) ва мудири шӯъбаи гигиенаи Пажӯҳишгоҳи эпидемиология ва беҳдошти ш. Душанбе (1979 …

Муфассал »

БОБОХОҶАЕВ Зикриё Муртазоевич

images

БОБОХОҶАЕВ Зикриё Муртазоевич (тав. 01. 01. 1933, ш. Хуҷанд), терапевт, доктори илми тиб (1988), проф. (1989), Аълочии нигаҳдории тандурустии ИҶШС (1983), Корманди шоистаи ҶТ (1999). Хатмкардаи ДДТТ (1960). Сардухтури беморхонаи минтақавии хоҷагии боғу токдорӣ (1960) ва сардухтури беморхонаи Чептураи ноҳ. Шаҳринав (1960 – 63). Сардухтури беморхонаи роҳи оҳан дар ш. …

Муфассал »

БОБОБОХОҶАЕВ Ислом Яъқубович

images

БОБОБОХОҶАЕВ Ислом Яъқубович (25. 8. 1915, Хуҷанд – 03. 07. 1992, Душанбе), доктори илми тиб (1972), проф. (1977), яке аз аввалин ташкилотчиёни ҳифзи тандурустӣ дар Тоҷикистон. Духтури хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1945). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. С. 1937 Ин-ти тиббии Тошкентро хатм карда, то с. 1943 дар хизмати ҳарбии тиббӣ буд. …

Муфассал »

БОБОХОҶАЕВ Муҳаммад Хоҷаевич

images

БОБОХОҶАЕВ Муҳаммад Хоҷаевич (19. 11. 1924, Хуҷанд – 23. 01. 2003, ҳамон ҷо), терапевт, доктори илми тиб (1964), проф. (1965), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1969), иштирокчии ҶБВ. Омӯзишгоҳи тиббии Ленинобод (1939), Донишкадаи омӯзгории Тошкент (1941) ва ДДТТ-ро (1951) хатм кардааст. Муаллими физика ва математика, мудири қисми таълим, директори мактаби …

Муфассал »