Главная / 2017 / December (страница 20)

Архив Месяца: December 2017

БЕЗАРАРГАРДОНӣ

bezarargardoni

БЕЗАРАРГАРДОНӣ, маҳви микроби асбобу анҷоми тиббӣ, олотӣ муоинаи беморон, масолеҳи захмбандӣ, маҳлулҳои дору, хӯрокворӣ ва ғ. Б. организми одамро аз сирояти микробҳо (дар мавриди ҷарроҳӣ, захмбандӣ ва диг. амалиёти табобату ташхис) пешгирӣ мекунад. Ниг. низ Антисептика, Асептика, Стерилизатсия.

Муфассал »

БЕКТОШӣ

grossularia_reclinata

БЕКТОШӣ (Grossularia reclinata), крижовник, як навъ буттамева. Аз 0,5 то 2 м қад мекашад. Барги думчадори сабз ва гули зангӯлашакли сабзтоб дорад. Мевааш мудаввар ё байзашакли зард, арғавонии сертухм. Б. аз қаламча зиёд мешавад. Дар Тоҷикистон чанд навъи Б.-ро, ки дар натиҷаи дурага кардани он бо намудҳои Б.-и америкоӣ рӯёнида …

Муфассал »

БЕЛКИН Виктор Шаевич

images

БЕЛКИН Виктор Шаевич (тав. 17. 10. 1941, Душанбе), анатом, доктори илмҳои тиб (1975). Баъди хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1964) аввал ординатор, баъд ассистенти кафедраи анатомияи эътидолии донишгоҳ ва аз с. 1973 мудири лабораторияи тадқиқоти тиббию биологии баландкӯҳи Шӯъбаи муҳофизат ва истифодаи самараноки захираҳои табиии …

Муфассал »

БЕМОРИИ АДДИСОН

bemorii-addison

БЕМОРИИ АДДИСОН (Morbus bronsaeus), бемории биринҷӣ, бемориест, ки дар натиҷаи осеби дутарафаи қишри ғадудҳои болои гурда ба вуҷуд меояд ва боиси кам ва қатъ шудани маҳсули гормонҳо – кортизол, кортикостерон ва алдостерон мегардад. Гормонҳои мазкур дар танзими фаъолияти узвҳои ҳозима ва дилу рагҳо, мубодилаи обу намак ва ғ. аҳамияти калон …

Муфассал »

БЕМОРИИ БЕХТЕРЕВ

bolezn-behtereva

БЕМОРИИ БЕХТЕРЕВ (Spondylitis ankylopoёtica), спондилоартрити шахкунанда, бемории илтиҳобии музмини сутунмӯҳра ва бандҳо. Аз номи психоневрологи шӯравӣ Бехтерев В. М. (1857 – 1927) гирифта шудааст. Ба он асосан мардҳо (дар синни ҷавонӣ) гирифтор мешаванд. Сабаби беморӣ маълум нест. Тахмин мекунанд, ки дар инкишофи он баъзе омилҳои ирсӣ мавқеи хос дорад. Беморӣ …

Муфассал »

БЕМОРИИ БРИЛЛ

bemorii-brill

БЕМОРИИ БРИЛЛ, ретсидиви тифи ҳасбавӣ (ниг. Ҳасба). Асосан одамони калонсол, ки бемории ҳасбаро аз сар гузарондаанд, гирифтор мешаванд. Беморӣ бо табу табларза оғоз ёфта, ҳарор. бадан баланд (38 – 39°С) мегардад. Сар дард карда, мариз бехобӣ мекашад; рӯй ва чашм сурх мешавад; рӯи забонро ҳалолат фаро мегирад, набз тез аст. …

Муфассал »

БЕМОРИИ ГИПЕРТОНИЯ

gipertoniya

БЕМОРИИ ГИПЕРТОНИЯ (Morbus hypertonicus), бемории ғалаёни хун, бемории фишорбаландӣ, бемории музминест, ки зимни он фишори шараён (артерия) ба таври доимӣ, вале дар марҳалаҳои аввал сари ҳар чанд вақт баланд мешавад. Дар мавриди Б. г. фишори баланди шараён оқибати иллатҳои дигар, мас., бемориҳои гурда, баъзе ғадудҳои тарашшӯҳи дохилӣ ва ғ. нест, …

Муфассал »

БЕМОРИИ ГОШЕ

bemorii-goshe

БЕМОРИИ ГОШЕ, бемории ирсӣ, ки ҳангоми он дар организм мубодилаи гликосфинголипидҳо халал меёбад. Беморӣ аз номи дерматологи франсавӣ Е. Гоше гирифта шудааст. Дар мавриди Б. Г. сфинголипиди глюкосереброзид асосан дар сипурз, ҷигар ва мағзи устухон ҷамъ мешавад. Б. Г. ба таври шадид ва музмин падид меояд. Бемории шадид дар моҳҳои …

Муфассал »

БЕМОРИИ ИТСЕНКО-КУШИНГ

bemorii-itsenko-kushing

БЕМОРИИ ИТСЕНКО-КУШИНГ, бемории асабу ғадудҳои усораи дохилӣ, ки бинобар барзиёд ҳосил ва хориҷ гаштани гормони адренокортикотропӣ (ихроҷи кортизолро меафзояд) инкишоф меёбад. Беморӣ аз номи невропатологи шӯравӣ Н.М. Итсенко ва нейрохирурги америкоӣ Н.В. Кушинг гирифта шудааст. Б. бештар дар синни 20 – 40-солагӣ ба вуҷуд меояд. Дар кӯдакон ва пиронсолон аҳёнан …

Муфассал »

БЕМОРИИ МЕНЙЕР

bolezn-menera

БЕМОРИИ МЕНЙЕР (Haemorrhagia labyrinthi), хуруҷи сахт чарх задани сар, ки он ба иллати гӯши дарунӣ вобаста аст. Аз номи духтури франсавӣ П. Менйер (1799 – 1862) гирифта шудааст. Ҳангоми авҷи беморӣ дилбеҳузурӣ, қай, ғуввоси гӯш, кам шудани қувваи шунавоӣ рӯй медиҳанд; дар вақти хурӯҷ бемор мувозанаташро гум карда, на роҳ …

Муфассал »