Архивы за день : 30.12.2017

ГЛИКОЗАМИНОГЛИКАНҲО

glikozaminoglikanho

ГЛИКОЗАМИНОГЛИКАНҲО, полисахаридҳои табиӣ. Г. дар таркиби модаи байниҳуҷайравии қариб ҳама намудҳои бофтаҳои пайвандии одаму ҳайвонот мавҷуд мебошанд. Г. дар пӯст, бофтаи устухон ва тағояк, моеъи зулолӣ, ҷисми шишамонанд ва қарния мушоҳида шудаанд. Г. дар фаъолияти такягоҳ, нуфузпазирии мембранаҳои ҳуҷайра, «тар» кардани сатҳи бандҳо, ҷараёни сабзишу инкишоф, таҷдиди бофтаҳо, бордоршавӣ ва …

Муфассал »

ГЛИКОЗУРИЯ

glikozuriya

ГЛИКОЗУРИЯ (Glycosuria; аз юн. glykys – ширин ва uron – пешоб), глюкозурия, глюкозпешобӣ, ба тавассути пешоб аз организм хориҷ шудани қанди ангур (глюкоза). Г.-и ғизоӣ ба истеъмоли барзиёди қанд асос ёфтааст. Чунин Г. зуд рафъ мешавад. Имкон дорад дар мавриди диабети қандӣ, амрози гурда, ҳомилагӣ ва ғ. ба мушоҳида расад. …

Муфассал »

ГЛИКОЛИЗ

glycolysis

ГЛИКОЛИЗ (аз юн. glykys – ширин ва lysis – таҷзия), раванди мураккаби ферментии таҷзияи глюкоза. Г. дар шароити анаэробӣ (бе оксиген) дар бофтаҳои ҳайвонот ва одам сурат мегирад. Маҳсули ниҳоии табдили гликолизии глюкоза кислотаҳои шир ва аденозинтрифосфат (АТФ) мебошад. Қимати биологии Г. дар ҳосил шудани пайвастҳои фосфор аст. Ҳангоми таҷзияи …

Муфассал »

ГЛИКОПРОТЕИДҲО

glikoproteidi

ГЛИКОПРОТЕИДҲО, сафедаҳои мураккаби ангиштобдор. Қариб дар ҳама бофтаҳо ва моеоти организм вуҷуд доранд. Массаи мол. аз даҳҳо ҳазор то якчанд млн. Ба Г. асосан мутсинҳо ва мукоидҳо мансубанд. Мутсинҳо дар шираи ғадудҳои луоб, мас., дар шираи ғадуди оби даҳон вуҷуд доранд. Мукоидҳо ба таркиби тағояк, устухон, пай, банд, зуҷоҷияи чашм, …

Муфассал »

ГЛИТСЕРИН

gliserin

ГЛИТСЕРИН (юн. glykeros – ширин), соддатарин спирти сеатома. Г. моеи берангу бӯй ва шарбатмонанд; t гуд. 17,90С, t ҷӯш 2900С, зичиаш 1260 кг/м3 (250С); ҳангоми 1000С хунук кардан, ба массаи шишамонанд табдил меёбад. Бо об, атсетон, спирти этил ва метил омехта мешавад. Бештари пайвастҳои органикӣ ва ноорганики (намак, ишқор, қанд …

Муфассал »

ГЛОБУЛИНҲО

globulinho

ГЛОБУЛИНҲО (аз лот. globuls – саққоча, гулӯлача), гурӯҳи сафедаҳои растанӣ ва ҳайвонот, ки дар табиат васеъ паҳн шудаанд. Г. ба сафедаҳои глобулинӣ мансубанд. Дар маҳлули сусти намакҳои мӯътадил, кислотаҳои сероб ва ишқорҳо ҳал шуда, дар об (ба ғайр аз миозин ва баъзе диг. Г.) ҳал намешаванд. Дар маҳлули нимсери сулфати …

Муфассал »

ГЛОМЕРУЛОНЕФРИТ

glomerulonefrit

ГЛОМЕРУЛОНЕФРИТ (Glomerulonepheritis; аз лот. glomerulus – калобача ва нефрит), бемории гурда. Дар мавриди Г. калобачаҳои гурда илтиҳоб пайдо мекунанд. Ниг. низ Нефрит.

Муфассал »

ГЛУТАТИОН

glutation

ГЛУТАТИОН, моддае, ки дар раванди оксиду барқароршавӣ дар организми одаму ҳайвонот иштирок мекунад. Г. фаъолияти баъзе гормонҳои табиаташон сафедавиро пурзӯр карда, ба таъсири ферментҳои гуногун тақвият мебахшад, барои оксигенро пайваст намудани гемоглобин ва онро аз шуш ба бофтаҳо кашондани хун мусоидат менамояд. Г. трипептид буда, моллекулаи он аз боқимондаи кислотаи …

Муфассал »

ГЛЮКАГОН

glucagon

ГЛЮКАГОН, як навъ гормон, антагонисти физиологии инсулин. Г. дар танзими мубодилаи карбогидратҳо иштирок карда, ба мубодилаи чарбу таъсир мерасонад, ба фаъолияти ферментҳое, ки чарбуро таҷзия мекунанд, тақвият мебахшад. Г. пептид аст. Онро асосан алфа-ҳуҷайраҳои ҷазирачаи ғадуди зери меъда синтез мекунад. Муқаррар шудааст, ки Г. аз ҷониби ҳуҷайраҳои махсуси луобпардаи рӯдаи …

Муфассал »

ГЛЮКОЗА

glukoza

ГЛЮКОЗА (юн. glykys – ширин), қанди ангур, декстроза, C6H12O6, карбогидрат аз гурӯҳи гексозаҳо; дар табиат фаровон аст. Кристалли беранг, t гуд. 146,50С, дар об нағз ҳал мешавад; аз ҷиҳати оптикӣ фаъол; қисми муҳими таркиби организмҳои зинда. Г. барои аксари организмҳо манбаи энергия мебошад. Организм Г.-ро дар табаддулоти анаэробӣ, ки аз …

Муфассал »