Архивы за день : 10.12.2017

АЛФИЙЯ ВА ШАЛФИЙЯ

asar

«АЛФИЙЯ ВА ШАЛФИЙЯ», манзумаи ҳаким ва шоир Абӯбакр Зайниддин ибни Исмоили Азрақӣ (ваф. 1083). Ба забони тоҷикӣ ва барои ҳокими Нишопур – Туғоншоҳ (ҷияни Туғрали Салҷуқӣ), ки ба бемории заъфи боҳ гирифтор шуда, табибон дар илоҷи он оҷиз омада буданд, таълиф гаштааст. Аз мутолааи манзума қувваи боҳи ҳоким барқарор шудааст. …

Муфассал »

АЛФОЗУ-Л-АДВИЯ

asar

«АЛФОЗУ-Л-АДВИЯ», асари ҳаким Нуриддин Муҳаммад Абдуллоҳ (маъруф ба ҳаким Айнулмулки Шерозӣ; а. 18). Китоб ба забони тоҷикӣ таълиф шуда, оид ба таҳқиқи номҳо, табиат ва хосияти доруҳои сода баҳс мекунад. С. 1726 ба номи Шаҳобиддин Муҳаммад Шоҳиҷаҳон таълиф шуда, аз муқаддима, натиҷа ва хотима иборат аст. Муқаддима дар чаҳор фоида …

Муфассал »

АЛ-ФОХИР Фӣ-Т-ТИБ

asar

«АЛ-ФОХИР Фӣ-Т-ТИБ», асари Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (865 – 925). Китоб аз як муҷаллади бузург ва 26 боб иборат аст. Муаллиф дар он ақидаи файласуфонро дар бораи манфиат ва зиёни доруҳо ва ғизоҳо оварда, орои баъдомадагону пешгузаштагони тиб оид ба аворизу иллатҳои дар инсон аз сар то пой рӯйдиҳандаро …

Муфассал »

АЛ-ФУСУЛУ-Л-ИЛОҚИЯТУ Фӣ КУЛЛИЁТИ-Т-ТИБ

asar

«АЛ-ФУСУЛУ-Л-ИЛОҚИЯТУ Фӣ КУЛЛИЁТИ-Т-ТИБ», асари Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Юсуфи Илоқӣ (ваф. 1141) дар робита ба куллиёти тиб. Китоб аз рӯи куллиёти «Қонуни тиб»-и Ибни Сино талхис ва танзим карда шудааст. Аҳамияти китобро ба назар гирифта, олимон минбаъд ба он шарҳҳои зиёд таълиф намудаанд, чунончи: шарҳи ҳаким Маҳмуд ибни Алӣ ал-Ҳимсӣ мусаммо …

Муфассал »

АЛ-ҲОВӣ

asar

«АЛ-ҲОВӣ», асари Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ дар тиб. Розӣ дар асар ҳамаи бемориҳои маълум ва муолиҷаи онҳоро зикр кардааст. Бино ба маълумоти Абӯрайҳони Берунӣ «А.-Ҳ.» аз 13 фасл иборат аст: беморӣ ва муолиҷаи беморон, ҳифзи сиҳат; бахия (чоки захм), шикастабандӣ ва захмҳо; нерӯи доруҳо, ғизо ва диг. моддаҳо, ки дар …

Муфассал »

АЛ-ҲОВӣ Фӣ ИЛМИ-Т-ТАДОВӣ

asar

«АЛ-ҲОВӣ Фӣ ИЛМИ-Т-ТАДОВӣ», асари Наҷмиддин Маҳмуд ибни шайх Соинуддин Илёси Шерозӣ (а. 14). Китоб дар як муҷаллад ва аз панҷ мақола иборат аст. Мақолаи якум дар баёни иллатҳо, мақолаи дуввум дар баёни ҳуммайёт (табҳо), мақолаи севвум дар баёни иллатҳои андомҳои зоҳирӣ, мақолаи чаҳорум дар баёни доруҳои сода, мақолаи панҷум дар …

Муфассал »

АЛ-ҶАВДИЯ

avicenna

«АЛ-ҶАВДИЯ» («Некӣ ва нек шудан»), рисолаест дар боби тиб. Мутааллиқ ба қалами Абӯалӣ ибни Сино буда, с-ҳои 1005 – 10 ба забони тоҷикӣ иншо шудааст. Ҳаҷму мазмун, забону баёни «А.-Ҷ.» шаҳодат медиҳад, ки вай барои омма бо мақсади ҷорӣ намудани қоидаҳои ҳифзи саломатӣ, баланд бардоштани савияи дониши тиббии мардум ва …

Муфассал »

АЛ-ҶОМЕЪ ЛИ МУФРАДОТИ-Л-АДВИЯ ВА-Л-АҒЗИЯ

kniga

«АЛ-ҶОМЕЪ ЛИ МУФРАДОТИ-Л-АДВИЯ ВА-Л-АҒЗИЯ» («Китоби ҷомеъ дар баёни доруҳои сода ва ғизоҳо»), асари Зиёуддин Абдуллоҳ ибни Аҳмад, маъруф ба Ибни Байтор (1197 – 1248). Аз китобҳои беҳтарин дар дорушиносӣ буда, дар он тавсиф, табиат ва хосияти давоии зиёда аз 1400 доруи сода ва гиёҳҳои доругӣ бо номҳои арабӣ, юнонӣ ва …

Муфассал »

АЛЮМИНИЙ

aluminium

АЛЮМИНИЙ (Aluminium, Al), элементи химиявии гурӯҳи III ҷадвали Менделеев, рақами ат. 13, массаи ат. 26,98, ҳарор. гуд. 6600, ҳарор. ҷӯш. 25000. А. 8,8 фисади массаи қишри заминро ташкил медиҳад. Дар табиат дар ҳолати як изотопи собит вомехӯрад; чанд изотопи сунъии радиоактив ҳам дорад. Аксари намакҳои А. дар об нағз ҳал …

Муфассал »

АМБЛИОПИЯ

ambliopija

АМБЛИОПИЯ (Amblyopia; аз юн. amblus – суст, заиф ва opos – чашм), беқувват шудани чашм. А.-ро бемории «чашми танбал» низ меноманд. Одатан дар як, баъзан дар ҳарду чашм мушоҳида мешавад. А. маризии атфол аст (аз давраи таваллуд то синни 7-солагӣ давом мекунад). Баъзан дар кӯдаконе, ки як чашми онҳо гирифтори …

Муфассал »