Главная / Илм / ГНУС

ГНУС

gnusГНУС, номи умумии як гурӯҳ ҳашароти хунмаки болдор (пашшаю хомӯшакҳо). Ба Г. тақр. 900 намуди ҳашарот, аз ҷумла пашшаҳо, хомӯшакҳо, харакҳо, кӯрпашшаҳо, хармагасҳо, магасҳо ва ғ. дохил мешаванд. Намуд ва миқдори Г. ба шароити ландшафт ва иқлим вобаста аст. Резишгоҳу дарёбоди рӯдҳо, обанборҳо, киштзорҳои обӣ ҷои афзоиши Г. мебошанд.
Зарари Г. ба одамону ҳайвонот хеле калон аст. Оби даҳони Г. хориш, сӯзиш, газак, таб ва ангезиши пӯстро ба вуҷуд меорад. Мумкин аксуламали аллергӣ рух намуда, бо шоки анафилаксӣ анҷом пазирад (ниг. Аллергия, Анафилаксия). Ҳисси хоришу сӯзишро метавон бо роҳи молидани маҳлули спиртии навшодир ва содаи хӯрданӣ (ним қошуқча ба як истакон об) ба ҷойҳои осебдидаи пӯст бартараф кард. Дар мавридҳои нисбатан вазнин зарардидаро ба назди духтур фиристодан лозим аст. Дар давраи ҳамлаи селаи Г. одамон аз истироҳати бофароғат маҳрум мешаванд, маҳсули меҳнат паст ва осебҳои истеҳсолӣ зиёд мегарданд. Ҳашароти мансуб ба гурӯҳи Г.-ҳо паҳнкунандаи бисёр амрози хавфнок (табларза, энсефалит, вараҷа, филяриоз, туляремия ва ғ.) низ мебошанд. Чорвое, ки гирифтори ҳуҷуми селаи Г. гардидааст, лоғар ва камшир мешавад.
Тадбирҳои муҳофизат: роҳ надодан ба афзоиши Г.; нест кардани ҳашароти болиғ ва кирминаи онҳо (ниг. Дезинсексия); истифодаи воситаҳои хӯсонанда – репеллентҳо; пӯшидани либоси махсус, ки дар репеллент (туруд) тар карда шудааст; истифодаи пашшахона (аз дока ва тӯрҳои гуногуни сӯрохиашон майда) ва ғ. Ба дару тирезаи хонаҳо кашидани тӯрҳои капронӣ ё симбофт низ муфид аст. Дар ҳама мавридҳои истифодаи репеллентҳо қоидаҳои бехатарӣ (ба чашм, бинӣ, даҳон надаромадани зарраҳои онҳо) бояд қатъӣ риоя карда шаванд. Ниг. низ Пашша, Магасҳо.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …