Главная / 2017 / December / 20 (страница 3)

Архивы за день : 20.12.2017

БИОЛОГИЯ

biologiya

БИОЛОГИЯ (Biologia; аз био… ва …логия), маҷмӯи илмҳоест оид ба табиати зинда. Б. ҳамаи намудҳои организмҳои занда – аз вирусҳо то одам, сохту функсияҳои онҳо, инкишоф, пайдоиш, алоқаи байни онҳо ва муҳитро меомӯзад. Системаи илмҳои биологӣ мураккаб буда, бо гуногунии ҳаёти рӯи замин, усулҳо ва мақсади тадқиқи онҳо муайян карда …

Муфассал »

БИОЛОГИЯИ МОЛЕКУЛАВӣ

mol-bio

БИОЛОГИЯИ МОЛЕКУЛАВӣ, яке аз фаслҳои биология, ки равандҳои дохилии ҳаётро тадқиқ мекунад. Б. м. ба сифати соҳаи мустақили илм ибт. с-ҳои 50 а. 20 дар натиҷаи пеш рафтани донишҳо оид ба сохт ва амали чунин пайвастҳои муҳими химиявӣ, аз қабили сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеат, ба вуҷуд омадааст. Вазифаи Б. м. …

Муфассал »

БИОМИКРОСКОПИЯИ ЧАШМ

biomikroskopiya

БИОМИКРОСКОПИЯИ ЧАШМ, усули тадқиқи сохтори оптикии чашм (қарния, ҳуҷраи пеш, зуҷоҷия, гавҳарак, ҷисми шишамонанд). Б. ч. бо ёрии асбоби махсуси оптикӣ, ки аз манбаи рӯшноии тез ва микроскопи бинокулярӣ иборат аст, амалӣ гардонда мешавад. Б. ч. барои ошкор сохтани иллатҳои хурдтарини чашм, ҷисмҳои хурди бегона ва бемориҳои он имконияти мусоид …

Муфассал »

БИОНИКА

bionika

БИОНИКА, як фасли кибернетика, ки масъалаҳои гуногуни инженериро дар асоси таҳлили сохт ва фаъолияти организм ҳал мекунад. Дар рафти таҳаввулоти мавҷудоти гуногуни биологӣ дар онҳо узву бофтаҳои басо мувофиқ ба вуҷуд омадаанд. Дар баробари ин андозаи он узвҳо ниҳоят хурд ва барои истифодаи ҷонварон қулай мебошанд. Аз ин сабаб афзудани …

Муфассал »

БИОПСИЯ

biopsiya

БИОПСИЯ (Biopsia; аз био… ва opsis – дидан, тадқиқ), барои тадқиқи микроскопӣ бо мақсади ташхиси беморӣ бурида гирифтани порчаи хурди бофтаи организми зинда. Б. имкон медиҳад, ки тағйироти нонамоёни вазоифию сохтории организм муайян ва дар асоси он хусусиятҳои беморӣ (илтиҳоб, дистрофия, омос ва ғ.) дар ибтидо ошкор карда шавад. Б. …

Муфассал »

БИОСФЕРА ЧИСТ

biosfera

БИОСФЕРА (аз био… ва юн. sphera – қабат), табақаи махсуси кураи Замин, ҷои зисти мавҷудоти зинда. Б. қисми поёнии атмосфера (тропосфера), тамоми гидросфера ва қисми болоии қишри Замин (литосфера)-ро то чуқурии 2 – 3 км дарбар мегирад. Истилоҳи Б.-ро аввалин бор с. 1875 геологи австриягӣ Э. Зюсс ҷорӣ кардааст. Бинобар …

Муфассал »

БИОХИМИЯ

biokhimiya

БИОХИМИЯ (Biochimia; аз био… ва химия), химияи биологӣ, илмест, ки сохт, мубодила ва фаъолияти ҳаётии моддаҳои химиявии организмро меомӯзад. Б. а.-ҳои 19 – 20 дар натиҷаи муттаҳид гаштани дастовардҳои химияи органикӣ, физиология ва ғ. ба вуҷуд омад. Химияи органикӣ, ки мавзӯи тадқиқи он пайвастҳои карбонӣ мебошад, инчунин таҳлил ва синтези …

Муфассал »

БИРИНҶ

birinj-660x330

БИРИНҶ, маҳсулоти хӯрокии маъмул. Б.-ро аз шолӣ (Oryza sativa) мегиранд. Дар таркиби Б. карбогидратҳо, сафеда, равған, клечатка, оҳар, хокистар, моддаҳои пектинӣ, аминокислотаҳо, витаминҳои Е, В1, В2, В6, В15 ва микроэлементҳо мавҷуд мебошанд. Дар тибби қадим Б.-ро ба сифати ғизои парҳезӣ ва даво истифода мебурданд. Б. меъдаро қувват мебахшад, ҳангоми қабзият …

Муфассал »

БИСТАРИГАРДОНӣ

bistarigardoni

БИСТАРИГАРДОНӣ (Hospitalisatio), барои табобат ё таваллуд ба муассисаҳои табобатӣ ё таваллудхона хобондани бемор ё зани ҳомила. Б. таъҷилӣ (беморро баъди чанд соат ё ҳатто дақиқаи оғози беморӣ ба беморхона мефиристанд) ва нақшавӣ мешавад. Б.-и нақшавиро дар муддати чанд рӯз ва баъзан зиёдтар (мас., барои ташхис ба муоина фиристодани бемор ё …

Муфассал »

БИҲӣ

bihi

БИҲӣ, себи биҳӣ (Cydonia oblonga), бутта ё дарахтест маъмул. То 10 м қад мекашад. Баргаш байзашакл ё мудаввари дарозрӯя, гулаш гулобӣ ё сафеди хушбӯй. Мевааш лӯнда, нокшакли зард, мағзаш сахт, камоб. Дар Тоҷикистон бештар навъҳои серҳосили Чиллагӣ, Нокбиҳӣ, Себбиҳӣ, Миёнапазак, Дерпазак, Кулчабиҳиро мепарваранд. Меваи тару тозаи Б. хуштаъму серғизост. Аз …

Муфассал »