Главная / Биология / БИОЛОГИЯ

БИОЛОГИЯ

biologiyaБИОЛОГИЯ (Biologia; аз био… ва …логия), маҷмӯи илмҳоест оид ба табиати зинда. Б. ҳамаи намудҳои организмҳои занда – аз вирусҳо то одам, сохту функсияҳои онҳо, инкишоф, пайдоиш, алоқаи байни онҳо ва муҳитро меомӯзад. Системаи илмҳои биологӣ мураккаб буда, бо гуногунии ҳаёти рӯи замин, усулҳо ва мақсади тадқиқи онҳо муайян карда мешавад. Фасли Б., ки набототро тадқиқ мекунад ботаника ва он фасли Б., ки организмҳои ҳайвоноторо меомӯзад, зоология ном дорад. Ҳар кадом фасл, вобаста ба мавзӯи тадқиқ, ба қисмҳои майдатар (вирусология, микробиология, паразитология, микология, энтомология ва ғ.) ҷудо мешавад. Соҳаҳои алоҳидаи Б. ба тадқиқи сохти организмҳои зинда (анатомия, гистология, ситология), функсияи онҳо (физиология), қонуниятҳои ирсии аломатҳо ва тағйироти онҳо (генетика), тарзи ҳаёти ҳайвонот ва растанӣ ва робитаи онҳо бо муҳит, хусусиятҳои рафтор (этология) ва инкишофи фардӣ (Б.-и инкишоф), инчунин таърихи ҳаёти рӯи Замин ва ғ. бахшида шудаанд. Усулҳои нави тадқиқи физикӣ ва химиявӣ имкон доданд, ки биохимия ва биофизика аз Б. ҷудо шуда, фаслҳои мустақили илм гарданд.
Аҳамияти амалии тадқиқи биологӣ барои ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, хусусан барои тиб, ниҳоят калон аст. Омӯзиши ҳаёти бактерияҳо, вирусҳо, занбӯруғҳо (ниг. Занбӯруғҳои микроскопӣ) ва диг. барангезандаҳои амрози сироятии одам ва ҳайвонот имкон дод, ки тадбирҳои таъсирбахши пешгирии бемориҳои сироятӣ дарёфт карда шаванд.
Микроскопияи электронӣ, изотопҳои радиоактив, усулҳои муосири тадқиқи биофизикӣ ва биохимиявӣ имкон медиҳанд, ки сохт ва реаксияҳое, ки асоси ҷараёни биологии организмро ташкил додаанд, омӯхта шуда, сохти субҳуҷайравӣ ва мавқеи онҳо дар фаъолияти ҳаётии ҳуҷайраҳо тадқиқ, механизмҳои нозуки иммунитет ва бартараф намудани номувофиқатии бофтаҳо омӯхта шаванд. Кашфи антибиотикҳо дар муолиҷаи бемориҳои сироятӣ табодулот ба вуҷуд овард. Муваффақиятҳои генетика имкон медиҳанд бемориҳои ирсӣ ва ихтилоли дигари марбут ба дастгоҳи генетикии одам ташхис шаванд.
Вазифаҳои Б. гуногунанд. Б.-и молекулавӣ хеле пеш рафтааст. Вазифаи биологияи инкишоф аз муайян кардани фарқи ҳуҷайраҳо, қонунияти ба бофтаҳо, узвҳо, баъдтар ба тамоми организм роҳ ёфтани онҳо иборат аст. Пайдоиши ҳаёт ва таҷдиди муттасили давраҳои пайдоиши он, ҷараёни ба вуҷуд омадани намудҳои биологӣ – ҳамаи ин масъалаҳо дар марҳилаи ҳозираи инкишофи Б. низ хеле муҳим мебошанд. Диққати бисёр биологҳо ба тадқиқи маҳсулнокии табиии организмҳои зинда ва умуман биосфера, таъсири аҳолии кураи Замин ба равандҳои мӯътадили биосфера ва ҷустуҷӯи роҳҳои нагҳдорию афзун намудани ҳосилнокии он нигаронида шудааст. Ин масъала тадқиқоти илмиро дар бобати муҳофизати табиат ва дарёфти тарзи сарфакоронаи хоҷагидорӣ (ниг. Ҳифзи муҳити зист) дарбар мегирад.
Б.-и тоҷик таърихи қадим дошта, давраҳои муҳими он бо ному асарҳои Абӯалӣ ибни Сино, Берунӣ, Хайём, Исмоили Ҷурҷонӣ, Носири Хисрав ва диг. алоқаманд мебошад. Тадқиқи тиббӣ – ҷуғрофии флора ва фаунаи Тоҷикистон ох. а. 19 ва авв. а. 20 бо экспедитсияи олимони рус А.П. Федченко, О.А. Федченко, Н.А. Севертсов, Н.И. Вавилов, С.И. Коржинский оғоз ёфт. Дар такомулу ташаккули илмҳои биологӣ ва тарбияи мутахассисони соҳа кафедраҳои Б.-и донишкадаю донишгоҳҳои ҷумҳурӣ калон аст. Таи солҳои мавҷудият дар кафедраи Б.-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино роҷеъ ба «Фаунаи протозоии рӯда ҳини исҳоли музмин», «Хусусиятҳои бемориоварии соддатаринҳои рӯда», «Таъсири омилҳои экологӣ бар сатҳи гетерогению генетикии популятсияи Тоҷикистон», «Тағйирёбии баъзе параметрҳои антропометрӣ ва нишондиҳандаҳои морфологию биохимиявии хуни популятсавии сокинони Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо манотиқи иқлимию ҷуғрофӣ» ва ғ. пажӯҳишҳои назаррас анҷом пазируфтаанд. Тадқиқотҳо дар самтҳои гуногуни Б. идома доранд.
Ад.: Бердиев Н., Биология (китоби дарсӣ), Д., 2008.

Н.Б. Бердиев.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …