Главная / Илм / БИОСФЕРА ЧИСТ

БИОСФЕРА ЧИСТ


БИОСФЕРА (аз био… ва юн. sphera – қабат), табақаи махсуси кураи Замин, ҷои зисти мавҷудоти зинда. Б. қисми поёнии атмосфера (тропосфера), тамоми гидросфера ва қисми болоии қишри Замин (литосфера)-ро то чуқурии 2 – 3 км дарбар мегирад. Истилоҳи Б.-ро аввалин бор с. 1875 геологи австриягӣ Э. Зюсс ҷорӣ кардааст.
Бинобар фаъолияти мавҷудоти зинда дар Б. гардиши муттасили моддаҳо ва энергия рух менамояд. Таъсири тарафайни оқилонаи инсоният ва табиатро ноосфера меомӯзад. Аз маълумоту тадқиқотҳо бармеоянд, ки одам ба Б. бештар таъсири манфӣ мерасонад. Ифлос гаштани атмосфера ва ҳавзаҳои об, нест кардани наботот ва баъзе намудҳои ҳайвонот, хароб намудани захираҳои табиӣ ва ғ. боиси тағйир ёфтани равандҳои табиӣ дар тамоми кураи Замин мегардад.

biosferaИн гуна ноҷуриҳо ба мувозанати экологӣ байни одамон ва муҳити зист рахна ворид карда, оқибати фалокатбор доранд. Мас., нобуд сохтани ҷангалзор метавонад боиси авҷ гирифтани бемории энсефалити канагӣ шавад; ба минтақаи саваннаҳои тропикии Амрико роҳ ёфтани одам барои афзоиши кӯршапаракҳои хунмак, ки интиқолдиҳандаи ангезандаи ҳорӣ мебошанд, шароити мусоид фароҳам овард; обёрӣ кардани саваннаҳои Африқо муҷиби густариши шистосомозҳо гашт ва ғ. Ниг. низ Ҳифзи муҳити зист, Экология.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …