БИОМИКРОСКОПИЯИ ЧАШМ, усули тадқиқи сохтори оптикии чашм (қарния, ҳуҷраи пеш, зуҷоҷия, гавҳарак, ҷисми шишамонанд). Б. ч. бо ёрии асбоби махсуси оптикӣ, ки аз манбаи рӯшноии тез ва микроскопи бинокулярӣ иборат аст, амалӣ гардонда мешавад. Б. ч. барои ошкор сохтани иллатҳои хурдтарини чашм, ҷисмҳои хурди бегона ва бемориҳои он имконияти мусоид фароҳам меорад. Б. ч. хусусан барои ташхиси кератит, иридосиклит, катаракта ва ғ. муҳим аст.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …