Главная / Илм / МИЗОҶ

МИЗОҶ

МИЗОҶ, сиришт, ниҳод, табиат, хулқ, хусусияти ботинии табиии одам, мувофиқи назарияи тибби қадим ва тибби халқии як қатор мамлакатҳои Шарқ сиришт ва табиати инсон аст, кайфиятест, ки аз омезиши чор унсур (ё аносири арбаа) – оташ, бод, хок ва об ба ҳам мерасад. М. дар асоси иртибот ва алоқамандии чор унсур, ки ном бурда шуданд, 4 хилт (моддаҳои асосии моеъи дохили бадан – хун, балғам, сафро ва савдо) ва 4 хусусияти иқлимӣ – ҳарорат (гармӣ), бурудат (хунукӣ), рутубат (намӣ) ва юбусат (хушкӣ) кашф ва муқаррар карда шудааст. Онҳо ба табиати 4 фасли сол (баҳор, тобистон, тирамоҳ ва зимистон) ва 4 узви асосии бадан (дил, майна, сипурз ва ҷигар) нисбат дода шудаанд. Назарияи М. аз қадимтарин ва машҳуртарин назарияҳои илми тиб мебошад. Ба ақидаи бисёре аз уламои тиб чор унсур, ки онҳоро аркон ё асли ҳамаи ҷисмҳо низ меноманд, басит (ғайри мураккаб) будаанд, яъне бо ғайри зоти худ таркиб наёфтаанд ва ҳангоме, ки аркон бисёр реза-реза мешаванд, аъзои онҳо бо ҳам омехта гардида, ба ҳадде феълу афъол менамоянд, ки сурати ваҳдати кайфияти дигаре, сурати ваҳдонӣ ҳосил мекунанд, ки он М. аст. Сабаби пайдоиши бемориҳо, тамоми хусусиятҳои физиологии бадани инсон (аз кӯдаки навзод то куҳансолон), норасоиҳо ва дигаргуниҳои иқлимию ҷуғрофӣ дар аснои беморӣ, табиати хӯрок, нӯшокиҳо, доруҳо ва ғ. ҳама вобаста ба М. дониста мешуд. Ба қавли Арасту, Буқрот ва Ҷолинус ахлоти чаҳоргона (чор халт), яъне хун, балғам, сафро ва савдо, ҳар кадом дар бадани инсон аз унсурҳои муҳими беруна (аз 4 унсур) ба вуҷуд меоянд. Абӯалии Сино ин назарияро рад намуда, исбот мекунад, ки ахлоти чаҳоргона дар дохили узвҳои худи бадан ҳосил мешаванд. Ахлоти чаҳоргона дар як ранг, дар як ҳолат ва мизон намеистанд, балки ҳамеша дар ҳолати тағйир ва ҳаракат мебошанд ва манбаи қувваҳои асосии организм (ҳайвонӣ, нафсонӣ, ҳис, ҳаракат ва тафаккур) ба шумор мераванд. Тавсифи ин ахлот, табиати онҳо, салоҳият ва фоидаи онҳо дар бадан дар ҷадвал дода шудаанд.
Физиологи рус И. П. Павлов нахустин бор хелҳои мизоҷи одамонро аз рӯи навъҳои системаи асаб ҷудо карда, 4 гурӯҳи онро – сангвинӣ (дамавӣ), холерӣ (савдовӣ), меланхолӣ (сафроӣ) ва флегматӣ (балғамӣ) муқаррар ва аз ҷиҳати илмӣ асоснок намуд, ки ин гурӯҳҳо ба назарияи М. мувофиқат мекунанд ва ҳар яке аз онҳо, чунон ки дар ҷадвал дида мешавад, ба афзалияти ин ё он хилт дар бадан алоқаманд аст.
М.-и инсон ба чигунагии омезиши чор унсур ва 4 хосияти онҳо вобастааст. Аз ин ҷиҳат М. ба ду навъ тақсим мешавад: М.-и мӯътадил ва М.-и номӯътадил. Ба ибораи тиббӣ гӯем, «чун аҷзои аркон (чор унсур) мумосси якдигар шавад, кайфияти мутазодаи баъзе дар баъзе амал кунад ва агар мизоҷ бар манҳаҷи васат (ба якдигар майлкунанда) дар миёни кайфиёти мутаада воқеъ шавад, чунин мизоҷро мӯътадили ҳақиқӣ хонанд. Чунин мизоҷ вуҷуд надорад, онро фақат ба тариқи фараз тавон ангошт». Яъне М.-и мӯътадил (М.-и одами ҷавону солим, ки аз ҳар ҷиҳат – аз ҷиҳати қувва, ҳис, тафаккур, заковат ва ғ. комил бошад) дар табиат вуҷуд надорад ё кам вомехӯрад. Аммо М.-е, ки дар миёни кайфияти мутазода моили якдигар бошад, яъне М.-и номӯътадил, иборат аз 8 қисм аст: 1) фақат моил ба ҳарорат (гарм); 2) фақат моил ба бурудат (хунук); 3) фақат моил ба рутубат (тар); 4) фақат моил ба юбусат (хушк); 5) моил ба ҳарорат ва юбусат (М.-и оташ); 6) моил ба ҳарорат ва рутубат (М.-и обу ҳаво); 7) моил ба бурудат ва юбусат (М.-и хок) ва 8) моил ба бурудат ва рутубат (М.-и об).
М.-и номӯътадил 4 дараҷа дошта, ҳар кадоме ба 3 поя тақсим мешавад. Ҳамаи ҷисмҳо, минералҳо, хӯрокворӣ, наботот, доруҳо, аз ҷумла узвҳои ҳайвонот, аз рӯи ранг, бӯй, таъм ва таъсири худ ба организм мувофиқи ҳамин дараҷаҳо ва пояҳо тасниф карда шудаанд. 4 дараҷаи М.-ро аз рӯи таъсири дору ба организм муайян мекарданд, ки меъёри он тақрибан чунин буд (ба ибораи тиббӣ): 1) агар миқдори ками он ба бадани аҳдос (ҷавон ва солим) кайфияте зиёду ғолиб нанамояд, миқдори бисёр ва такрори истеъмоли он тағйири каме намояд, аммо ноқису мухтал (вайрон) насозад, дараҷаи аввалӣ гӯянд; 2) агар миқдори ками он кайфияти ғолиб ва зоид намояд, аммо зиёдатии миқдор ва такрори истеъмоли он ба ҳадди зарар ва фасод нарасад, дараҷаи сония номанд; 3) агар зиёдатии миқдор ва касрати истеъмоли он ба зарару фасод ва нуқсону ихтилол расад, лекин муҳлик (ҳалокатовар) набошад, дараҷаи солиса гӯянд; 4) агар зарари бисёр ва азим дар руҳ ва қувваҳо намояд, ба ҳадди ҳалокат расонад ва муҳлик бошад, дараҷаи робиа номанд. Тибби қадим чунин мешуморад, ки мизони 4 ахлот ё М.-и инсон дар бадан бояд ба дараҷаи зарурӣ, яъне қадре бошад, ки барои организм ҳатман лозим аст. Агар ба сабаби шароити иқлим ё риоя накардани режим ва ғ. ин мизон вайрон шавад, он боиси беморӣ ва ҳатто ҳалокат мегардад. Беморонро дар асоси принсипи «унсурҳои ба ҳам зид» муолиҷа мекарданд. Мас., беморие, ки аз афзоиши мизони гармӣ ва хушкӣ пайдо шудааст, бо доруҳои хунук ва тар, аммо беморие, ки ба сабаби афзудани мизони хунукӣ ва намӣ пайдо шудааст, бо доруи гарму хушк муолиҷа карда мешуд. Агар М.-и бемор гарм ва доруҳое, ки ба ӯ додан зарур аст, низ табиатан гарм бошанд, ба он дору то дараҷаи муайян гиёҳ ё хӯрокҳои табиатан хунук илова карда мешуд ва ғ. Мувофиқи назарияи тибби қадим М.-и одамон ба ҷинс, синну сол, иқлим вобастааст. Дар «Ал-Қонун» гуфта мешавад, ки М.-и кӯдакон ва наврасон назар ба калонсолон гармтар ва намноктар, М.-и куҳансолон сарду хушк, М.-и занон назар ба М.-и мардон хунуктар ва намноктар, М.-и сокинони мамлакатҳои шимол назар ба М.-и шахсоне, ки дар ҷануб истиқомат мекунанд, намноктар аст. Ба ҳар узви дохилии бадан М.-и махсусе низ хос мебошад. Ба қавли Ибни Сино тартиб ва нисбати узвҳои гарми бадан чунин аст: гармии М.-и руҳ зиёдтар аст (>) аз дил > хун > ҷигар > шуш > мушакҳо >сипурз > гурда ва ғ.; узвҳои М.-и хунук: балғам хунуктар (>) аз чарбу > мӯй > устухон > тағояк > пайҳо > пардаҳо > асабҳо > ҳароммағз > майнаи сар > пӯст ва ғ.; узвҳои тар: рутубати балғам зиёдтар аст (>) аз хун > равған > майнаи сар > ҳароммағз > пистон > тухмдон > шуш > ҷигар > сипурз > гурда > мушакҳо > пӯст; узвҳои М.-и хушк: хушкии мӯйҳо зиёдтар (>) аз устухон > тағояк > пайҳо > пардаҳо > рагҳо > асабҳои ҳаракат > дил > асабҳои ҳиссиёт > пӯст. Ағзия ва адвия (хӯроквориҳо ва доруҳо) ба чунин гурӯҳҳо тақсим мешаванд: 1) ғизои мутлақ – хӯроквориҳое, ки фақат хусусияти ғизоӣ дошта, М.-и одамро тағйир намедиҳанд; 2) давои мутлақ – моддаҳое, ки хосияти ғизоӣ надоранд, вале метавонанд М.-и одамро дигар кунанд; 3) ғизои давоӣ – моддаҳое, ки хосияти ғизоии онҳо назар ба таъсири давоии онҳо зиёдтар ё қавитар аст (бодиринг, каду, харбуза, ангур, шалғам, сабзӣ, мош, лӯбиё ва ғ.); 4) давоҳои ғизоӣ – моддаҳое, ки таъсири давоии онҳо нисбат ба хусусияти ғизоиашон зиёдтар аст (наъно, сир, коснӣ, тут, олу ва ғ.); 5) моддаи зулхосиятайн – дар баробари таъсир ба М. боз таъсири махсус ҳам доранд. Мас., заҳрҳо, ки баръакси фаъолияти организм таъсир карда тамоми узвҳо, қувваҳо ва гармии табиии баданро хароб намуда, боиси дарду машаққат ва ҳатто ҳолати марговар мегарданд; подзаҳрҳо ва тарёкҳо, ки бо таъсири махсуси худ қувваҳо, гармӣ ва танзими баданро барқарор, таъсири заҳрҳоро бартараф ва организмро солиму мустаҳкам менамоянд.
Ахлот Табиат Салоҳият Анвои мизоҷи одамон
Хун (лот. Sanguis) ҳор ва ратб (гарм ва тар) мизоҷи бод Лавни (ранги) ӯ аҳмар, таъми ӯ дилнокаш ва ширинтар аз дигар ахлот, фоидаи ӯ дар бадан ин аст, ки тағзия, тасхин ва тартиб мекунад Сангвинӣ
Сафро (юн. Chole) ҳор ва ёбис (гарм ва хушк) Лавни ӯ аҳмар моил ба суфрат (зардча), таъми ӯ талхтар, фоидаи ӯ дар бадан он аст, ки чизе аз ӯ бо хун мунзам шавад, тағзияи баъзе аъзо кунад ҳамчун рия ва баҳдат, худ талаттифи хун бошад, қатъи рутуботи лазҷа (часпак) аз ҷигар кунад ва баданро гарм дорад, муовини дафъи фузулот шавад. Холерӣ
Савдо (юн. Melancholia борид ва ёбис (хунук ва хушк) Таъми ӯ турш аст, салоҳияти он дорад, ки чизе аз он бо хун мунзам шавад, баъзе аъзоро ҳамчун эзом (устухон) ғизо диҳад ва аз теҳол (сипурз) ба замми меъда мунсиб шавад, бар шаҳват бияфзояд ва хуни рақиқро ғализ гардонад чун бо ӯ мухталит шавад. Меланхолӣ
Балғам (лимфа; юн. Phlegma борид ва ратб (хунук ва тар) Таъми он ба таъми об қариб аст, салоҳияти он дорад, ки хун шавад, фоидаи ӯ дар бадан он аст, ки агар вақте бадан ғизо наёбад, табиати ӯро нафҷ (намӣ) диҳад ва ба мартабае расонад, ки ғизо шавад ва низ аз фавоиди ӯ он аст, ки тартиби аъзо кунад алалхусус мафосилро (банду буғумҳоро). Флегматӣ

Ад.: Капранов В. А., Раҳим Ҳошим, Ҳикмати асарҳо, Д., 1975; Абӯалӣ ибни Сино, Қонуни тиб, китоби I, Д.,1991; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1999.

Ю. Н. Нуралиев.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …