Главная / Илм / БИОПСИЯ

БИОПСИЯ

biopsiyaБИОПСИЯ (Biopsia; аз био… ва opsis – дидан, тадқиқ), барои тадқиқи микроскопӣ бо мақсади ташхиси беморӣ бурида гирифтани порчаи хурди бофтаи организми зинда.
Б. имкон медиҳад, ки тағйироти нонамоёни вазоифию сохтории организм муайян ва дар асоси он хусусиятҳои беморӣ (илтиҳоб, дистрофия, омос ва ғ.) дар ибтидо ошкор карда шавад. Б. барои тасдиқи беморӣ ва интихоби усули табобат зарур аст.
Б. дар соҳаҳои гуногуни тибби клиникӣ (амалӣ) – ҷарроҳӣ, урология, онкология, гематология, гастроэнтерология, иммунология ва ғ. ба кор бурда мешавад. Чунончи, ташхиси бофтаи мавриди ҷарроҳӣ гирифта имкон медиҳад, ки нафақат шакл ва хусусияти манбаи иллат, балки тамоман ё қисман бурида партофтани он, инчунин ҳудуди бофтаҳои солим муайян карда шавад.
Б.-и такрорӣ барои ташхиси бемориҳои мушобеҳ, интихоби маводи зарурӣ, назорати таъсири дору ва муолиҷаи беморӣ имкон медиҳад.
Техникаи тиббӣ ба он қодир аст, ки барои Б. қариб аз ҳамаи узвҳои организм бофтаҳо гирифта шаванд. Усулҳои техникии Б. низ хеле такмил ёфтаанд.
Б. инсизиявӣ (чок кардан), пунксиявӣ ва аспиратсиявӣ мешавад. Дар аснои Б.-и инсизиявӣ бофтаро бо усули ҷарроҳӣ ва ҳангоми Б.-и пунксиявӣ (барои санҷиши ҷигар, мағзи устухон, ғуддаҳои лимфа, гурдаҳо, испурч, ғадуди простата, омосҳои гуногун истифода мегардад) ба воситаи сӯзанҳои махсус мегиранд. Б.-и аспиратсиявиро дар ташхиси узвҳои ҷавфи организм (трахея ва бронхҳо) истифода бурда, аз организм бо ёрии сӯзан ё ягон асбоби махсус муҳтавои онро мегиранд.
Ғайр аз ин, Б.-ро бо роҳи «тарошида» гирифтани сатҳи бофта низ мегузаронанд. Ин гуна усули Б. дар мавриди муоинаи луобпарда ва гарданаи бачадон кор фармуда мешавад. Б.-и оҷилӣ (экспресс-биопсия) низ мавҷуд аст. Онро дар вақти амалиёти ҷарроҳӣ ба кор мебаранд. Имкониятҳои Б. бинобар ривоҷи техникаи эндоскопӣ (ниг. Эндоскопия), ки барои бевосита гирифтани пораҳои луобпардаи меъда, рӯда, бронхҳо, пешобдон ва ғ. шароити мусоид фароҳам меорад, хеле васеъ гаштанд. Дар заминаи инкишофи кардиохирургия Б.-и дил имконпазир гашт.
Б. фақат дар муассисаҳои тиббӣ ба ҷо оварда мешавад. Дар аснои Б. ба қоидаҳои тозагӣ (ниг. Асептика) қатъӣ риоя менамоянд. Аҳволи беморро ба назар гирифта, амалиётро тавре иҷро мекунанд, ки ба саломатии ӯ осеб нарасад. Баъзан ҳангоми Б. аз усули бедардгардонӣ низ истифода бурда мешавад (ба бемор зарурати ин амалро мефаҳмонанд). Агар бемор ба саривақт гузаронидани Б. розӣ нашавад, саломатиашро зери хатар мегузорад.
Бофтаи аз организм гирифтаро барои ташхис махсус тайёр мекунанд. Ҳангоми интиқол ва нигоҳ доштани бофта қоидаҳои зарурӣ риоя карда мешаванд. Духтури патологоанатом дар асоси тадқиқи микроскопии бофта оид ба хусусияти тағйироти узвҳои бемор ва нишонаҳои беморӣ хулоса мебарорад.
Дар ҷумҳурӣ дар кори татбиқи Б.-и ҷигар саҳми Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология назаррас мебошад. Кормандони пажӯҳишгоҳи мазкур зери роҳбарии акад. АИ ҶТ Мансуров Ҳ. Ҳ. дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда ба ин амал даст заданд. Дар пажӯҳишгоҳ исботи якхелагии маълумоти тадқиқи биопсиявии узв ва тағйироти сохтории мавҷудаи он пешниҳод гашт, роҷеъ ба аҳамияти ташхисии Б. маводи зиёд гирд оварда шуд. Кормандони пажӯҳишгоҳ нишондодро дар робита ба Б. дар Атласи тадқиқи гистологии ҷигар ба табъ расонданд. Он дар кори Б. – и ҷигар дастури асосӣ маҳсуб мешавад.
Ад.: Мансуров Х.Х., Биопсия печени, Д., 1964; Ҳамон муаллиф, Атлас гистологических исследований печени, Д., 1964.
Ҳ. Ҳ. Мансуров.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …