Главная / Илм / БИОХИМИЯ

БИОХИМИЯ

biokhimiyaБИОХИМИЯ (Biochimia; аз био… ва химия), химияи биологӣ, илмест, ки сохт, мубодила ва фаъолияти ҳаётии моддаҳои химиявии организмро меомӯзад. Б. а.-ҳои 19 – 20 дар натиҷаи муттаҳид гаштани дастовардҳои химияи органикӣ, физиология ва ғ. ба вуҷуд омад. Химияи органикӣ, ки мавзӯи тадқиқи он пайвастҳои карбонӣ мебошад, инчунин таҳлил ва синтези моддаҳое, ки бофтаҳои зиндаро ҳосил мекунанд, асоси Б.-и сохторӣ (фасли Б., ки моддаҳои органикии табиӣ, таҳлил ва синтези онҳоро меомӯзад) маҳсуб мешаванд. Тадқиқи ҷараёни химиявие, ки асоси фаъолияти ҳаётии организм мебошад, боиси ташаккули Б.-и динамикӣ гардид. Б.-и динамикӣ назар ба химияи органикӣ ба тиб ва физиология наздиктар аст, бинобар ин қаблан онро химияи физиологӣ ё тиббӣ меномиданд.
Аз нигоҳи илми химия омӯхтани материяи зинда аз замонҳои қадим маълум аст. Он бо зарурати тадқиқи организмҳои зинда (ҳайвонот ва растаниҳо), ки эҳтиёҷоти амалии тиб, кишоварзӣ ва саноат ба миён овард (таҳияи дору ва хушбӯиҳо, даббоғии пӯст ва рангубори матоъ, нонпазӣ, панирпазӣ, шаробкашӣ, пивопазӣ ва ғ.), алоқаманд мебошад. Оид ба табдили химиявии моддаҳои гуногуни биологӣ тадриҷан маълумоти зиёд ҷамъ омаданд. Илми тиб ба инкишофи тадқиқоти химиявӣ оид ба олами наботот ва ҳайвонот таъсири калон расонд. Дар ибт. а. 16 Теофраст Параселс таълимотеро асоснок намуд, ки мувофиқи он пайдоиши бемориҳо ба ихтилоли ҷараёни химиявии организми бемор вобаста аст ва барои муолиҷаи онҳо истеъмоли моддаҳои химиявӣ заруранд. Минбаъд духтурон ва дорусозон Б.-ро бо кашфиёти сершумор ғанӣ гардониданд. Тадриҷан Б. мисли дигар илмҳо ба соҳаҳои алоҳида ҷудо шуда, баъдтар Б.-и одам ва ҳайвонот, Б.-и растанӣ, Б.-и микробҳо (микроорганизмҳо), Б.-и вирусҳо, инчунин Б.-и техникӣ (коркарди ашёи хоми ҳайвонот ва растанӣ, тайёр кардани хӯрокворӣ, доруҳои витаминдор ва гормонӣ, антибиотикҳо ва ғ.) ба вуҷуд омаданд.
Ба чандин илмҳои махсус ҷудо шудани Б.- ро зарурати омӯзиши ҷараёни ҳаёт дар пояҳои гуногуни сохти материяи зинда тақозо мекард. Ҳамин тавр, Б.-и эволютсионӣ ва муқоисавӣ (ҷараёни биохимиявии организмҳои зиндаро дар марҳалаҳои гуногуни инкишоф меомӯзад), генетикаи биохимиявӣ ва биологияи молекулавӣ (сохт ва вазифаи сафедаҳо, кислотаҳои нуклеат, инчунин мавқеи онҳоро дар ҷараёни ҳаёт меомӯзад), Б.-и витаминҳо, гормонҳо, ферментҳо, Б.-и радиатсионӣ, Б.-и квантӣ ва ғ. ташаккул ёфтаанд. Талаботи тибби клиникӣ Б.-и клиникиро ба вуҷуд овард, ки вазифаи асосии он ташхиси бемориҳои гуногун ва омӯзиши тарзи пайдоиши онҳо мебошад.
А. 20 дар соҳаи илмҳои биологӣ усулҳои тадқиқи илмҳои дақиқ (химия, физика, математика, кристаллография ва ғ.) роҳ ёфтанд ва ин дастовардҳои назарраси Б. гашт. Муайян шуд, ки ташкилаҳои ултраструктурии ҳуҷайраҳои зинда вазифаи махсуси биохимиявиро иҷро мекунанд. Чунончи, дар ядрои ҳуҷайра нуклеотидҳо, кислотаҳои нуклеат ва нуклеопротеидҳо (пайвастаҳое, ки ахбори ирсиро интиқол мекунанд) ҳосил мешаванд. Баъдтар сохти сафеда ва дар сафедаҳои гуногун мураттаб ҷой гирифтани аминокислотаҳо муайян гашт; аз с. 1916 ин ҷониб зиёда аз 200 навъи сафедаю гормонҳо ҳосил карда шуданд. Аз ҷумла, гормони сафедадори инсулин ба даст оварда шуд, ки бисёр беморони гирифтори диабети қандро аз марг наҷот дод.
Баҳри пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои одам саривақт гузарондани ташхиси биохимиявӣ аҳамияти калон дорад. Солҳои охир дар соҳаи Б.-и клиникӣ усулҳои гуногуни таъҷилӣ ва асбобу анҷоми автоматӣ истифода мешаванд. Онҳо имкон медиҳанд, ки дар ҳаҷми ками маводи тадқиқӣ (мас., дар як чакра хун) моддаҳои гуногунро зуд муайян ва баъзан бемориро ташхис кунанд.
Айни ҳол ба муайян кардани фаъолияти ферментҳои зардоби хун, пешоб, инчунин ҳуҷайраҳои алоҳида (лейкоситҳо, эритроситҳо, фибропластҳо ва ғ.) аҳамияти калон дода мешавад.
Кафедраи Б.-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки аз с. 1940 фаъолият дорад, имрӯз ба маркази калони корҳои илмию тадқиқотӣ табдил ёфтааст. Дар он роҷеъ ба мӯътод гаштани организми одам ва ҳайвонот ба шароити баландкӯҳ пажӯҳишҳои ҷолиб анҷом дода шуданд. Маълум гашт, ки тағйирот дар мубодилаи моддаҳои ҷигар ва майна ҳангоми гипоксияи шадид ва музмин бинобар дигаргуниҳои таркиби липидии мембрана, фаъол шудани баъзе системаҳои ферментӣ ва оксид гаштани липидҳо ба амал меояд. Пажӯҳишҳо дар ин самт идома доранд.
Ад.: Биохимия (китоби дарсӣ), Д., 1992; Клиническая биохимия (зери таҳрири В.А. Ткачук), М., 2004; Биохимия (зери таҳрири Е.С. Северин), М., 2005; Якубова М.М., Биохимия, Д., 2010.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …