Главная / Илм / БИҲӣ

БИҲӣ

bihiБИҲӣ, себи биҳӣ (Cydonia oblonga), бутта ё дарахтест маъмул. То 10 м қад мекашад. Баргаш байзашакл ё мудаввари дарозрӯя, гулаш гулобӣ ё сафеди хушбӯй. Мевааш лӯнда, нокшакли зард, мағзаш сахт, камоб. Дар Тоҷикистон бештар навъҳои серҳосили Чиллагӣ, Нокбиҳӣ, Себбиҳӣ, Миёнапазак, Дерпазак, Кулчабиҳиро мепарваранд.
Меваи тару тозаи Б. хуштаъму серғизост. Аз он мураббо, полуда, нӯшоба, мармалод, повидло тайёр мекунанд, бо оши палав меандозанд. Дар таркиби меваи тару тозаи Б. қанд (глюкоза, фруктоза, сахароза), ҷавҳраи себу лиму, кислотаи тартрат, моддаҳои пектинӣ, даббоғӣ, витамини С, равғани эфир, оҳан, мис мавҷуданд.
Бино ба маълумоти Абӯалии Сино Б. хосияти банданда ва нерубахшӣ дорад, афшураи он ҳангоми зиқи нафас муфид аст. Хунпартоӣ ва қайро бозмедорад, хумор ва ташнагиро мешиканад, меъдаро тақвият мебахшад. Агар нақеъ ё ҷӯшоби Б.-ро баъди шароб нӯшанд, хуморро рафъ месозад. Б. хосияти хуби пешобронӣ дорад, ҳангоми исҳоли хунин муфид аст. Абӯалии Сино тухми Б.-ро дар мавриди илтиҳоби масона давои хуб ҳисобидааст. Бино ба маълумоти «Махзану-л-адвия»-и Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ истеъмоли Б., бахусус Б.-и ширин, ба асаб таъсири мусбат мерасонад, сардардро рафъ, табъро болида ва бӯи нохуши даҳонро нест мекунад, дилу ҷигар ва меъдаро қувват мебахшад, иштиҳоро мекушояд. Б. ҳангоми дилзанӣ, дилбеҳузурӣ, беҳолӣ, исҳол, зардпарвин, хунравӣ, хунпартоӣ ва ташнагӣ муфид аст. Луоби тухми Б. хориши гулӯ, сулфаи хушк, табларза, сӯзиши забону даҳон ва хушкидани даҳонро рафъ месозад.
Табибони халқӣ ҷавҳар ва тухми Б.-ро барои табобати камхунӣ, бод, хала, иллати узвҳои нафас, истисқо (обхӯра), исҳол, сулфа ва ғ. тавсия медиҳанд, бо Б. газаки кӯҳнаи меъда ва диабети қандро табобат менамоянд. Барг ва пӯстлохи навдаҳои наврустаи Б. давои диабети қанд ва ғалаёни хун аст. Бо ин мақсад 1 – 2 чумча баргу пӯстлохи майдакардаро ба 1 истакон (200 мл) об андохта, дар оташи паст 15 дақиқа меҷӯшонанд. Баъди хунук шудан, онро полида, рӯзе 3 маротиба 1 қошуқча менӯшанд.
Гули тару тозаи Б. аз ҷиҳати мизоҷ мӯътадил дар гармиву сардӣ мебошад, андак қуввати қабзкунандагӣ дорад. Агар инро бихӯранд, дарди сар ва туғёни ҳарорати баданро таскин медиҳад, дил, майна ва меъдаро қувват мебахшад. Агар аз гули Б. мураббо тайёр карда бихӯранд, узвҳои даруни сина, дил, узвҳои даруни шикамро қавӣ мегардонад; таппидани дилро, ки сабабаш гармӣ бошад, шифо мебахшад ва баромадани бухорҳои зарарнокро ба майна манъ мекунад.
Мева ва барги Б.-ро кӯфта бардавом гузошта банданд, варамҳои гарми чашм ва диг. узвҳоро таҳлил медиҳад, заҳри ҷонваронро аз бадан дафъ мекунад; барги онро кӯфта банданд, захмро хушк месозад.
Пашмаки меваи Б. ба ҳалқ ва овоз зарар дорад. Агар онро бипошанд, хуни ҷароҳатро мебандад. Мағзи тухми Б. каме часпандагӣ дорад. Агар онро бихӯранд, қуввати боҳ мебахшад; барои узвҳои нафас, сурфа, гирифтагии овоз, захми рӯдаҳо даво аст.
Дар тибби муосир аз тухми Б. луоб тайёр мекунанд, ки барои хуштаъм кардани доруҳои обакӣ ва маҳлулҳо истифода мешавад. Тухми Б.-ро чун воситаи исҳоловар ҳангоми қабзият тавсия медиҳанд. Ҷӯшоби луобии онро дар мавриди газаки меъда ва колити музмин истеъмол менамоянд.
Ад.: Нуралиев Ю.Н., Лекарственные растения, Д., 1988; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1993.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …