Главная / Гуногун / ИДИ ҚУРБОН 2024-ум сол

ИДИ ҚУРБОН 2024-ум сол

Иди Курбон соли 2024 санаи 18-уми июн тибқи тахминҳо таҷил карда мешаванд.

Таърихи Пайдоиш: Мувофиқи китоби муқаддаси «Қуръон», фаришта Ҷабраил ба хоби паёмбар Иброҳим даромада ба у расонидааст, ки Аллоҳ фармудааст, ки ӯ фарзанди худро қурбонӣ намояд. Дар китоб номи фарзанди пайғамбар гуфта нашудааст, вале мутобиқи навиштаҷотҳо номи писари калонии расул – Исмоил, бештар номгирӣ карда шудааст.

Дар навиштаҷотҳои яҳудӣ номи дигари паёмбар- Исҳоқ зикр карда шудааст. Иброҳим ба водии Мино ки ҳоло ин ҷо шаҳри Макка мебошад барои таёрӣ дидан рафтааст. Дар бораи донистани қурбонии худ писари паёмбар пай мебарад, вале ба ин ягон мухолифӣ намекунад. Чун ки вай фармонбардори Аллоҳ ва итоаткунандаи падар буд. Лек ин санҷиш аз Парвардигор буд ва ҳангоме, ки паёмбар қариб буд ки писари худро аз сар бетан кунад, ин ҳангом корд кунд шуд. Ин исбот шуд ки паёмбар ба Парвардигори худ содиқ аст ва ба ҷои молӣ қурбонишаванда чорво (гусфанд) қобили қабул дониста шуд. Баъдан ба паёмбар як тои дигар фарзанд (писар) тақдим карда шуд, ки номаш Исҳоқ буд.

Дар рузи Иди Курбон намоз хонда мешавад:

Ният кардам, бигузорам ду ракаъат намози иди Қурбон бо ҷумлаи такбироташ, ки воҷиби ҳамин вақт аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисаллилоҳи таъоло Аллоҳу акбар.

Ин сухани дар боло гуфташуда, Нияти намози идонаи Курбон буда дар оғози намози Курбон аз тарафи иштирокчиёни намоз гуфтан ҳатмӣ мебошад, ва ин ба забони тоҷикӣ аст.

Маълумоти мухтасар дар бораи намози идонаи Курбон:

Хондани намози идонаи Курбон, воҷиб буда беҳтар аз суннат мебошад вале аз фарз поёнтар аст. Ин намози ҷамъиятии мардона буда дар масҷид субҳидам рузи 10-уми моҳи Зулҳиҷа- яъне 70-руз пас аз моҳи шарифи Рамазон, хонда мешавад.

Вақти намози идонаи Курбон пас аз тақрибан 30 дақика баромадани офтоб то нисфирузӣ (вақти намози пешин) хондан мумкин аст вале асосан хубтараш субҳидам. Намози иди Қурбон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон соли 2024-уми шамсӣ соати 6:30 муқаррар карда шудааст!

Рузи хондани намози идонаи Курбонӣ ҳатман ботаҳорат ва хубтараш – ғуслдор, буда либоси тоза ва таъби болида доштан зарур аст. Пас аз намози идона кас метавонад ба аёдати бечораҳолон, наздикон, азизон, беморон, манзил ва хонадонҳое ки чанде пеш наздиконашон фавдидааст рафта пораҳои Қуръонро хонанд амалҳои нек ҳисобида мешавад.

Дар ин руз тибқи талаботҳои исломӣ шахси доранда бояд Қурбонӣ – яъне ҳайвони солиму болиғро қурбонӣ намуд гушти онро ба мардум тақсим намояд. Дар Тоҷикистон ба мисоли дигар давлатҳои исломӣ рузи иди қурбон дар оилаҳои доранда қурбониро бо роҳи куштани ҳайвони ҳалол пас аз намози иди қурбон ба роҳ монда шуда гушти он ҳайвонро ба мардум хурок карда пешниҳод менамоянд.

Иди Қурбон ё худ онро «Ид ал адҳа» низ меноманд. Ин идӣ қурбонӣ намудан буда дар байни халқи мусалмон маълум аст.

ТАРТИБИ – КОЙИДА ХОНДАНИ НАМОЗИ ИДОНА

Умуман намози идонаи Қурбон ҳамагӣ иборат аз ду ракаъат буда пеш аз хондани он мардум ҳачи барвақтар ба масҷид омада якдигарро бо ин ид якдигарро муборакбодӣ гуфта баъдан дар нишаста то оғози намоз гуш бар амри маъруф ва табрикоти роҳбарияти минтақа (деҳа, ноҳия, вилоят ва ғ) намуда ба хондани намоз омода меша

Барои ба хатогӣ роҳ надодан дар баъзе ҳолатҳои аз ҷониби имом ба иштиркчиён (ибодаткунандагон) тартиби хондани намози идона такроран ба ёд меорад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …