Главная / Биология / БИОЛОГИЯИ МОЛЕКУЛАВӣ

БИОЛОГИЯИ МОЛЕКУЛАВӣ

mol-bioБИОЛОГИЯИ МОЛЕКУЛАВӣ, яке аз фаслҳои биология, ки равандҳои дохилии ҳаётро тадқиқ мекунад. Б. м. ба сифати соҳаи мустақили илм ибт. с-ҳои 50 а. 20 дар натиҷаи пеш рафтани донишҳо оид ба сохт ва амали чунин пайвастҳои муҳими химиявӣ, аз қабили сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеат, ба вуҷуд омадааст.
Вазифаи Б. м. фаҳмидани рафти ҷараёни ирсият, ҳофиза ва ғ. мебошад. Мавзӯи тадқиқи Б. м. пайвастҳои калонмолекулаи химияви (макромолекулаҳо) – анд. Калон будани вазни молекулавии онҳо (то садҳо миллион далтон) боиси пайдоиши хосиятҳои сифатан наве мегардад, ки пайвастҳои хурдмолекула доро нестанд. Тадқиқи муфассали макромолекулаҳо (хосиятҳои химиявӣ ва физикӣ, синтез, таҷзияи онҳо дар организм, функсияҳои биологӣ ва ғ.) баъди муайян кардани сохти пайвастҳои гуногуни химиявӣ, такмили усулҳои ҷудо ва тоза намудани онҳо (дар шакли кристаллӣ) имконпазир гашт. Б. м. ба туфайли тадқиқоти якҷояи олимони соҳаҳои гуногуни табиатшиносӣ пеш меравад.
Ба инкишофи Б. м. химияи органикӣ (сохт ва хосиятҳои пайвастҳои гуногуни химиявиро меомӯзад), биохимия (ба омӯзиши протсесҳои мубодила дар объектҳои биологӣ машғул аст), биофизика (хосиятҳои физикии макромолекулаҳоро меомӯзад), генетика (мавқеи макромолекулаҳоро дар ҷараёни ирсият ошкор мекунад), ситология (оид ба нозукии сохти ҳуҷайра баҳс мекунад) ва математика (бо моделонии намудҳои гуногуни протсессҳои биологӣ машғул аст) таъсири бевосита мерасонанд. Бо ҷидду ҷаҳди намояндагони соҳаҳои гуногуни илм масъалаҳои алоқамандии сохт ва табдили таркибии макромолекулаҳо ва функсияҳои биологии онҳо бомуваффақият ҳал карда мешаванд. Ду навъи макромолекулаҳо – сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеат ҷолиби диққатанд. Сафедаҳо дар таркиби бофтаҳои зинда вуҷуд доранд. Онҳо чунин амалиётҳои муҳими биологиро адо мекунанд: катализи ферментии реаксияҳои гуногуни биологӣ; интиқол додани моддаҳое, ки барои ҳаёт хеле зарур мебошанд (мас., оксигенро тавассути ҷараёни хун ба бофтаҳои организм бурда мерасонанд); қобилияти кашишхӯрӣ (сафедаҳои мушак), фаъолияти иммунологӣ (ниг. Иммунитет). Кислотаҳои нуклеат ҳомили ахбори ирсӣ мебошанд. Омӯзиши онҳо имкон медиҳад, ки қонунҳои ирсият, тарзи интиқоли ахбори ирсӣ, инчунин сабабҳои пайдоиши ин ё он бемории ирсӣ ошкор карда шаванд. Ниг. низ Бемориҳои ирсӣ.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …