Главная / Гуногун / Бой бо Ғуломи зебо

Бой бо Ғуломи зебо

Гўянд, ҳоҷаеро бандае нодирулҳусн буд ва бо вай ба сабили маваддат назаре дошт. Бо яке аз дўстон гуфт:
– Дареғ, ин бандаро бо ҳусну шамоиле, ки дорад, агар забондарозию беадаби накардӣ!
Гуфт:
– Эй бародар, чун қарори дўсти кардӣ, таваққуи хидмат мадор, ки чун ошиқу маъшуқи дар миён омад, молику мамлуки бархост.

rabovladelca_cr_crХоҷа бо бандаи парирўхсор
Чун даромад ба бозию ханда,
На аҷаб, к-ў чи хоҷа ҳукм кунад,
В-ин кашад бори ноз чун банда.
***
Ғулом обкаш бояду хиштзан,
Бувад бандаи нозанин муштзан.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …