МИКОПЛАЗМОЗ, бемории шадиди сироятӣ, ки ангезандааш микоплазмаҳо мебошанд. М.-и респираторӣ бештар дар шакли пневмония ва бемориҳои шадиди роҳи нафас падид меояд. Ангезандаи он микоплазмаи пневмония (Mycoplasma pneumoniae) аст. Давраи ниҳонии беморӣ 4 – 25 (бештар 7 – 14) рӯз мебошад. М.-и узвҳои пешобу таносулро M. hominis меангезад. Дар мавриди бемориҳои илтиҳобии аъзои пешобу таносул микоплазмаҳо дар 60 – 90% одамон ошкор карда мешаванд. Онҳо ҳатто дар 5 – 15% одамони солим низ ба мушоҳида мерасонд, ки далели ноаён ҷараён гирифтани беморӣ аст. Микоплазмаҳо асосан дар натиҷаи алоқаи ҷинсӣ сироят менамоянд. Давраи ниҳонии беморӣ 3 – 5 ҳафта аст.
М.-ро бо антибиотикҳо муолиҷа мекунанд. Барои пешгирии он риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ муҳим аст.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …