Главная / Илм / БИОНИКА

БИОНИКА

bionikaБИОНИКА, як фасли кибернетика, ки масъалаҳои гуногуни инженериро дар асоси таҳлили сохт ва фаъолияти организм ҳал мекунад.
Дар рафти таҳаввулоти мавҷудоти гуногуни биологӣ дар онҳо узву бофтаҳои басо мувофиқ ба вуҷуд омадаанд. Дар баробари ин андозаи он узвҳо ниҳоят хурд ва барои истифодаи ҷонварон қулай мебошанд. Аз ин сабаб афзудани талабот ба параметрҳои системаҳои техникӣ (дақиқӣ, боэътимодӣ, каммасрафӣ ва ғ.) зарурати ба сифати «намуна» истифода бурдани организми ҳайвонот ва набототро ба миён овард. Вазифаи Б. аз омӯзиши амалиёти биологӣ дар организми мавҷудоти зинда (барои сохтани таҷҳизоти техникӣ, ҳалли масъалаҳои инженерӣ ва ғ.) иборат аст.
Барои дар соҳаи техника истифода бурдани имкониятҳои ҷонварон пеш аз ҳама омӯхтани кори ин ё он узв, дарёфти усуслҳои тасвири математикӣ ва моделонии математикии протсессҳое, ки дар онҳо мегузаранд, зарур аст. Б. ҳамчунин ба таҳияи намунаҳои системаҳои биологӣ (мас., узвҳои идрок ва таҳияи ахбор, унсурҳои системаи асаб ва ғ.) машғул мебошад. Б.-ро дар мавриди ҳалли бисёр масъалаҳо истифода мебаранд, мас., сохтани таҷҳизоти дарёгарди хурдҳаҷм; асбобҳои даёфткунанда барои системаи дарки ахбор; сохтани асбобҳои электронии хурд; асбобҳое, ки энергияи химиявӣ ва биохимиявиро ба энергияи механикӣ табдил медиҳанд; сохтани таҷҳизоти гуногуни биоэлектрӣ (мас., протезҳо) ва ғ. Б. ба тадқиқи системаҳои нисбатан мукаммали ҳайвонот – «антенна»-и шапалак ва парвонаҳо, алоқаи ултрасадоии моҳиёну ҳайвоноти баҳрӣ, системаи кӯчи паррандаҳо, тарзи фаъолияти соатҳои биологӣ локатсияи ултрасадоии кӯршапаракҳо, хусусиятҳои ҳаракати моҳиёну ҳайвоноти баҳрӣ ва ғ. низ машғул аст. Дар соҳаи Б. – инженерон, духтурон, психологҳо, физиологҳо, математикҳо, физикҳо, химикҳо кор мекунанд.
Б. ҳарчанд дар марҳалаи аввали тараққиёт қарор дорад, бо вуҷуди ин ба бисёр дастовардҳо ноил шудааст. Комёбиҳои Б. барои дарки муфассали бисёр амалиёти биологӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд (онҳоро метавон ҳангоми сохтани асбобҳои техникӣ истифода бурд).

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …