Главная / Илм / БИСТАРИГАРДОНӣ

БИСТАРИГАРДОНӣ

bistarigardoniБИСТАРИГАРДОНӣ (Hospitalisatio), барои табобат ё таваллуд ба муассисаҳои табобатӣ ё таваллудхона хобондани бемор ё зани ҳомила. Б. таъҷилӣ (беморро баъди чанд соат ё ҳатто дақиқаи оғози беморӣ ба беморхона мефиристанд) ва нақшавӣ мешавад. Б.-и нақшавиро дар муддати чанд рӯз ва баъзан зиёдтар (мас., барои ташхис ба муоина фиристодани бемор ё ба беморхона хобондани одами бемориаш музмин ва ғ.) ба ҷо овардан мумкин аст. Беморонро ба беморхона, одатан, духтурони муассисаҳои амбулаторию дармонгоҳҳо мефиристанд. Дар шаҳрҳо масъалаи Б.-ро инчунин мутахассисони марказҳои мушовараю ташхисӣ ва шӯъбаҳои дармонгоҳии ин-тҳои тадқиқоти илмии тиббӣ ҳал мекунанд. Беморро аз рӯи аломатҳои таъхирнопазир ба беморхона ҳайати кормандони ёрии тиббии таъҷилӣ бурда мерасонанд. Дар аснои амрози шадид натиҷаи табобат аксар вақт ба Б.-и таъҷилӣ вобаста аст. Аз ин сабаб дар ҷумҳурӣ ба инкишофи ёрии тиббии таъҷилӣ, таҳкими робитаи мутақобила ва муттасили байни муассисаҳои амбулаторию дармонгоҳӣ ва беморхона аҳамияти калон медиҳанд.
Мӯҳлати Б. ва тартиби ба он омода намудани беморро духтур бо назардошти ташхиси беморӣ ва вазъи мариз муайян мекунад.
Дуруст муқаррар сохтани аломатҳои Б., саривақт ва аниқ ташхис намудани беморӣ, ба муассисаҳои табобатии зарурӣ овардани мариз ва ғ. ба рафти муолиҷа таъсири мусоид мерасонад. Дар раванди Б. хусусан саҳми кормандони шӯъбаи қабули муассисаи табобатӣ калон аст. Онҳо бемориро ташхис ё ташхиси гузаштаро аниқ мекунанд, дар мавриди зарурат ёрии таъҷилии тиббӣ мерасонанд, масъалаи дар статсионар бистарӣ гардонданро ҳал менамоянд. Ба рад кардани Б. фақат духтур ҳуқуқ дорад. Кормандони миёнаи тиббии шӯъбаи қабул бояд ҳуҷҷатҳои марбут ба бемориро пур кунанд, ҷиҳози маризро қабул намоянд, таъиноти духтурро ба ҷо оранд, беморро то ба шӯъба ҳамроҳӣ карда, оиди беморони номаълуми дар ҳолати беҳушӣ ё садама ба беморхона оварда ба милитсия хабар диҳанд. Дар мавриди вазнин будани ҳолати беморе, ки бистарӣ гардонда мешавад, зуд ба хешу табори ӯ хабар расондан лозим аст.
Ҳангоми Б.-и кӯдакон ба пешгирии густариши сироят дар беморхона эътибори махсус дода мешавад. Имконияти якҷоя бо тифл (то синни яксола) бистарӣ гардондани модар низ дар назар дошта шудааст.
Барои хуб ба роҳ мондани корҳои Б. таҳлили ҳолатҳои ба ҳамдигар мувофиқат накардани ташхиси муассисаи беморро фиристода ва беморхона, сабабҳои рад кардани Б., дар кадом рӯзҳои ҳафта зиёдтар будани Б. ва ғ. аҳамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …