Главная / Илм / БИРИНҶ

БИРИНҶ

birinj-660x330БИРИНҶ, маҳсулоти хӯрокии маъмул. Б.-ро аз шолӣ (Oryza sativa) мегиранд. Дар таркиби Б. карбогидратҳо, сафеда, равған, клечатка, оҳар, хокистар, моддаҳои пектинӣ, аминокислотаҳо, витаминҳои Е, В1, В2, В6, В15 ва микроэлементҳо мавҷуд мебошанд.
Дар тибби қадим Б.-ро ба сифати ғизои парҳезӣ ва даво истифода мебурданд. Б. меъдаро қувват мебахшад, ҳангоми қабзият муфид аст, бӯйи нохуши даҳонро нест мекунад. Шӯлае, ки аз орди биринҷ дар шарбати харбуза пухта шудааст, доғи кунҷидакро меравонад. Дар китоби «Махзану-л-адвия» омада, ки Б. хосияти хуби хобоварӣ дорад, ташнагиро мешиканад, исҳолро бозмедорад, ҷисмро фарбеҳ мекунад, ҳангоми иллати гурдаву масона муфид аст. Истеъмоли Б. дар таом ба ранги рӯй тароват мебахшад.
Табибони халқӣ ҷӯшоби омехтаи Б. ва лӯбиёро барои муолиҷаи бронхит ва зиқи нафас истифода мебаранд. Б. шири синаро зиёд мекунад. Ҷӯшоби он барои муолиҷаи бемориҳои музмини узвҳои ҳозима муфид аст. Ҷӯшоби Б. дар омехтагӣ бо пудина ва пиёз чун давои арақовар, подзаҳр ва табшикан дар мавриди зуком ва илтиҳоби шуш нафъ дорад.
Агар Б.-ро бо шакар бихӯранд, ғизоияташ бисёр мегардад, боҳро ба ҳаракат меоварад, баданро фарбеҳ месозад ва манӣ пайдо мекунад; бо шири навдӯшида бихӯранд, исҳолро мебандад. Истеъмоли Б. ба касоне, ки иллати қулинҷ доранд, бад аст. Б.-ро бихӯранд, захмро пок месозад ва дар он гӯшти солим мерӯёнад. Бинобар чунин хислатҳояш барои бемории сил фоида дорад. Б.-ро то бӯяш баромадан тафсонида, баъд ба почаи буз ё гӯсфанд пӯхта бихӯранд, барои харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо ва омадани хун дар пешоб, нафъи бисёр дорад. Орди Б.-ро бо оби харбуза даромехта бимоланд, доғи кунҷидакро аз пӯст дафъ мекунад. Ин ордро бо чарбиҳо сиришта гузошта банданд, пучакро мекафонад. Орди Б.-ро бо равғани гурдаи буз пухта бихӯранд, аз ҳад зиёд рафтани даруни беморонро ба ислоҳ меорад.
Дар тибби муосир Б. ва шӯлаҳои гуногуни биринҷиро ҳамчун ғизои парҳезӣ васеъ ба кор мебаранд. Ҷӯшоби Б. барои муолиҷаи дарунрав истифода мешавад. Чиниён сабӯси Б.-ро давои бемории бери-бери меҳисобанд. Равғани сабӯси Б. воситаи хуби косметикист.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …