Главная / Илм / АЗОТЕМИЯ

АЗОТЕМИЯ

azotemijaАЗОТЕМИЯ (Azotaemia; аз юн. Azoos беҳаёт ва гемо…), дар таркиби хун барзиёд будани маҳсули мубодилаи нитроген: карбамид, асиди пешоб, креатин, креатинин ва ғ. Сабаби асосии А. ба таври кофӣ фаъолият накардани гурдаҳост. А. метавонад ба фаъолияти гурдаҳо низ робита надошта бошад, мас., бинобар таҷзияи зиёди сафедаҳо (дар аснои сӯхтагӣ), бо душворӣ омадани пешоб (ҳангоми аденомаи гадуди простата) ва ғ. Бо мақсади табобати А. бемории асосиро дармон бахшидан лозим аст. Истеъмоли ғизоҳои камсафеда (махсусан гӯшт), истифодаи гормонҳо (бо мақсади камтар таҷзия шудани сафедаҳо) ва доруҳои пешоброн ба ҷараёни муолиҷа кумак мерасонад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …