Главная / Илм / АЗОНОВ Ҷаҳон

АЗОНОВ Ҷаҳон

imagesАЗОНОВ Ҷаҳон (тав. 25. 01.1951, деҳаи Лоҳури ноҳ. Данғара), дорушинос, доктори илмҳои тиб (1995). Корманди шоистаи Тоҷикистон (2002). Омӯзишгоҳи тиббии ш. Кӯлоб (1969) ва ДДТТ-ро хатм кардааст (1979). Мудири бунгоҳи тиб- бии деҳаи Лоҳури ноҳ. Данғара (1969 – 73), ассистенти кафедраи таърихи тиб ва бехдошти ичтимоии ДДТТ, аспирант, ходими илмӣ ва мудири шӯъбаи физиологияи эътилолӣ ва фармакотерапияи Ин-ти гас- троэнтерологияи АИ ҶТ (1979 – 99). Аз с. 1999 сарвари Пажӯҳишгоҳи давлатии «Ғизо». А. муаллифи се монография, 60 мақолаи илмӣ ва зиёда аз 30 мақолаи илмию оммавӣ мебошад. Дар асоси корҳои илмии А. дар ҳамкорӣ бо заводи дорусозии Санкт- Петербург доруҳои «Геранол», «Герано- ретинол», «Согд», ки хосияти талхаронӣ, зиддиилтиҳобӣ ва зиддиташаннучӣ доранд, истеҳсол карда шудааст. Бо роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи А. истеҳсоли нӯшобаҳои «Шоҳона», «Нозгул», «Чаман», марҳамҳои «Роҳи абрешим», «Авчи Зуҳал», «Марҳами Сомонӣ» пешниҳод гардид. Раиси Куми- таи фармакологии назди Вазорати танду- рустии Ҷумҳурии Точикистон. Бо медали «Барои меҳнати шоён» (1979) сарфароз гаштааст.
Ос.: Лечебные свойства фенхелового и лаван- дового эфирных масел, Д., 2006; Лечебные свойства препаратов селена, Д., 2009; Рустаниҳои шифобахш ва ғизоӣ, Д., 2010.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …