Главная / 2017 / December / 13 (страница 2)

Архивы за день : 13.12.2017

АКРОМЕГАЛИЯ

akromegaliya

АКРОМЕГАЛИЯ (Acromegalia, аз юн. akron – дасту по ва megas – бузург), бемо- риеро гӯянд, ки сабаби он ихроҷи барзиёди гормони сабзиш мебошад. А. то ҳол пурра омӯхта нашудааст. Он дар бисёр маризон бо омоси гипофиз алоқаманд аст. Баъзан захми сар, зарбаи рӯҳӣ ва сироятҳои музмин боиси А. мегарданд. А. …

Муфассал »

АКРОСИАНОЗ

akrocianoz

АКРОСИАНОЗ (Acrocyanosis; аз юн. akron – интиҳо, охир ва сианоз), ранги кабудча гирифтани пӯст. А. бинобар суст шудани ҳаракати хун ба вуҷуд меояд. Дар натиҷаи костагии хунгардиш тамоси хун бо бофтаҳо зиёд шуда, дар таркиби хуни венаю мӯрагҳои зери пӯст миқдори гемоглобини барқароргашта меафзояд. Бинобар ин пӯст ранги кабудча мегирад. …

Муфассал »

АКСЕЛЕРАТСИЯ

akseleratsiya

АКСЕЛЕРАТСИЯ (аз acceleratio – тезондан), қадкашии босуръат ва рушди ҷисмонии бачагон ва наврасон. Бачагон ва наврасони имрӯза назар ба ҳамсолони солҳои пешини худ то андозае қадбаланд ва калонҷусса (вазнинтар) мебошанд. Бачагон ҳар қадар калонтар бошанд, ин тафриқа равшантар ба назар мерасад. Мас., охири солҳои 70-уми а. 20 писарба чагони 6-сола …

Муфассал »

АКСОН

neyrit

АКСОН (аз юн. axon – меҳвар), нейрит, шохаи ҳуҷайраи асаб, ки ба воситаи он импулсҳои асаб аз ҳуҷайра ба узвҳо ва диг. ҳуҷайраҳои асаб паҳн мешаванд. Аз ҳар ҳуҷайраи асаб (нейрон) фақат як А. мебарояд. Ғизогирӣ ва нумӯи А. аз ҷисми нейрон вобаста аст: ҳангоми буридани А. қисми канораи он …

Муфассал »

АКСУЛАМАЛИ ВАССЕРМАН

rw

АКСУЛАМАЛИ ВАССЕРМАН, яке аз усулҳои ташхиси бемории сифилис. Ба номи иммунологи немис Август Вассерман гузошта шудааст. А. В. дар мавриди сифилиси аввалин (дар ҳафтаҳои 6 – 8-уми беморӣ) дар 90 ва дар аснои сифилиси дуюмин дар 98 – 100 фисади ҳолатҳо мусбат падид меояд. А. В. якҷоя бо диг. аксуламалҳои …

Муфассал »

АКТИНО…

aktino

АКТИНО… (юн. actus – шуоъ), қисми таркибии калимаҳои мураккаб, ки мансубияти онҳоро ба шуоъ, шуоъафканӣ ва ғ. ифода мекунад, мас., актиномикоз.

Муфассал »

АКТИНОМИКОЗ

aktinomikoz

АКТИНОМИКОЗ (Actinomycosis; аз актино… ва юн. микозҳо), бемории сироятист, ки занбӯруғҳои шуоъшакл (акти- номисетҳо) ба вуҷуд меоранд. Ба А. одам кам гирифтор мешавад. Асосан касалии ҳайвонот, бештар чорвои калон аст. А. бештар дар пӯсти ҷоғу гардан, узвҳои ковокии шикам ва шуш пайдо мешавад. Ҳангоми А.-и сатҳӣ дар пӯст ё пардаҳои …

Муфассал »

АКУПРЕССУРА

akkupresura

АКУПРЕССУРА, яке аз усулҳои табобати чинӣ. Аз чумлаи усулҳои қадимтарини муолича буда, ҳанӯз аз а. 3 то м. маъмул буд. Дар мамлакатҳои шарқӣ аввал дар Чин пайдо шуда, минбаъд тарзҳои гуногуни он дар кишварҳои дигар низ густариш ёфтанд. Чиниёни қадим муқаррар карданд, ки фишор додани нуқтаҳои муайяни бадан дардро сабук …

Муфассал »

АКУШЕРИ

akusheri

АКУШЕРИ (Obstetricia), момоӣ, қобилагӣ, як соҳаи тибби клиникӣ. Равандҳои муқаррарӣ ва носомониҳои мухталифи организми занро, ки ба обистанӣ, ҳомилагӣ, зоиш ва вазъи пас аз таваллуд вобастаанд, меомӯзад. Дарёфти усулҳои кумаки момоӣ, пешгирӣ ва муоличаи аворизи ҳомилагӣ ва зоиш, инчунин бемориҳои ҳамил ва навзод вазифаҳои А. мебошад. А. яке аз соҳаҳои …

Муфассал »

АҚОҚИЁ

akokiyo

АҚОҚИЁ (Robinia pseudoacacia), як навъ дарахти ороишист. Қариб дар ҳама ноҳияҳои Точикистон мерӯяд. To 16 м қад мекашад. Решааш устувор; қутри шоху навдааш 9,5 м; пӯстлохи шоху навдаҳояш дорчинии тира, навдаҳои яксолааш аз сабз то дорчинии сурхча. Баргаш паршакл, да роз (12 – 24 см), думчааш кӯтоҳ (1,5 – 3,5 …

Муфассал »