Главная / Илм / ДОДХОЕВА Мунаввара Файзуллоевна

ДОДХОЕВА Мунаввара Файзуллоевна

dodhoeva-munavvaraДОДХОЕВА Мунаввара Файзуллоевна (тав. 2. 06. 1946, ш. Хуҷанд), акушер-гинеколог, доктори илмҳои тиб (1998), проф. (1999), узви пайвасти АИТТ (2010; узви вобаста аз 2001). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1970). Духтури акушер-гинекологи Таваллудхонаи ҷумҳуриявӣ (1970 – 72), ординатори клиникӣ (1972 – 74), аспирант (1974 – 77), ассистент (1977 – 80)-и кафедраи акушерӣ ва гинекологияи факултаи муолиҷавии ДДТТ. Корманди калони илмии Пажӯҳишгоҳи ҳифзи модару кӯдак (1980 – 83). Ассистент (1983 – 89) ва дотсент (1989 – 93)-и кафедраи акушерӣ ва гинекологияи ДДТТ. Аз с. 1993 мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологияи №1-и ҳамин донишгоҳ.
Д. муаллифи зиёда аз 200 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 3 монография, 10 дастурамал, 10 тавсияҳои навоварӣ мебошад. Мавзӯи тадқиқоти Д. масъалаҳои вазъи саломатии занони ҷумҳурӣ ва пешгирии фавти модару кӯдакро дарбар мегирад. Доир ба момоӣ ва бемориҳои занона конфронсҳо ташкил кардааст. Иштирокчии Семинарҳои байналхалқӣ оид ба «Насловарии солим ва технологияи контрасептивӣ». Раиси Ассотсиатсияи «Модарии бехатар» (аз 2000). Бо ифтихорномаҳо ва медали «Хизмати шоиста» сарфароз гаштааст.
Ос.: Беременность и роды женщин с дефицитом массы тела, Санкт-Петербург, 1999; Быстрая оценка текущего состояния репродуктивного здравоохранения в Республике Таджикистан, Копенгаген, 2000; Современные методы профилактики, диагностики и лечения климактерических растройств в перименопаузе, Д., 2007; Некоторые региональные особенности плацент женщин в Республике Таджикистан, Санкт-Петербург, 2008.

Рабство

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

pompeo

Помпео бо вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон гуфтушунид мекунад

Котиби давлатии ИМА – Майкл Помпео эълом дошт, ки музокирот рӯзи 23 октябр баргузор мешавад. …