Главная / Илм / АКРОДЕРМАТИТҲО

АКРОДЕРМАТИТҲО

akrodermatitАКРОДЕРМАТИТҲО (Acrodermatitis; аз юн akron – қулла, дасту по ва дерма), як гурӯҳи бемориҳои музмин, ки асосан дар пӯсти дасту пой ба вучуд меоянд. А. энтеропатиявӣ, атрофиявии музмин ва римчадор мешаванд. А.-и энтеропатиявӣ дар айёми кӯдакӣ инкишоф меёбад. Сабаби беморӣ чаббиши руҳ дар рӯда аст, ки ба таври ирсӣ сурат мегирад. Ҳангоми чунин навъи А. дар пӯсти бандҳои соид ва зону, чинҳои чатан ва рон, атрофи мақъад доначаҳо (бусурот)-и римдори гуногун пайдо мешаванд. Бусурот гурӯҳ-гурӯҳ чой гирифта, карахш мебанданд (ба бемории псориаз монанд мешаванд). Онҳо метавонад дар луобпардаи чавфи даҳон ва чашм (блефарит) низ ба вучуд оянд.
Дар натичаи беморӣ нохунҳо зудшикан шуда, мӯи сар, абру ва мижгон мерезад, алопетсия рух менамояд.
Бинобар ихтилоли меъдаю рӯдаҳо тифл харобу лоғар ва инкишофи чисмонии ӯ суст мешавад. Ҷараёни маризӣ вазнин аст. А.-и атрофиявии музмин бештар дар занҳои синнашон аз 40 – сола боло ба мушоҳида мерасад. Тахмин мекунанд, ки сабаби пайдоиши он ихтилоли тағзияи неврогении пӯст ва бемориҳои сироятию аллергӣ мебошанд. Беморӣ ҳамчун эритемаҳои кабудтоб дар пушти кафи по, панча, бандҳои соид ва зону пайдо шуда, тадричан тамоми узвро фаро мегирад: пӯсти осебёфта бетароват ва ба коғази тунук монанд мешавад. А.-и римчадор аз илтиҳоби бофтаҳои нарми атрофи нохунҳо оғоз ёфта, тадричан ба пӯсти панчаҳо, бозу, баъзан каф ва соқи по мегузарад (дар мавзеи осебёфта римчаҳои гуногун ба вучуд меоянд); нохун ғафс ва дурушт мешавад. Ҷараёни беморӣ музмин аст. Бо мақсади муоличаи А. аз антисептикиҳо, доруҳои зидди илтиҳоб, антибиотикҳо, витаминҳои Е, А, С, В, кортикостероидҳо ва дигар доруҳо истифода мекунанд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …