Главная / Илм / АКНЕ

АКНЕ

akneАКНЕ (лот. acne – қулла), номи умумии бемориҳои илтиҳобии ғадудҳои равған ва халтачаҳои мӯйи пӯст. А. дар натиҷаи фаъолияти барзиёди гормонҳо (ҳайз, балоғати ҷинсӣ), дар давраи гузариш, бинобар рух намудани стресс (ғадуди бо- лои гурдаро фаъол месозад), ғун шудани ҳуҷайраҳои мавтшуда дар пӯст, зери таъ- сири микроорганизмҳо ва вояи зиёди хлор (чун бемории касбӣ), осеби пӯст, ки боиси илтиҳоб мешавад, истифодаи стероидҳои анаболӣ, доруҳое, ки таркибашон аз галогенҳо (фтор, хлор, бром, йод), литий ва барбитуратҳо иборатанд, ба вуҷуд мео- яд. Табобати А. дуру дароз буда, асосан ба маҳдуд сохтани истеъмоли ғизоҳои равғанӣ, тунд ва ширин нигаронида шу- дааст. Феълан истилоҳи «А.» бештар ба маънои нарак истифода мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …