Главная / Илм / АККЛИМАТИЗАТСИЯ

АККЛИМАТИЗАТСИЯ

akklimatizatsiyaАККЛИМАТИЗАТСИЯ, мӯътод, хӯгирӣ ба обу ҳаво, ба шароити нави иқлим мувофиқ гардидани инсон. А.-и одам яке аз шаклҳои мутобиқат (адабтатсия) буда, боиси тағйироти чараёни мубодилаи моддаҳо ва дигаргуниҳои вазоифии организм мегардад. Қобилияти А. шудан дар раванди инкишофи ҳаёт дар рӯи Замин ба вучуд омада, бо минтақаҳои гуногуни иқлимӣ ва тағйироти даврии иқлим зич вобаста аст. А.-ро омилҳои муҳити табиӣ ба вучуд меоранд. Онҳо аз шароити маҳали пештара хеле фарқ мекунанд, мас., ҳарорати баланд ва паст, сернамӣ, хушкӣ, афканишоти ултрабунафши кам ё барзиёд, фишори атмосферии паст ё баланд ва ғ. Мавриди ба шароити нави сукунат одат кардани инсон ғайр аз равандҳои биологӣ ҳамчунин омилҳои ичтимоию иқтисодӣ (шароити меҳнат ва маишат, сифати ғизо, либос, иқоматгоҳ ва ғ.) аҳамияти калон доранд.
Дар кишвари мо зарурати омӯхтани равандҳои А. бинобар ба амал татбиқ намудани нақшаҳои ободонии навоҳии кӯҳсор ва истифодаи захираҳои табиӣ дар минтақаи гарм пеш омад. Тадқиқоте, ки дар муассисаҳои илмии тиббӣ гузаронида шудаанд, имкон медиҳанд, ки дар ноҳияҳои рӯ ба ободӣ самти чараёни А. пешбинӣ гардида, тартиби ба мақсад мувофиқи тағзия ва диг. масоили зиндагии аҳолӣ муқаррар карда шаванд. Одамони солим А.-ро нисбатан осон паси сар мекунанд. А. ва мутобиқат дар шароити душвори табиӣ (мас., дар Шимоли Ақсо, Антаркти- да, ки мумкин аст, баъзе носозгориҳои вазоифиро ба вучуд оранд) бошиддат чараён хоҳанд гирифт. Дар давраи шабҳои қутбӣ кас рӯҳафтода ва хоболуд, вале дар давраи рӯзҳои қутбӣ бошад, серҳаячон мешавад. Ҳангоми кор дар ҳавои кушод мубодилаи моддаҳо меафзояд. Дар вақти сармои сахт ва шамол мумкин аст фишори хун паст шуда, нафаскашӣ душвор гардад (яъне ба истилоҳ нафастангии қутбӣ ба вучуд меояд). Дар давраи одат кардан ба иқлими гарм имкон дорад, ки иштиҳо гум, фаъолияти рӯдаҳо носоз, хоб нохуш ва дарачаи муқобилати организм ба бемориҳои сироятӣ суст шавад. Чунин тағйироти вазоифӣ ба ихтилоли мубодилаи обу намак вобаста аст. Дарачаи фаъолияти мушакҳо коҳиш ёфта, арақ зиёд, ихрочи пешоб кам, нафаскашӣ ва набз тез мешавад. Баробари афзудани намии ҳаво фаъолияти механизмҳои мутобиқат низ тезутунд мегардад. А. дар шароити иқлими экватории бешаҳои сернами тропикӣ барои инсон мушкилтар аст. Гармии барзиёди тан боиси гармозанӣ ва лоғарӣ мешавад; дар натичаи тавассути арақ бисёр ихроч ёфтани намакҳо ташаннучи ҳароратӣ рух менамояд. Барои раҳо ёфтан аз чунин ҳолат риояи тартиби истеъмоли обу намак, тағзияи дуруст, пӯшидани либоси мувофиқ, дар хона гузоштани кондитсионер зарур аст. Бо мурури вақт одам ба ҳарорат ва намӣ тобовар шуда, мубодилаи моддаҳо ва дигар функсияҳои организм мӯътадил мегарданд. Дар давоми моҳҳои аввали А. ҳангоми кори чисмонӣ набз суст ва ҳарорати бадан паст мешавад. А. баъд аз давраи тӯлонӣ, баъзан пас аз солҳои зиёд анчом меёбад.
Дар шароити баландкӯҳҳо маҳали нави сукунат ҳар қадар аз сатҳи баҳр баланд чойгир бошад, А. ҳамон қадар душвор мегузарад (ниг. Сақомати кӯҳӣ). Дар рафти А. фаъолияти организм тадричан устувор гашта, ба меъёри сокинони доимии кӯҳистон баробар мешавад, вале тапиши дил, гардиши хун ва дарачаи мубодилаи моддаҳои асосӣ қадре суст аст. Табдили иқлим аксар вақт ба организм таъсири мусбат низ мерасонад (ниг. Климатотерапия). Бинобар ин беморон бо мақсади пешгирӣ ва муоличаи касалиҳо (мас., зиқи нафас, бемориҳои гурда ва ғ.) ба курортҳо фиристода мешаванд. Қабл аз рухсатии меҳнатӣ бо духтур маслиҳат бояд кард, ки давраи мураххасиро дар кучо гузарондан беҳтар аст.Баҳри безарар гаштани А. вазъи саломатии одам қаблан муайян ва номгӯи бемориҳое, ки барои дар ин ё он шароити иқлим зистан имкон намедиҳанд, муқаррар карда мешавад. Ҳамчунин бунёди маҳалҳои аҳолинишин ва манзил бо назардошти хусусиятҳои иқлим, таъмини аҳолӣ бо либоси мувофиқ, таҳияи дурусти хурду хӯрок, пешгирии оқибатҳои норасоӣ ё барзиёдии радиатсияи ултрабунафш, риояи тартиби кору маишат аҳамияти калон дорад. Дар хотир бояд дошт, ки ба раванди А. истеъмоли шароб таъсири бад мерасонад. Ф. А. Шукуров.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …