АКАЛКУЛИЯ (аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва лот. calculare – ҳисоб кардан), ихтилоли қобилияти шинохтан ва ҳисоб карда тавонистани ададҳо (ҳисоби арифметикӣ). Дар натиҷаи осеби қисмҳои муайяни қишри майна рух менамояд (ҳангоми хуншор гаштани он, омосҳои гуногун, зарбулат ёфтан). Беморони гирифтори А. ададҳои тарзи навишташон ба ҳамдигар монанд (мас., 6 ва 9, IX ва Х1)-ро фарқ намекунанд. Мас., онҳо 1048-ро 1000 ва 48 менависанд; ҳисоби даҳонӣ ва хаттиро намедонанд. Муолиҷаи А. вазифаи духтури нейропсихолог аст.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …