Мегўянд, ки Куруши Кабирро дар кўдакиаш подшоҳ аз тарси он ки ба воя расида ҷойи ўро нагирад, ба саҳро бурда партофта аст, ки ҳайвонҳо хўранд. Вале саге ўро шир дода калон кардааст.
Устод, шумо дар китоби “Таърихи тамадуни Ориён”-и худ дар бораи ҳахоманишҳо ва Куруш матолиби хеле фаровон – дар ҳаҷми зиёда аз сад саҳифаи чопӣ дарҷ карда, корномаҳои онҳоро дар таърих боз намудаед, хусусан усули давлатдории Сатрап – интихоби подшоҳҳо, бозори ягонаи умумиҷаҳонӣ ва ғайраву ғ-ҳо хеле шавқованданд. Вале дар бораи айёми кўдакии Куруш чизе нест?