Главная / Илм / АЙНАК

АЙНАК

aynakАЙНАК, асбоби оптикист барои ислоҳи нуқси босира ё муҳофизати чашм. Он аз шиша (линза) ва чанбарак иборат аст. Тавассути чанбарак шишаҳои А. нисбат ба сатҳи чашм дуруст ҷойгир мешаванд ва камонаку воситаҳои диг. А.-ро дар ҳолати муайян нигоҳ медоранд. Чанд хели А. мавҷуд аст: агар яке нуқси оптикии чашмро ислоҳ кунад, дигаре чашмро аз осебу рӯшноии тез эмин медорад. Айнаки муслеҳ (ислоҳкунанда). Дар муҳити якхелаи мусаффо нури рӯшноӣ мустақим паҳн мегардад. Ҳангоми аз як муҳит ба муҳити дигар гузаштан, нур самти худро тағийр медиҳад, яъне он мешиканад. Кори шишаҳои оптикӣ ё линзаҳо дар заминаи ҳамин хусусияти дар муҳити ҳархела паҳн шудани рӯшноӣ асос ёфтааст. Нурҳои мувозии рӯшноӣ аз линзаи ду тарафаш барҷаста мегузаранд ва минбаъд дар як нуқтаи паси линза, яъне дар фокус, ҷамъ мешаванд. Онро шишаи ҷамъкунанда ё мусбат меноманд ва бо аломати плюс (+) ифода менамоянд. Нурҳои мувозии рӯшноӣ ҳангоми аз линзаи ду тарафаш фурӯхамида гузаштан, дар пеши линза фокуси дурӯғин пайдо хоҳанд кард. Шишаи ду тарафаш фурӯхамидаро линзаи паҳнкунанда (манфӣ) меноманд ва бо ало- мати минус (-) ифода мекунанд. Ғайр аз шишаҳои мудаввари номбурда линзаҳои устувонашакле ҳастанд, ки шуоъро ҷамъ ё паҳн месозанд. Масофаи байни фокус ва маркази шишаи оптикиро масофаи фокусӣ меноманд. Масофаи фокусӣ ҳар қадар кам бошад, қувваи инкисории он ҳамон қадар зиёд мешавад. Воҳиди қувваи шишаҳои оптикӣ диоптрия аст. Шишаҳои масофаи фокусиашон ба 1м баробар 1 диоптрия қувва доранд. Барои муайян кардани қувваи оптикии ҳар як шиша 1 метрро ба масофаи фокусии ҳамон шиша тақсим мекунанд. Мас., агар масофаи фокусӣ 2 м бошад, кувваи оптикии линза баробари 0,5 диоптрия (1 : 2 м) ва агар масофаи фокусӣ 0,5 м бошад, қувваи оптикии линза баробари 2 диоптрия (1 : 0,5 м), 0,25 м – 4 диоптрия, 0,1 м – 10 диоптрия мешавад ва ғ. А.-ҳое, ки аз шишаҳои ҷамъкунанда таҳия шудаанд, ҳангоми дурбинӣ ва барои пирон (ниг. Дурбинии пирона) зарур мебошанд, чунки онҳо норасоии татобуқро ҷуброн мекунанд (ниг.Чашм). Қувваи оптикии шишаи чунин А.-ҳо бо диоптрия чен карда мешавад ва онҳо аломати «+» доранд. А.-ҳои шишаҳояшон паҳнкунанда барои наздикбинӣ лозиманд; қувваи оптикии онҳо бо диоптрия чен карда шуда, бо ало- мати «-» ифода меёбад. Дар ҳолати астиг- матизм босираи заиф бо ёрии А.-ҳое, ки аз шишаҳои силиндрӣ ё чанбаршакл тайёр шудаанд, беҳтар карда мешавад. Баъзан барои ҳам дур ва ҳам наздикро дидан, А.-и бифокалӣ (дуфокуса), яъне А.-и шишааш дуҳисаро истифода мебаранд. Таввасути қисми болоии ин гуна линзаҳо ма- софаи дур ва бо қисми поёниаш масофаи наздикро дидан мумкин аст. Барои кори ҳаррӯза А.-е, ки дуруст интихоб шудааст, хеле мувофиқ мебошад. Баъзеҳо ба А. зуд одат намекунанд. Бештар, ин ҳолат дар аснои аввалин бор истифода бурдани А. рӯй медиҳад. То ба А. хӯ гирифтан, ачаб нест, ки ҳар гуна фиреби назар (хурд ё калон ба назар расидани ашё, ҳаракати онҳо баробари гардиши чашму сар, наздик ё дур вонамуд шудани сатҳи замин ва ғ.) падид ояд. Дар натича сар чарх зада, дил беҳузур мегардад. Аломатҳои мазкур баъд аз 2 – 3 ҳафта худ аз худ нест мешаванд. Агар дар ин муддат одам ба А. одат накунад, он гоҳ ҳатман машварати духтур лозим аст. Дар мавриди иллатӣ будани қарнияи чашм, ё худ дар яке аз чашмҳо набудани зучочия ва ё фарқи калон доштани қувваи оптикии чашмҳо А. манфиат намерасонад. Дар ин сурат аз линзаҳои тамосӣ (контактӣ), ки бевосита ба қисми пеши ғӯзаи чашм гузошта шуда, ҳамроҳи чашм системаи оптикии умумиро ташкил медиҳанд, истифода менамоянд. Линзаҳои тамосӣ қобилияти кори якчояи ҳар ду чашмро нисбат ба А.- ҳои оддӣ беҳтар барқарор мекунанд. Ин махсусан барои одамоне, ки дар фаъолияти меҳнатиашон чашми хуб доштан ва дуруст муайян кардани масофа талаб карда мешавад, хеле зарур аст. Линзаҳои тамосӣ нисбат ба линзаҳои муқаррарӣ аз чиҳати косметикӣ низ бартарӣ доранд (ба атрофиён нонамоёнанд). Линзаҳои тамосиро аз навъҳои махсуси пластмасса (қутрашон 8 – 9 мм) тайёр мекунанд; онҳоро 4 – 6 соат истифода бурдан мумкин аст. А.-ҳои телескопӣ аз қабили айнакҳои махсусанд. Онҳо ба дурбин монанд буда, аз ду линза (чамъкунанда ва паҳнкунанда) иборатанд, ки дар як чанбараки умумӣ насб шудаанд. Ин гуна А.-ҳо қувваи босираро тақрибан ду маротиба зиёд карда, дар мавриди аз осеби шабакаи чашм ё асаби босира якбора заъф ёфтани тезии биниш метавонанд кумак расонанд. Дар аснои хоста гирифтани А. чанбараки онро бо диққати тамом интихоб кардан лозим аст. Чанбаракро беҳтараш мутахассиси ҳамин соҳа интихоб намояд. Чанбарак набояд бинӣ ва гӯшро озор диҳад. Он бояд дар пеши чашм мавқеи дурусти линзаро таъмин намояд (яъне ба масофаи гавҳараки чашм мувофиқ бошад). Имрӯзҳо А.-ро ба бачагон нисбат ба солиёни пеш бештар тавсия мекунанд. Ин аз як тараф ба он вобаста аст, ки босираи кӯдакон хеле бармаҳал тадқиқ ва нуқсони чашм сари вақт ошкор карда мешавад. Аз тарафи дигар, чашмро аз ҳад зиёд хаста кунондан (хусусан хондан ва тамошои телевизор, бозӣ бо компютер) бештар боиси инкишофи наздикбинӣ дар мактаббачагон ва ҳатто кӯдакони хурдсол мегардад. Ба кӯдакон таъин намудани А. масъулияти хеле чиддист. А.-е, ки нодуруст интихоб шудааст, нафақат босираро беҳтар намесозад, балки ба он зиён низ мерасонад. Кӯдаконе, ки дар чашм А. мегиранд бояд соле як маротиба аз муоинаи духтури окулист гузаранд. А.-и муҳофизро бо маслиҳати духтури чашм хоста гирифтан зарур аст. Бояд он сӯрох надошта бошад то ин ки чисмҳои бегона ба чашм нааф- танд. Пас аз анчоми кор А.-ро бо латтаи тоза пок карда, ба даруни қуттича ё ғилофи махсус мондан лозим аст.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …