Главная / Гуногун / ТАБИБ ВА АБУАЛӢ СИНО

ТАБИБ ВА АБУАЛӢ СИНО

Абўалӣ Сино гуреза шуда мегаштааст, чунки подшоҳи ҳамон вақта бисьёр золим будааст. Подшоҳ барои дастгир кардани Абўалӣ пули бисьёр ваъда кардааст. Як рўз Абўалӣ Сино ба як шаҳре рафта дидааст, ки як табиб ба рўи кўрпача чорзону шишта, беморонро табобат мекунад. Абўалӣ ҳам рафта ба як кунҷак нишастааст. Табиб беморонро якта-якта дида, ба дардашон дору мегуфтааст. Абўалӣ кори табибро бодиққат тамошо мекардааст. Навбат ба як зан расидааст. Зан аз фаранҷӣ дасташро бароварда, ба табиб дароз кардааст. Табиб раги дасти вайро қапида гуфтааст.

         -Ҷурғот хўрда будед?

         -Ҳа, ҷурғот хўрда будам, – гуфтааст зан.

         Абўалӣ Сино ҳайрон шудааст, ки чӣ хел аз раги даст ҷурғот хўрдани занро фаҳмида тавонист.

         Табиб боз диққат карда истода гуфтааст:

         – Шаби гузашта мурғпалав хўрда будед-мӣ?

         -Ҳа, мурғпалав ҳам хўрда будам, – гуфтааст зан.

         Абўалӣ боз ҳайрон шудааст.

         Табиб боз ба раги дасти зан диққат карда гуфтааст:

         -Дарвозаи ҳавлиатон ба тарафи офтоббаро нигоҳ мекунад-а?

         -Ҳа, ба тарафи офтоббаро нигоҳ мекунад, – гуфтааст зан.

         Баъд табиб аз ҳамон зан пули бисьёре гирифта, дору додаасту бемори дигарро ба пеши худ ҷеғ задаст.

shoh Абўалӣ Сино худ ба худ фикр кардааст, ки ҷурғот ва мурғпалав хўрдани беморро, фарз кардем, аз раги дасташ фаҳмида тавониста бошад, ба тарафи офтоббаро нигоҳ кардани дарвозаи ҳавлии вайро аз раги даст чӣ хел фаҳмидан мумкин аст? Не, дар ин ҷо як ҳилае ҳаст, ки ман бояд онро бояд фаҳмам ва то нафаҳмам, аз ин ҷо намеравам.

         Табиб баъди дидани бемори дигар ба Абўалӣ  нигоҳ карда гуфтааст:

         – Шумо марҳамат кунед.

         – Дарди ман бисьёр вазнин аст, ин беморонро дида гуселонед, манро аз ҳама сонӣ мебинед, – гуфтааст Абўалӣ Сино.

         Табиб беморонро дида тамом кардаасту хона барои ҳар ду хилват мондааст.

         Абўалӣ Сино оҳиста-оҳиста ба табиб наздик шуда, дар паҳлўяш шиштааст. Дар пеши табиб як тўққуз китоб будааст. Абўалӣ як китобро гирифта, мобайнашро кушодаасту зуд пўшида, ба ҷояш мондааст ва гуфтааст:

         – Ин китоб «Қонун»-мӣ?

         – Ҳа, ин китоб «қонун» асту шумо Абўалӣ Сино ҳастед, ки гурехта ба шаҳри мо омадед, – гуфтааст табиб.

         Абўалӣ Сино боз ҳайрон шуда мондааст. Табиб ба вай ҳурмату эҳтиром ба ҷо оварда, меҳмондорӣ  кардааст. Баъд Абўалӣ Сино ҳодисаи ба зани бемор шудагиро аз табиб пурсидааст, ки вай дар ҷавоб гуфтааст:

         – Дидам, ки остини зан ба ҷурғот олудааст, донистам, ки то ба инҷо омаданаш ҷурғот хўрда будааст. Вақте ки зан «ҳа ҷурғот хўрда будам» гуфт, аз лафзаш донистам, ки зани яҳудии давлатманд аст. Мурғпалав хўрдани вайро аз он донистам, ки рўзи шанбе буд. Дар шаби шанбе яҳудиёни давлатманд мурғпалав мехўранд. Ба тарафи офтоббаро нигоҳ кардани дари ҳавлияшро аз он донистам, ки ҳавлии ҳамаи онҳо дар як кўчаи баланд қатор мебошаду дарвозаашон ба офтоббаро нигоҳ мекунад.

         Абўалӣ Сино боз пурсидааст:

         – Инҳоро фаҳмидам, аммо аз куҷо донистед, ки ман Абўалӣ Сино ҳастам?

         Табиб  дар ҷавоб  гуфтааст:

         – Ин китоби «қонун» чанд сол боз дар дасти ман аст. Аввалҳо ман намедонистам, ки ин китоб «қонун» аст. Сониян чанд сол мутолиа карда, на ман аз он чизе фаҳмидам, на шариконам. Баъд шумо, ки бо як назар кардан «қонун» будани онро гуфтед, ман фаҳмидам, ки ба ғайр аз нависандааш каси дигар ин тавр ба осонӣ кадом китоб будани онро гуфта наметавонад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …