Главная / Илм / АКАДЕМИЯИ ГУНДИШОПУР

АКАДЕМИЯИ ГУНДИШОПУР

akademiyaАКАДЕМИЯИ ГУНДИШОПУР, Донишгоҳи Гундишопур, мактаби тиббӣ, гаҳвораи тибби илмии форсу точик. А.-ҳои 3-7 дар Гундишопур фаъолият дошт. Бо дастури Шопури аввалписари асосгузори сулолаи Сосониён Ардашери Сосон бунёд ёфта буд. Пештоқи дарвозаи шаҳрро навиштачоти «Донишу хирад аз шамшер зӯртар аст» оро медод. Устодони А. Г. асарҳои табибони Юнону Ҳиндро ба забони паҳлавӣ (забони давлатии сосониён) тарчума мекарданд. Онҳо аз обрӯю эътибор ва имтиёзҳои зиёде бархурдор буданд. Нағз донистани анатомияи одам, дилсофона ичро кардани вазифа, хондани китобҳои зарурӣ, маълумоти кофӣ доштан оид ба гиёҳҳои шифобахш, истифода карда тавонистани асбобу олоти чарроҳӣ сари вақт кумак расондан ба бемор, беғаразӣ дар кори табобат, роҳ надодан ба молу сарватпарастӣ, ғамхорӣ ва хушмуомилагӣ нисбати беморон ва ғ. аз ҷумлаи талаботи асосӣ нисбат ба устодони донишгоҳ маҳсуб мешуданд. А. Г. дар як муддати кӯтоҳ ба авҷи рушду камолот расид. Бисёр олимон аз академияҳои машҳури Афина ва Искандария барои кор ба А. Г. омаданд. Дар он ҷо табибони юнонӣ, суриявӣ, ҳиндӣ ва форсӣ аҳлона фаъолият доштанд. Устодони донишгоҳ дар баробари андешидани тадбирҳои муолиҷавӣ ва пешгирии бемориҳо ба фаъолияти илмию омӯзгорӣ, тарҷимаи китобҳо, таҳияи маҷмӯаҳои қомусӣ ва ғ. машғул мешуданд. Дар А. Г. раванди таълим аз бахшҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буда, дар заминаи бемористони худи академия сурат мегирифт. Дар барномаи таълими донишгоҳ ғайр аз омӯзиши фанҳои тиббӣ ҳамчунин омӯзиши забону адабиёт, таърих, илми нуҷум, санъати сухан, фалсафа ва ғ. пешбинӣ шуда буд. Донишҷӯён ба забонҳои паҳлавӣ ва юнонӣ таҳсил мекарданд. Савияи донишу малакаи онҳо бевосита дар сари бистари бемор санҷида мешуд. Ба донишгоҳ фақат ҷавононе қабул мегаштанд, ки ҳафт ҷузъи муҳими илм (сарфу наҳв, ҳандаса, ҳисоб, нуҷум, диалектика, илми маонӣ ва баён, мусиқӣ)-ро омӯхта, дар ин бобат дониши кофӣ дошта бошанд. А. Г. китобхонаи бузурге дошт, ки дар 250 бино ҷой гирифта буд. Сардухтури бемористон ҳамзамон вазифаи ректори донишгоҳро низ иҷро менамуд. Ба қавли муаррихон аввалин сарвари донишгоҳ Бухтишӯъ будааст. Дар А. Г. ҷамъомадҳои илмӣ барпо мешуданд. Мас., с. 561 ҷаласаи якуми олимони тиб баргузор гашт, ки дар кори он аз ҳамаи донишгоҳҳои кишварҳои дигар табибон ширкат варзиданд. Ҷаласаро табиби дарбори Хусрави аввал Ҷибраил Дурустабд (намояндаи сулолаи Бухтишӯъ) сарварӣ мекард. Дар ҳайати А. Г. ғайр аз дониш- кадаи асосии тиббӣ, ҳамчунин шӯъбаҳои дигар ҳам вуҷуд доштанд, ки файласуфу риёзидон, адибу мунаҷҷим ва ғ. тайёр менамуданд. Саҳми устодони А. Г. хусусан дар таҳқиқу омӯзиши Авесто назаррас буд. Онҳо тибби Авесторо бо илми тибби юнонӣ, ҳиндӣ, тибетӣ наздик сохта, онро аз маҳдудияти динӣ раҳо карданд. Тар- зу усулҳои ҷадиди муолиҷа, ки табибони А. Г. пешниҳод намудаанд, дар он давр аз беҳтаринҳо маҳсуб мешуд. Устодони донишгоҳ доир ба муолиҷаи бемориҳо дастурҳои гуногун таълиф карда, ба забони паҳлавӣ рисолаҳо менавиштанд. Дар донишгоҳ таҳияву истифодаи доруҳои нав, хоса давоҳои наботӣ ривоҷ ёфт; мутахассисон дар кори табобат аз омехтаҳои тилло, нуқра, мис, оҳан ва пайвастҳои хлору сулфатдор истифода мекарданд. А. Г. зиёда аз 300 сол арзи ҳастӣ дошт. Он баъди истилои арабҳо рӯ ба таназзул овард. Китобхона, бозёфтҳои илмӣ ва бархе аз олимони донишгоҳ ба пойтахти хилофати аббосиён шаҳри Бағдод интиқол дода шуданд. Дар А. Г. бисёр олимони намоён кору фаъолият доштанд, ки номи баъзе аз онҳо то замони мо расидааст: Бухтишӯъи аввал (нахустин сарвари донишгоҳ), Бухтишӯъи сонӣ (ваф. 801), Барзуя, Абдулло ибни Муқаффаи Эронӣ, Муҳаммад ал-Ҳорис ибни Калида, Теодорус (таби- би насронӣ, ки дар дарбори Шопури аввал хидмат мекард), Собур ибни Саҳл, Саҳорбухт, Мосавайҳ, Абӯзакариё ибни Мосавайҳ ва ғ. Аз нигоҳи таърихӣ А. Г. нахустин донишгоҳи тиббии ҷаҳон маҳсуб мешавад.
Ад.: Исҳоқӣ Ю., Тоҷиев Я., Таърихи мух- тасари тибби тоҷик, Д., 1993; Одоби тиб ва пизишкӣ дар Ислом (аз арабӣ тарҷумаи Латиф Рошидӣ), Теҳрон, 1380 ҳ.ш.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …