Главная / Илм / ДИПИЛИДИОЗ

ДИПИЛИДИОЗ

dipilidiozДИПИЛИДИОЗ (Dipylidiosis), як навъ бемории гелминтозии ҳайвоноти хонагӣ. Бештар кӯдакон гирифтор мешаванд. Ангезандаи он киҷҷаи тасмашакл (Dipylidium caninum) буда, дарозиаш 15 – 40 см аст. Он дар давраи болиғӣ дар рӯдаи борики сагу гурбаҳо ва баъзан одам зиндагӣ мекунад. Дар мавриди беморӣ дил беҳузур шуда, оби даҳон меравад, шикам дард мекунад, исҳол ба вуҷуд меояд.
Баҳри пешгирии Д. ҳангоми истеъмоли ғизо бо сагу гурбаҳо тамос доштани кӯдаконро манъ кардан лозим аст.

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …