Главная / Илм / ИСМОИЛИ ҶУРҶОНӣ

ИСМОИЛИ ҶУРҶОНӣ

nophotoИСМОИЛИ ҶУРҶОНӣ (1045 – 1137), Абӯиброҳим Исмоил ибни Ҳасан ал-Ҳусайнӣ ал-Ҷурҷонӣ, олими намоёни соҳаи тиб. Аслан аз Исфаҳон буда, дар дарбори султонҳои Хоразм ҳамчун табиб ва мутахассиси илми тиб хидмат мекард. И. Ҷ. доир ба бахшҳои мухталифи тиб бисёр асарҳои муфид навиштааст. Асари машҳури ӯ «Захираи Хоразмшоҳӣ» як навъ қомуси тиббӣ буда, ба забони форсӣ-тоҷикӣ таълиф ёфтааст. И. Ҷ. ғайр аз китоби мазкур ба забони форсӣ-тоҷикӣ асарҳои дигар низ дорад, чунончи «Ағрози тиббия», «Ал-Мабоҳис-ал-Алоия» ва ғ. Ба забони арабӣ низ асарҳо эҷод менамуд. Худи муаллиф «Захираи Хоразмшоҳӣ»-ро ба забони арабӣ бо иловаи як боб тарҷума кардааст. Аз сарчашмаҳо бармеояд, ки И. Ҷ. ин асари машҳури худро маҳз барои беҳтар кардани аҳволи мардуми вилояти Хоразм (ва умуман Осиёи Марказӣ) таълиф карда, ба хотири манфиати умум онро ба забони ба халқ дастраси тоҷикӣ навиштааст. ӯ инчунин дар паи эҷоди асари бештар мукаммали тиббӣ буд, ки эҳтиёҷ ба рисолаю китобҳои дигари тиб набошад.
Ад.: Ҳикмати асрҳо, Д., 1975; Ю. Исҳоқӣ, Я. Тоҷиев, Таърихи мухтасари тибби тоҷик, Д., 1993.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …