Главная / Илм / БОТУЛИЗМ

БОТУЛИЗМ

botulizmБОТУЛИЗМ (Botulismus; аз botulus – ҳасиб, колбаса), заҳролудии шадиди сироятӣ аз хӯрок. Б.- ро аллантиазис ё ихтиизм низ меноманд. Б. бемории вазнин буда, бинобар аз таъсири ботулотоксин осеб ёфтани мағзи дарозрӯя ва ҳароммағз пайдо мешавад. Б. бештар бо бартарии синдроми фалаҷи чашм ва майнаи дарозрӯя ҷараён мегирад. Ангезаи Б. Clostridium botulinum буда, дар муҳити беоксиген (ниг. Анаэробҳо) зиндагӣ ва спораву заҳри қотил (вояи марговари он барои одам тақр. 0,3 мкг аст) ҳосил мекунад. Ҳамагӣ 7 навъи ангезаи Б. вуҷуд дорад: А, В, С (Сα ва Сβ), D, E, F, G. Онҳо аз ҷиҳати хосияти морфологӣ монанд мебошанд, вале сохтори антигении заҳрашон гуногун аст. Барои инсон хусусан ангезаҳои навъи А, В ва Е хавф доранд. Ҳангоми гарм кардан, ботулотоксин таҷзия ва дар натиҷаи ҷӯшондан, зуд маҳв мешавад; он дар муҳити ишқорӣ (pH зиёда аз 8) таҷзия мегардад. Ба ботулотоксин намаки ошӣ таъсир намерасонад; он зери таъсири формалин ба анатоксин табдил меёбад. Спораҳои ангезанда ҳангоми ҷӯшонидан то 5 соат ва дар ҳарорати 1050С то 2 соат маҳфуз хоҳанд монд (онҳо фақат дар ҳарорати 1200С баъди 20 дақиқа маҳв мешаванд).
Ангезандаҳои Б. ва заҳри онҳо ба организми одам дар мавриди истеъмоли ғизои сироятёфта ворид мешаванд. Дар меъда заҳр зери таъсири ферментҳо пуртаъсир мегардад. Таъсири якбораи чанд навъи ангезаҳо ба тақвияти заҳролудӣ мусоидат хоҳад кард.
Ботулотоксин тавассути луобпардаи меъда ва рӯда ба хун гузашта, боиси фалаҷи мушакҳои суфта, танг ва минбаъд фалаҷ гаштани рагҳои хун, мӯрд шудани мӯрагҳо (капиллярҳо) мешавад. Ба таъсири ботулотоксин хусусан нейронҳои муҳаррики ҳароммағз ва мағзи дарозрӯя ҳассос мебошанд. Ботулотоксин ихроҷи атсетилхолинро дар нӯги асабҳои холинергӣ қатъ карда, бо ҳамин ба инкишофи фалаҷи асабҳои канорӣ мусоидат менамояд.
Яке аз хусусиятҳои Б. гипоксия аст. Сабаби рух намудани иллати шадиди нафасгирӣ хароб гаштани фаъолияти мотонейронҳои калон, ки мушакҳои аъзои нафасро бо асаб таъмин менамоянд, ба шумор меравад. Гипоксия дар натиҷаи ба бронхҳо роҳ ёфтани маводи қай, оби даҳон ва хӯрок, ки бинобар фалаҷи мушакҳои гулӯ, халқум ва ғадуди болои ҳанҷара сар мезанад, метавонад ҷараёни вазнин касб кунад.
Давраи ниҳонии Б. аз 2 – 12 соат то 7 шаборӯз аст. Маризӣ ба таври шадид оғоз меёбад. Сари дил дард карда, дилбеҳузурӣ, қай, исҳол пайдо мешавад; қай ва исҳол, ки натиҷаи токсинемия мебошанд, чандон зиёд давом намекунанд. Ҳарорати бадан мӯътадил аст; бемор хаста ва мушакҳо заиф хоҳанд шуд. Баъди 3 – 4 соати оғози беморӣ аломатҳои осеби асабҳои мағзи сар ба назар мерасанд.
Бисёр вақт аломати аввалини Б. хушк шудани даҳон ва тира гаштани чашм аст. Пеши чашми маризро «парда» ё «туман» мегирад. ӯ бинобар фалаҷи татобуқ ва дубинӣ китоб хонда наметавонад. Аксуламал ба рӯшноӣ суст ё умуман нест мешавад, ғӯзаи чашм беҳаракат ва пилки боло овезон гашта, аҳвалӣ рух менамояд. Овоз мегирад, суханронӣ нофаҳмо ва тавассути бинӣ хоҳад шуд. Бинобар фалаҷи мушакҳои ҳалқум ва коми нарм бемор хӯрокро фурӯ бурда наметавонад, ғизои обакӣ аз биниаш меояд.
Б. боиси ихтилоли кори силсилаи дилу рагҳо мешавад. Нишонаҳои ихтилоли фаъолияти узвҳои ҳозима хушкидани даҳон, ташнагии тоқатфарсо, дамиши шикам, қабзият ва фалаҷи рӯда мебошанд. Мариз бо душворӣ нафас мегирад, гумон мекунад, ки ба сандуқи синааш фишор меоранд, барои осон шудани нафасгирӣ мавқеи мувофиқ меҷӯяд. Яке аз сабабҳои асосии фавти беморон ҳангоми Б. маҳз қатъи нафасгирӣ аст. Инкишофи пневмония нафасгириро боз ҳам вазнинтар мегардонад. Давраи офият ёфтани бемор дуру дароз, тақрибан 1 – 1,5 моҳ давом мекунад. Сардард, бо бинӣ ҳарф задан, осебҳои чашм ва қалб муддати зиёд боқӣ мемонанд; астения то ним сол тӯл мекашад.
Оқибати Б. ҷиддӣ аст. Дар сурати саривақт ва дуруст табобат накардан, фавти маризон ба 25 фоиз мерасад.
Б.-ро дар асоси нишонаҳои сарирӣ, маълумоти эпидемиологӣ ва натиҷаҳои санҷиши лабораторӣ ташхис менамоянд. Ташхиси лабораторӣ ба ошкор сохтани ботулотоксин ва ангезандаи Б. дар маводи аз мариз ва хӯрокворӣ гирифта (хун, маводи қай, оби барои шустани меъда истифодашуда, ахлот) асос ёфтааст. Хунро аз варид (8 – 10 мл) то ба организм фиристодани зардоби шифобахш мегиранд.
Б.-ро аз дигар заҳрсироятҳои ғизоӣ, заҳролудӣ аз занбӯруғҳо, атропин, бемории гулӯзиндонак, полиомиелит ва амрози гуогуни силсилаи асабҳои марказӣ бояд фарқ кард. Маризон ҳатман дар беморхона хобонда мешаванд. Меъдаи беморро шуста ба ӯ ҳуқна (бо маҳлули 5 фоизаи гидрокарбонати натрий; 10 литр) таъйин мекунанд. Дар рӯзҳои 1 – 3 беморӣ бо мақсади безарар сохтани ботулотоксин зардоби зидди Б. истифода карда мешавад.
Агар навъи заҳр номаълум бошад, пас фиристодани ҳар се навъи зардоб (А, В, Е) зарур аст. Дар аснои вазнин будани маризӣ, вояи аввали зардобро ба варид ва дар мавридҳои дигар ба мушак мефиристанд. Нахуст 10 ҳаз. МЕ зардоби А ва Е ва 5 ҳаз. МЕ зардоби В равон карда мешавад. Вояҳои минбаъдаро вобаста ба дараҷаи вазнинии Б. ва инкишофи аломатҳои он муқаррар менамоянд. Ҳамчунин истифодаи кристаллоидҳо ва коллоидҳо, доруҳои пешоброн, доруҳои дил, витаминҳо низ равост.
Дар айни табобати Б. вазифаи асосӣ барқарор сохтани нафаскашӣ ва рафъ бинмудани гипоксия аст. Бо ин мақсад оксигеннатсияи гипербарӣ (ГБО) кор фармуда мешавад. Агар мушакҳои нафаскашӣ фалаҷ ва зарфияти ҳаётии шуш то 30 фоиз кам шуда бошанд, ҳамчунин дар сурати варами шуш, ателектазаҳо, тахипноэ (тезнафасӣ; дар 1 дақ. зиёда аз 40 маротиба) ба нафасдиҳии сунъӣ даст мезананд. Пневмония бо антибиотикҳо дармон карда мешавад.
Назорати санитарӣ ҳангоми тайёр кардани консервҳо дар истеҳсолот аз муҳимтарин тадбирҳои пешгирии Б. мебошад. Зери таъсири ҳарорати баланд (1200) спораҳои микроб маҳв мегарданд. Азбаски чунин усули безараргардониро дар шароити хона ба амал овардан мумкин нест, консерв кардани гӯшту моҳӣ дар чунин шароит хеле хатарнок аст. Занбӯруғ ва меваю сабзавотро дар шароити хона бо миқдори кофии намаку сирко ва коркарди ҳатмии ҳароратӣ консерв кардан лозим (ниг. Консервонӣ). Консервҳои аз сабзавоту занбӯруғ таҳияшударо ҳамон лаҳза пеш аз истеъмол бо банкаашон дар об гузошта 10 – 15 дақ. ҷӯшонед. Сабзавотҳои майда пора кардаро дар шароити хона консерв кардан тавсия намешавад.
Ҳолатҳои ба Б. бештар гирифтор шудани одамон дар Тоҷикистон аз солҳои 70-уми а. 20 ибтидо мегирад. Дар беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ соле даҳҳо оила бо ташхиси бемории Б. бистарӣ гардонда мешаванд, ки сабаби он истеъмоли консервҳои сабзавотӣ, хусусан боимҷон, бодиринг, занбӯруғ, сир, қаламфур ва карам аст. Барои пешгирии Б. ба қоидаҳои тайёр кардани консерв дар хона (хусусан коркарди ҳароратӣ) ва нигаҳдории онҳо қатъӣ риоя кардан лозим аст. Консервҳои сарпӯшашон дамида ва зангзадаро истеъмол кардан ҷоиз нест. Ниг. низ Нигаҳдории хӯрокворӣ.
Ад.: Қамардинов Х.К., Бемориҳои сироятӣ, Д., 2000; Ҳамон муаллиф, Инфекционные и паразитарные болезни, Д., 2009

Э.Р. Раҳмонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …