Главная / Илм / ИСМОИЛОВ Комилҷон Исроилович

ИСМОИЛОВ Комилҷон Исроилович

ismoilov-komilchonИСМОИЛОВ Комилҷон Исроилович (тав. 01. 12. 1952, ш. Душанбе), духтури кӯдакон, доктори илми тиб (1994), проф. (2001), Аълочии тандурустии ҶТ. Хатмкардаи факултаи педиатрии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1975). Духтури кӯдакон, мудири шӯъбаи бемориҳои кӯдакон ва сардухтури Беморхонаи деҳотии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ; 1975 – 80), ординатори клиникӣ (1980 – 82) ва аспиранти (1982 – 85) Ин-ти тадқиқоти илмии педиатрии АИТ ИҶШС (ш. Москва). Ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдакони № 2 ва ҳамзамон ҷонишини декан оиди кор бо донишҷӯёни хориҷии ДДТТ (1985 – 91). Докторанти Ин-ти тадқиқоти илмии педиатрии АИТ ФР (ш. Москва; 1991 – 94), мудири шӯъбаи гематологияи Беморхонаи клиникии кӯдаконаи 38-и раёсати 3-юми Вазорати тандурустии Федератсияи Россия (ш. Москва; 1995 – 96), духтури мушовири госпитали қӯшунҳои сарҳади Федератсияи Россия (1997 – 98). Дотсент (1998 – 99), проф. (1999 – 2004) ва аз авг. с. 2004 мудири кафедраи бемориҳои кӯдакони № 2-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Оид ба ҷанбаҳои муҳими иллатҳои бронху шуш дар кӯдакон тадқиқот анҷом додааст. Дар мавзӯи «Ҳолати системаи дилу роҳи нафас дар кӯдакони гирифтори лейкоз ва лимфагранулематоз дар давраи илтиём (ремиссия)» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Имкониятҳои мувофиқшавии системаи дилу роҳи нафас дар кӯдакони гирифтори бемориҳои онкогематологӣ дар давраи илтиём» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.
Ос.: Состояние центральной гемодинамики у детей больных лимфогранулематозом. Маҷ. «Педиатрия», № 5, Д., 1985; Особенности электрокардиограммы у детей больных острым лейкозом и лимфогранулематозом. Маҷ. «Вопросы охраны материнства и детства», № 8, Д., 1986; Функция внешнего дыхания и сердечно-сосудистой системы у больных острым лейкозом и лимфогранулематозом. Маҷ. «Педиатрия», № 2, Д., 1987; Состояние адаптационно-компенсаторных механизмов организма детей, больных острым лейкозом. Маҷ. «Вопросы охраны материнства и детства», № 3, Д., 1988; Особенности газового гомеостаза и кислотно-основного состояния крови при пневмонии у детей раннего возраста. Маҷ. «Вестник Авиценны», № 2, Д., 2008; Состояние специфического и неспецифического звеньев иммунитета у больных с наследственными гемолитическими анемиями. Маҷ. «Вестник Авиценны», № 2, Д., 2008.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …