Главная / Илм / ИРҒАЙ

ИРҒАЙ

irgayИРҒАЙ (Cotonaster), ҷинси бутта ё дарахтест маъмул. Дар шароити Тоҷикистон аз 20 см то 3 м қад мекашад. Барги кӯтоҳдумчаи байзашакл, гули майдаи сафед ё гулобӣ, меваи сурхи арғувонӣ ё сиёҳ, баъзан норинҷӣ ё зард дорад. Дар Тоҷикистон 15 намуди худрӯи И. (C. zeravschanicus, C. hissaricus, C. suavis, C. insignis, C. subacutus, C. nummularioides ва ғ.) маълум буда, асосан дар нишебиҳои регзор, шахсор, буттаву арчазорҳо, фаркзор ва мавзеъҳои баландкӯҳ (аз 650 то 4100 м аз с. б.) мерӯяд. Апр. – июл гул, сент. – окт. мева мекунад. Баъзе намудҳои И. (C. melanocarpus, C. multiflorus) меваи хӯрданбоб (то 50% витамини С) доранд.
Пӯстлох, муғҷа, барг ва гули И. бактерияҳоро маҳв месозад. Табибони Ёқутистон бо шилми он экзема ва хоришакро табобат менамоянд. Дар тибби Тибет меваи И. давои уфунат (сепсис), исҳоли хунин ва диг. бемориҳои сироятӣ маҳсуб мешуд. Шохчаҳои наврас ва барги сиёҳирғайро майда карда, як чумчаи онро ба як истакон оби ҷӯшида меандозанд ва 2 соат нигоҳ медоранд. Сипас даворо полонда, рӯзе 3 – 4 маротиба кам-кам (25 г) истеъмол мекунанд (давои дарунбанд, пешоброн ва талхарон аст).

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …