Главная / Илм / ИСМОИЛОВА Лоланисо Иброҳимовна

ИСМОИЛОВА Лоланисо Иброҳимовна

nophotoИСМОИЛОВА Лоланисо Иброҳимовна (тав. 04. 10. 1929, ш. Душанбе), биолог, доктори илми биология (1986), проф. (1987). Хатмкардаи факултаи биологияи ДДТ (ҳоло ДМТ; 1953). Ассистент (1953 – 70), дотсенти кафедраи гистология (1970 – 74) ва мудири кафедраи биология ва генетикаи умумии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Тадқиқоти асосии И. ба масъалаҳои тағйироти сохт ва вазифаи ғуддаҳои лимфавӣ дар мавриди бемориҳои сӯхтагӣ оиданд. Ба тадқиқи таҷдиди баъдиҷарроҳии сутунмӯҳра низ машғул шуда, тағйироти захомати талофӣ ва таҷдидии рагҳои хунгарди дохили гурдаро омӯхтааст. Як силсила пажӯҳишҳои И. ба масоили таҷдиди баъдиосебӣ дар ҷонварони мӯҳрадор ва тағйироти хунрагҳои дохили гурда ҳини гипертрофияи талофӣ ва таҷдидӣ бахшида шудаанд. И. исбот намуд, ки васеъ гаштани маҷрои хунгузар дар калон шудани андозаю ҳаҷми гурдаҳо нақши асосӣ намебозад. И. доир ба таҷдиди сипурз низ пажӯҳиш анҷом додааст, ки натиҷаи он дар илм бо номи «Феномени Браун-Исмоилова» маълум мебошад. Дар мавзӯи «Тағйироти рагҳои хунгарди гурда ҳангоми захомати талофӣ ва таҷдидӣ» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Тағйироти сохт ва фаъолияти уқдаҳои лимфавӣ ҳангоми бемории сӯхтагӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 180 асару мақолаҳо, аз ҷумла 16 навоварӣ, 24 дастурамали методӣ, 2 китоби дарсӣ.
Ос.: Муҳофизати муҳити атроф аз ифлосшавӣ ва саломатии инсон, Д., 1984; Краткий русско-таджикский-дари словарь по биологии, Д., 1973.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …