Главная / Ҷамъият / Мутахассис

Мутахассис

Моддаи 33-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мутахассис 

  1. Ба сифати мутахассис барои иштирок дар пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, шахсе, ки ба натиҷаи парванда манфиатдор набуда, барои мусоидат дар ошкору асоснок кардан ва дарёфти далелҳо, инчунин истифодаи воситаҳои техникӣ, дорои донишу таҷрибаи махсус мебошад, метавонад ҷалб карда шавад.
  2. Мутахассис ҳуқуқ дорад:

– бо маводҳои парванда дар қисме,  ки ба ӯ зарур аст шинос шавад;

– бо иҷозати судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки дар пешбурди ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарор дорад, ба шахсе, ки нисбати ӯ пешбурди ин парванда сурат мегирад, инчунин ба ҷабрдида ва шоҳидон саволҳо диҳад;

– вобаста ба амалҳои анҷомдиҳандаи худ дархостҳо баён намояд, ки онҳо бояд ба протокол ворид карда шаванд.

  1. Мутахассис ӯҳдадор аст:

– бо даъвати судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки дар пешбурди ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  қарор дорад, ҳозир шавад;

– дар иҷрои амалҳое, ки дониши махсусро тақозо мекунанд, бо мақсади ошкору асоснок кардан ва дарёфти далелҳо иштирок кунад,  амалҳои аз ҷониби ӯ содиршавандаро шарҳу эзоҳ диҳад;

– бо имзои худ воқеияти иҷрои амалҳои зикргардида ва мазмуну натиҷаҳои онҳоро тасдиқ намояд.

  1. Мутахассис огоҳ карда мешавад, ки дар сурати дидаю дониста додани хулосаи бардурӯғ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
  2. Барои рад намудан ё саркашӣ кардан аз иҷрои ӯҳдадориҳои пешбининамудаи қисми 3 ҳамин модда мутахассис тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …