Главная / Илм / ИСЛОМОВ Икром

ИСЛОМОВ Икром

nophotoИСЛОМОВ Икром (1921 ш. Хуҷанд – 1984, ҳамон ҷо), патофизиолог, доктори илми тиб (1974). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 – 45). Дар муҳорибаҳо барои озод кардани ш. Киев (сент. 1941) ба асорат афтода, дар конслагери Дарнитск маҳбус гашт. Баъдтар аз лагер фирор карда, дар отряди Бишевск партизан шуд. Аз нояб. 1943 боз ба Артиши Сурх пайваст. Дар ҷабҳаҳои Украина ҷангидааст. Ҳини наҷот додани маҷрӯҳон худ ду маротиба захмдор шуд. Ҷангро дар сарзамини Чехословакия ба охир расондааст. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1951). Ассистенти кафедраи физиологияи эътилолии ДДТТ (1951 – 57), дотсенти кафедраи анатомия ва физиологияи ҳайвоноти Донишкадаи давлатии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1957 – 60), дотсенти кафедраи физиологияи эътилолии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1960 – 83). Аз с. 1983 нафақагир буд. Муаллифи зиёда аз 40 асару мақолаҳои илмист, ки ба масъалаҳои истифодаи изотопҳои радиоактив дар тиб ва омӯзиши мубодилаи байнирагӣ ҳангоми ихтилоли раванди микросиркулятсия бахшида шудаанд. Яке аз аввалинҳо шуда дар тибби Тоҷикистон нишонаатомҳоро кор фармуд. Бо 2 орден ва 7 медал сарфароз гаштааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …