Главная / Илм / БУРДЕНКО Николай Нилович

БУРДЕНКО Николай Нилович

burdenkoБУРДЕНКО Николай Нилович (3. 6. 1876, деҳаи Каменка, ҳоло вил. Пенза – 11. 11. 1946, Москва), ҷарроҳи шӯравӣ, яке аз асосгузорони нейрохирургия, акад. АФ ИҶШС (1939), акад. ва аввалин президенти АИТ ИҶШС (1944 – 46), генерал-полковники хизмати тиббӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1943). С. 1906 Донишгоҳи Юрев (ҳоло Тарту)-ро хатм намуд. Аз с. 1910 проф. ҳамин донишгоҳ аз с. 1918 проф. Донишгоҳи Воронеж, аз с. 1923 проф. фак-ти тиббии Донишгоҳи Москва (аз с. 1930 – Ин-ти тиббии 1-уми Москва) буд. Аз с. 1929 Б. директори клиникаи нейрохирургия (ҳоло Ин-ти нейрохирургияи ба номи Н. Н. Бурденко) ва аз с. 1937 ҷарроҳ-сармушовири Армияи Шӯравӣ буд. Б. асосан оид ба ҷарроҳия ва онкологияи системаи марказӣ ва вегетативии асаб, инчунин иллати гардиши хун дар мағзи сар, гардиши моеи ҳароммағз ва ғ. тадқиқот бурдааст. Аъзои фахрии Ҷамъияти байналхалқии ҷарроҳон ва Ҷамъияти подшоҳии Лондон. Депутати Шӯрои Олии ИҶШС (даъвати 1 ва 2), лауреати Мукофоти давлатии ИҶШС (1941). Б. бо 3 ордени Ленин ва диг. ордену медалҳо мукофотонида шудааст.
Ос.: Собр. соч., т. 1 – 2, М., 1950 – 52.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …