Главная / Илм / ИСҚОТ

ИСҚОТ

iskotИСҚОТ (Abortio), аборт, дар давоми 29 ҳафтаи аввали ҳомилагӣ аз бачадон афтидани ҷанини ғайри қобили ҳаёт. И. табиӣ ва сунъӣ мешавад.
И.-и табиӣ дар натиҷаи ягон беморӣ ба вуҷуд меояд. И.-и сунъӣ бо хоҳиши зан (агар бо ягон сабаб кӯдакдор шудан нахоҳад) ё бо тавсияи духтур, ҳангоме, ки ҳамл ва таваллуд ба саломатӣ ва ҳаёти ӯ хатарнок бошад (мас., шакли фаъоли сили шуш, нуқси вазнини дил, токсикозҳои вазнин ва ғ.), инчунин барои пешгирии аз насл ба насл гузаштани бемориҳои вазнини ирсӣ гузаронида мешавад.
Исқоти сунъиро дар муассисаҳои табобатӣ амалӣ мегардонанд. Агар И. худсарона ва берун аз беморхона карда шавад, ҷиноят ҳисоб меёбад, чунки онро шахсони аз тиб дур ва аз талаботи имрӯзаи он бехабар мегузаронанд. Аз амалиёти ин гуна «табибон» газак гирифтани бачадон ё сӯрох шудани девораҳои он, иллати маҳбал, шошадон, рӯда аҷаб нест. Тибқи моддаи 123 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне (аз он чумла духтуроне), ки берун аз беморхона И. мекунанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
И.-и сунъӣ ба организм зарар дорад, зеро он созгории физиологиро, ки бо инкишофи ҳомилагӣ алоқаманд аст, якбора қатъ намуда, дар баъзе ҳолатҳо кори асаб, системаи эндокринӣ, мубодилаи моддаҳоро вайрон мекунад. И. хусусан барои занҳое, ки бори якум ҳамл гирифтанду давраи ҳайз вайрон аст, инчунин гирифтори инфантилизми ҷинсӣ (суст инкишоф ёфтани узвҳои таносул) мебошанд, зарар дорад. Мумкин аст онҳо дигар ҳомила нашаванд. Хунравӣ, осеби бачадон, газаки бачадон ва зоидҳои (узвҳои иловагии ) он оризаҳои И. мебошанд. Газаки бачадон (ниг. Метроэндометрит) ва зоидҳои он (ниг. Аднексит) бештар номаълум гузаранд ҳам, тағийроти зиёди ҷиддӣ ба вуҷуд меоранд. Мас., газаки лӯлаҳои бачадон қисман роҳи тухмгузарро баста, сабаби ҳомилагии берун аз бачадон ё бенаслӣ мегардад. Баъзан баъди 1 – 2 сол фаъолияти системаи асаб ва ғадудҳои эндокренӣ халал меёбад. Зан зуд-зуд асабонӣ ва камқувват гашта, ҳайз то дараҷаи аменорея мерасад. Ихтилоли мубодилаи моддаҳо бошад, боиси фарбеҳӣ мегардад.
И.-и сунъӣ масъалаи муҳими иҷтимоӣ аст, чунки нафақат манфиати зан, балки манфиати давлатро ҳам дар назар дорад. Ин масъала дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон ба тарзи мухталиф ҳал карда мешавад. Дар мамлакати мо барои муҳофизати саломатӣ ва хушбахтии модарону кӯдакон шароити хуб фароҳам оварда шудааст (ниг. Муҳофизати модарон ва кӯдакон). Қонунҳои оид ба муҳофизати меҳнати занон дар истеҳсолот, зиёдшавии шумораи муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва бачагона (таваллудхонаҳо, машваратгоҳҳои занона, яслию боғчаҳо ва ғ.), афзудани ёрии давлат ба модарони танҳо дар бораи он шаҳодат медиҳанд. Дар мамлакати мо барои ба исқоти ҷиноятӣ роҳ надодан, И.-ро дар шароити беморхона мегузаронанд. Дар баробари ин оид ба зарари И.-и сунъӣ корҳои ташвиқотӣ гузаронида, маводи зидди ҳамл тавсия карда мешаванд (ниг. Пешгирии ҳомилагӣ).
Пеш аз ба И. розӣ шудан, бояд ҳар як зан зарари онро донад. Агар И. зарур бошад, бояд ӯ аввал аз муоинаи духтурони мушоварагоҳи занона гузарад; муассисаи муолиҷавӣ дар аснои аз 12 ҳафта зиёд набудани мӯҳлати ҳомилагӣ ва вуҷуд надоштани илтиҳоби аъзои ҷинсӣ ба ӯ хати рухсат медиҳад. Пеш аз И. газаки узвҳои таносулро бояд муолиҷа кард. Агар ҳомилагӣ аз 12 ҳафта гузашта бошад, ба И. танҳо духтур иҷозат мефармояд (дар сурате, ки ҳомилагӣ ва таваллуд ба ҳаёти зан хавф надошта бошад).
Баъд аз И. зан бояд тавсияи духтур ва қоидаҳои беҳдоштро қатъӣ иҷро кунад. Дар 2 ҳафтаи аввал шустани фарш, ҷомашӯӣ, бардоштани бори вазнин манъ аст. Зан бояд ба ҳолати умумии организми худ назорат кунад (қазои ҳоҷат, ҳар рӯз чен кардани ҳарорати бадан, хусусан дар ду ҳафтаи аввал, эҳтиёт аз сармо ва ғ.). Ҳангоми бад шудани аҳвол, хунравӣ, ҳисси дард дар зери ноф ва ғ. ба духтури занона муроҷиат кардан зарур аст. Зан бояд ҳар рӯз 2 маротиба (пагоҳӣ ва бегоҳӣ) бо оби ҷӯшидаи ширгарм ва собун (ё бо маҳлули сусти перманганати калий) мустаҳаб кунад, либоси тагашро иваз намояд (чунки рӯзҳои аввал гардани бачадон андаке кушода буда, ба бачадон микробҳои бемориовар дохил мешаванд ва боиси газаки он мегарданд). Бо маҳлули доруӣ шустани маҳбал мумкин нест, чунки он боиси хунравӣ хоҳад шуд. Ду ҳафтаи аввал танҳо дар душ оббозӣ кардан мумкин аст (дар дарё ва баҳр оббозӣ кардан мумкин нест). Дар муддати 1 моҳ бо варзиш машғул шудан низ манъ мебошад; танҳо варзиши сабуки пагоҳирӯзӣ равост. Ҳангоми таъхири ҳайз ё бармаҳал сар шудани он, ҳатман ба духтур муроҷиат бояд кард. Алоқаи ҷинсӣ фақат баъд аз ҳайз (пешакӣ аз духтур оид ба усулҳои пешгирӣ намудани ҳомилагӣ маслиҳат пурсидан муфид мебошад) мумкин аст.
Исқоти табиӣ сабаби бисёр дорад. Он дар натиҷаи бемориҳои илтиҳобӣ, омос ва ғ., инкишофи ноқиси узвҳои ҷинсии зан, бемориҳои сироятӣ (грипп, буртселлёз, токсоплазмоз ва ғ.), номувофиқатии хуни модару ҷанин, токсикозҳои вазнин, баъд аз И.-и сунъӣ ва ғ. ба вуҷуд меояд.
Ҳангоми И.-и табиӣ тухмаки ҷанин аз девораи бачадон кӯчида, рагҳои хуни он иллат меёбад. Аввал аз таъсири кашиши мушакҳои бачадон дар поёни шикам ва камаргоҳ дарди суст пайдо мешвад. Баъд дар натиҷаи кӯчидани тухмаки ҷанин андаке хун меравад. Дар ин маврид агар саривақт ба муолиҷа шурӯъ кунанд, ҳомилагиро нигоҳ доштан мумкин аст. Барои ин пеш аз ҳама бистарӣ шуда, духтурро даъват кардан лозим. Истеъмоли дору ё ба шикам гузоштани ях мумкин нест, чунки кашиши бошиддати бачадон сар мезанад. Агар муолиҷа накунанд, дард меафзояд, аз бачадон хуни бисёр меравад ва оқибат ҷанин меафтад. Ҳангоми И.-и табиӣ аксаран тухмак пурра наафтода, қисман дар бачадон боқӣ мемонад, дар натиҷаи кашиш нахӯрдани бачадон хунравӣ давом мекунад. Аз ин сабаб барои дур кардани бақияи ҷанин дар беморхона бистарӣ шудан зарур аст.
Баъзан дар ҳафтаҳои аввали ҳомилагӣ И.-и табиӣ ором сурат гирифта, хун кам меравад, зан ба духтур муроҷиат намекунад. Аммо тӯл кашидани он барои саломатӣ хатарнок аст, чунки ба бачадон микробҳои бемориовар дохил шуда, боиси газак ва инкишофи уфунат мегарданд. Бинобар ин ҳангоми ҳисси дард ва хунравӣ фавран ба духтур муроҷиат бояд кард. Ин имкон медиҳад, ки И. ва оризаҳои он пешгирӣ карда шаванд.
И.-и табиӣ метавонад такрор ёбад (И.-и одатӣ). Дар ин маврид муолиҷаи мунтазам ва бардавом зарур аст. Маҳз барои ошкор намудани сабаби И.-и одатӣ муоинаи пешакӣ гузаронида мешавад. Дар давоми муоина ва табобат бояд аз ҳомилагӣ худдорӣ кард.
Агар зан бордор шавад, дар муддати 3 моҳи аввал бояд аз алоқаи ҷинсӣ худдорӣ кунад; худро аз шахсони гирифтори бемориҳои сироятӣ дур гирад, ба изтиробу хастагӣ роҳ надиҳад, бештар дар ҳавои тоза бошад, хӯроки серғизо хӯрад.
Дар пешгирии И.-и табиӣ саривақт (ҳангоми пайдоиши аломатҳои аввалини ҳомилагӣ) муроҷиат кардан ба мушоварагоҳи занона аҳамияти калон дорад. Ин имкон медиҳад, ки бемории асосӣ ошкор ва табобат карда шавад. Ба қадри имкон роҳ надодан ба И.-и сунъӣ низ хеле муҳим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …