Главная / Илм / ИРИДОСИКЛИТ

ИРИДОСИКЛИТ

iridosiklitИРИДОСИКЛИТ (Iridocyclitis), газаки қисми пеши луобпардаи чашм – инабия ва ҷисми мижгонӣ. Ба инкишофи И. бемориҳои сироятӣ мусоидат мекунанд. И. бештар ҳангоми грипп, табхол, тарбод, сил мушоҳида мешавад. Дар баъзе мавридҳо пайдоиши он ба манбаъҳои сирояти музмин (амрози дандон, ҷавфҳои иловагии бинӣ ва бодомакҳо) вобаста аст. Баъзе бемориҳо мас., ниқрис, осеби чашм низ сабаби И. мегарданд.
И. аз иллати инабия (ирит) ё ҷисми мижгонӣ (сиклит) ҳам оғоз меёбад. Агар аввал ирит инкишоф ёбад, чашм сурх мешавад; ҳамин ки газак ҷисми мижгониро фаро гирифт, дарди сахт ба вуҷуд меояд. Агар беморӣ аз сиклит оғоз ёбад, дарҳол дард пайдо мешавад. Ҳангоми И., ғайр аз дард, рӯшноитарсӣ ва заъфи босира низ ба мушоҳида мерасад.
Ҷараёни И. вобаста ба зуҳуроти клиникӣ шадид, шадидмонанд ва музмин мешавад. Дар мавриди саривақт табобат кардани И. дар чашм асаре боқӣ намемонад. Инсидоди мардумак, глаукомаи дуюмин, сахт хира шудани зуҷоҷия ва атрофияи ғӯзаи чашм оқибати вазнини И. аст. Газаки асаби босира оризаи гарони И. мебошад. Баъзе шаклҳои И. мумкин аст такрор ёбанд.
И.-ро аз конъюнктивит ё глаукомаи шадид фарқ кардан лозим аст.
Ҳангоми пайдоиши нишонаҳои И. фавран ба духтур муроҷиат бояд кард. Худтабобат (тарбандӣ бо чой, истифодаи доруҳои чашм, мас., албусид) мумкин аст боиси дуру дароз идома ёфтани беморӣ гардад. Саривақт ташхис ва муайян кардани сабаби И. барои табобат ва пешгирии оризаҳои беморӣ ёрӣ мерасонад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …